Пешвои миллат ва ҷавонон
Самараи неки Истиқлолият ва баракоти сулҳу суботи сиёсии кишвар аст, ки дар мамлакати азизи мо ба масоили марбут ба ҳаёт ва фаъолияти ҷавонон таваҷҷуҳи хос зоҳир мегардад. Воқеан истиқлолият ҳамчун дастоварди олӣ ва нодири мардуми шарафманди кишвар ҷиҳати тавсеаи имконот ва шароити мусоиду арзанда барои насли ояндасоз - ҷавонон заминаи мусоид фароҳам овард. Омили ифтихор аст, ки имрӯзҳо ҷиҳати дастгирӣ ва ғамхорӣ ба ҷавонони кишвар тадбирҳои судманд амалӣ мешавад. Таъсиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз зумраи чунин иқдоми шоистаи Ҳукумати мамлакат маҳсуб меёбад.
Дар шароити имрӯза чораҳои ҳифзи Истиқлолияти давлатиро бе мубориза бар зидди гурӯҳҳои ифротгаро тасаввур намудан номумкин аст. Ва мо ҷавононро зарур аст, ки дар ин самт зиракии сиёсиро аз даст надода, бо истифода аз ҳуқуқу ӯҳдадориҳои худ тибқи қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ рафтор намоянд. Ба ин албатта, доштани иродаи қавӣ, дониши мустаҳкам ва меҳру муҳаббати зиёд нисбат ба Ватан кӯмак мекунад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар мулоқоту вохӯриҳо ва суханрониҳои махсуси хеш борҳо таъкид месозанд, ки имрӯз аз файзу баракати истиқлолияту соҳибихтиёрӣ ва Ваҳдати миллӣ мардуми мо дар шоҳроҳи рушди устувор бо эътимоди комил ба имрӯзу фардои Ватани азизамон қадам мезанад. Сатҳи зиндагӣ, маърифату ҷаҳонбинӣ ва худшиносиву щурури миллии мо пайваста такомул ёфта, назария ва амалияи давлатдории Тоҷикистони озоду демократӣ дар ҷаҳони муосир эътироф шуда, мақому манзалати шоистаи худро пайдо намудааст, ки боиси ифтихори ҳамаи мо мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва соҳибтамаддун таҳти сарварии дурбинонаи Пешвои миллат дар арсаи байналмиллалӣ мавқеи сиёсии хешро мустаҳкам намуда, бо давлатҳои хориҷи кишвар муносибатҳои хуби сиёсиву иқтисодиро ба роҳ мондааст. Дар ҳамин радиф, барқарор гардидани муносибатҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлати бародару ҳамсоя - Ӯзбекистон далели ин гуфтаҳо буда, муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар самти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ иду кишвар худ ба назар мерасад. Ин албатта, ташаббус ва иқдоми ваҳдатгароёнаи Сарвари давлат буд, ки ду миллати ҳамдилу ҳамфарҳангу ҳамсарҳад ба ҳам омада, имрӯз мардум бея гон мушкилӣ рафту омад доранд. Боз шудани марзҳои давлати Тоҷикистону Ӯзбекистон дар арафаи ҷашни Наврузи ҷаҳонӣ барои ин ду миллати ташнаи дидор тӯҳфаи арзанда гардид. Воқеан, ин ҳодисаи сурурбахш аз сиёсати дӯстпарваронаи Пешвои миллат дарак медиҳад. Ин иқдом дар оянда барои ҳарду давлат имкон хоҳад дод., ки ҳам иқтисодиёт ҳам иҷтимоиёту фарҳангу маданият рушд ёбанд.
Тавассути Истиқлолият ва Ваҳдат мо ба муҳимтарин дастоварҳо дар бахшҳои гуногуни хоҷагии халқ ноил гардида, орзуву омоли чандинсолаи гузаштагонамонро амалӣ гардонидем. Як мушоҳида, дар сар то сари ҷумҳурӣ гувоҳӣ он аст, ки баъди соҳибистиқлолӣ ва имзои Созишномаи истиқрори сулҳ рушду тараққиёти кишвар то кадом андоза ба даст омад. Сар аз ташкили корхонаҳои хурду бузурги саноати то бунёди макотибу кӯдакистон, беморхонаву қасрҳои фарҳанг ва даҳҳои дигар ибтикороти созандаи давлату Ҳукумат далолати гуфтаҳои боло мебошад. Мо ҷавонон бояд ба ин неъматҳои бебаҳо шукргузорӣ намуда дар атрофи сиёсати Пешвои миллат сарчамъ ва дар тадбиқи сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат саҳми арзанда гузорем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бамаврид таъкид намудаанд, ки маҳз истиқлолият роҳи ҷавононро ба сӯи бунёдкориву созандагӣ боз кард ва замина гузошт, ки намояндагони ин қишри ояндабунёд дар рушду инкишофи мамлакат саҳми назаррас ва шоиста дошта бошанд. Имрӯз аз мо, ҷавонон ҳамчун “нерӯи пешбари ҷомеа”, қишри ояндабунёд”, “қувваи фардосоз”, “такягоҳи боэътимод”, “нерӯи фардоафрӯз”, “ояндаи миллату давлат” ном мегиранд. Ин эътимод, боварӣ ва умеди Пешвои муаззами миллат барои мо, насли ҷавон на танҳо ифтихор аст, балки масъулият ҳам ҳаст, ки моро ҷиҳати сазовор будан ба ин ҳама дастгирӣ ва ғамхориҳо сӯйи ташаббускориву созандагӣ ҳидоят месозад.
Мо - ҷавонон хуб дарк менамоем, ки оянда тақдири халқу давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол ба дӯши мо гузошта мешавад. Ин рисолати хайр, яъне ҳифзу обод кардан ва ба наслҳои оянда бегазанд ба мерос гузоштани сарзамини аҷдодӣ ва Ватани азизи хеш масъулияти бузург дорад ва ҳар яки моро вазифадор менамояд, ки ҳамеша ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, пойдориву устувории давлати соҳибихтиёри худ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ кӯшишу талош намоем. Маҳз бахти неку толеи баланди ҷавонони мамлакат аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон бо татбиқи пайгиронаи сиёсати давлатии ҷавонон ягон масъалаи марбут ба ҳаёти ҷавононро аз мадди назар дур намегузорад ва дар ин раванд тамоми чораҳоро амалӣ менамояд, то ки ҷавонону наврасони мамлакат ҳамқадами замон ба камол расанд. Шарафу номуси ватандорӣ ва ормонҳои халқамонро ҳамеша шиори зиндагиву фаъолияти худ қарор дода, дар татбиқи ҳадафҳои стратегии кишварамон боз ҳам бештар заҳмат мекашем ва барои рушди устувори Ватани азизамон минбаъд низ хидмати арзанда анҷом медиҳем.
Пешвои муаззами миллат аз иштироки фаъолонаи ҷавонони бонангу номус ва боирода ҳамчун нерӯи созанда дар маъракаҳои муҳими давлативу ҷамъиятӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, дар яке аз баромадҳояшон таъкид дошта буданд, ки «Ҷавонони имрӯзаи мо, яъне насли замони истиқлол аз наслҳои пешина бо савияи илму дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқ фарқи куллӣ доранд, ки ин ҳама боиси ифтихори мо мебошад».
Қабули санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, таҳия ва амалӣ гардидани Стратегия, Консепсия ва барномаҳои дурамали Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсиси Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар риштаи илм, стипендияҳои номии президентӣ ва “Дурахшандагон” барои донишҷӯён, аспирантон ва олимони ҷавон, Квотаҳои Президентӣ барои донишҷӯдухтарону донишҷӯписарон аз шаҳру ноҳияҳои дурдаст, баргузории конфронсҳои илмии олимон ва муҳаққиқони ҷавони ҷумҳурӣ, нашри маҳсули илмии олимони ҷавон ва амсоли инҳо аз он дарак медиҳанд, ки роҳбарияти давлату ҳукумат ба ин қишри ҷомеа таваҷҷуҳи махсус доранд.
Дар ин росто, дар кишвар “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шудааст, киба фаъолияти олимони ҷавон таъсири назаррас хоҳад гузошт. Аксарияти ҷавонони кишвар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ мебошанд. Дар мактабҳои олӣ дар шуъбаҳои магистратура ва аспирантура ҳама олимони ҷавон ба ҳисоб мераванд. Хулоса, ҳама гуна қарорҳое, ки дар доираи 20-солаи рушди илм қабул карда мешавад, ҷавононро фаро мегирад. Ин олимони ҷавонро водор менамояд, ки бо масъулияти бештар ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ пардохта, дар рушди илми тоҷик саҳми муносиби худро гузоранд.
Мо ҷавонон, доимо мактаби бузург ва созандаи Пешвои миллатро сармашқи кори худ намуда, бо набзи ҳаёт ва асри нав ҳамқадам ва талаботи замонро пайваста эҳсос намуда, манфиати миллат ва амнияти давлати соҳибистиқлоли худро дар раванди пурталотуми бархӯрдҳои ҷаҳонӣ бо зиракии сиёсии хеш ҳимоя менамоем. Мо аз он ифтихор мекунем, ки дар татбиқи чор ҳадафи стратегии Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат ба қувва ва нерӯи созандаи ҷавонон такя ва эътимоди бузург доранд. Дар ҳақиқат хизматҳои шоёни Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон дар таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, тайёр намудани мутахассисони сатҳи ҷаҳонӣ, тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, пос доштани муқаддасоту арзишҳои миллӣ, дӯст доштани Ватан ва миллати худ бебаҳост.
Хушбахтии мо - ҷавонон аст, ки дар фазои сулҳу суботи комил, тараннуми якдиливу якпорчагии ватани маҳбуб, таҳкими давлатдории навини миллӣ ва марҳилаи рушди устувору босуботи ҷомеа умр ба сар бурда, баҳри амалӣ намудани сиёсати дурандешона ва муваффақонаи Пешвои миллат, ки рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ ва кафили саодату осудагии ҳар як сокини кишвар мебошад, камари ҳиммат баста, ҳамеша дар сафи пеши соҳибватанон қадамҳои устувор мегузорем. Раванди давлатдориву давлатсозӣ ва дарки масъулият дар назди наслҳои гузашта, имрӯза ва оянда аз ҳар яки мову шумо тақозо менамояд, ки рисолати бар душ гирифтаи худро дуруст анҷом диҳем.
Таърих гувоҳ аст, ки дар ягон давру замон масъалаи давлатдорӣ кори саҳл набудааст ва он дар шароити имрузаи бархурди манфиатҳои кишварҳои абарқудрат, мушкилоти рӯзафзуни ҷомеаи башарӣ, тақсими нави ҷаҳон байни қудратҳо, оғози марҳилаи нави ҷанги сард, мусаллаҳшавии бошитоб, зуҳури бесобиқаи гуруҳҳои террористиву экстремистӣ ва амалҳои таҳрибкоронаи онҳо, бадтар аз ҳама муносибати духура ё дугона дар мубориза ба ин омилҳои номатлуб, вазъро печидатар ва роҳи кишварҳоро дар рӯбарӯи мушкилоте қарор гирифта истодааст, ки ҳатто абарқудраттарин кишварҳо дар рӯбарӯи онҳо бечораанд. Пандемияи бавуҷудомада бозгӯи ҳақиқати ҳол аст. Аммо, дар чунин як шароити мураккаб Тоҷикистони азизи мо таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат ҳамоно бомаром ва бидуни аз даст додани иродаи созанда ба пеш ҳаракат дорад, ба пеш ба сӯи созандагӣ, бунёдкорӣ, таҳкими арзишҳои миллӣ, амсоли истиқлолияту озодӣ, сулҳу ваҳдати саросарӣ, иттиҳоду ягонагӣ, атрофи ҳадафу ормонҳои ҳазорсолаи миллӣ, хосса атрофи роҳбари сиёсӣ. Оре, ин ҳама арзишҳои умумимиллии моро ташкил дода, миллати моро ба сӯи саодати бештар раҳнамун месозанд.
Мо ҷавонони саодатманди тоҷик, зодагони даврони соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон аз муҳаббату самимияти беандозаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста баҳравар буда, пайрави ҳамешагии ин шахсияти беназир дар роҳи созандагиву бунёдкории ватани биҳиштосоямон Тоҷикистони муосир то абад боқӣ мемонад. Бо ифтихори баланд иброз менамоем, ки фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи ҳассоси таърихӣ миллатро аз марг ва давлатро аз парокандагӣ раҳо намуда, кохи муҳташами сулҳу тоҷиконро эъмор, низоми давлатдории муосири халқро асос гузошта, тоҷиконро ҳамчун миллати дорои Ватан, забон, фарҳанг ва таърихи қадима ба ҷаҳониён муаррифӣ ва дар навбати худ давлати Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона дар радифи халқу миллатҳои соҳибдавлат ҷойгузин намуданд, ки ин ҳама қудрату тавоноӣ аз ҷавонмардиву ҷасорат ва ваҳдатофарии Пешвои муаззами миллати тоҷик шаҳодат медиҳад.
Мо насли наврас ҷавон сиёсати хирадмандониву дурандешона ва бунёдкоронаи Пешвои миллатро пайравӣ намуда, дар таҳкими истиқлолият, пойдории сулҳу ваҳдат, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва пешрафту тараққиёти давлат арҷ гузошта, бо донишу маърифат, ҷаҳонбинии васеъ ва заковати баланди худшиносию ватанпарастӣ барои ба кишварҳои мутамаддин баробар гардидани Тоҷикистони азиз саҳми арзанда мегузорад. Мо ҷавонони доимо ҳидоятҳои наҷиб ва созандаи Пешвои миллатро сармашқи кори худ намуда, бо назби ҳаёт ва асри нав ҳамқадам ва талаботизамонро пайваста эҳсос менамоем ва манфиати миллату амнияти давлати соҳибистиқлоли худро дар раванди пурталотуми бархӯрдҳои ҷаҳонӣ бо зиракии сиёсии хеш ҳимоя менамоем.
Насли истиқлолу сулҳу ваҳдатем,
Пайравлони пешвои миллатем.
Дар ҳақиқат хизматҳои шоёни Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаи маориф, тайёр намудани мутахассисони сатҳи ҷаҳонӣ, тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, пос доштани муқаддасотиу арзишҳои миллӣ, дӯст доштани Ватан ва миллати хуб бебаҳост.
Мо аз он ифтихормандем, ки ҷавонон дар меҳвари сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат қарор дошта, таъсиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардонидани соли 2017 “Соли ҷавонон” нишонаи олии ин гуфтаҳост. Пешвои миллат бо як самимият ва муҳаббати беандоза ба мардуми шарафманди тоҷик иброз намуданд: “Миллати бузурги ман! То зиндаам, ман бо номи ту сидқан ифтихор мекунем, туро самимона дӯст медорам ва тамоми ҳастии худро дар роҳи хизмат ба ту бедареғ мебахшам!”
Дидаҳо диданд, сарҳо тафаккуру фаҳм карданд, ки дар самои даврон шахсияти Эмомалӣ Раҳмон барои миллат раҳнамои воқеист, зеро Роҳбари давлат ҷонфидои ин халқу Ватананд. Мо ҷавонон низ дар роҳи хизмат ба халқу Ватан мисли Пешвои миллат ҳастии худро фидо мекунем. Халқи бузургу қаҳрамони ман! Мо ҳама даст ба дасти ҳамдигар дода, дар фазои сулҳу оромӣ Ватани азизамон – Тоҷикистонро ба биҳишти рӯи замин табдил медиҳем!
Бо сарфарозӣ ва ифтихормандӣ изҳор менамоем, ки дар идомаи пуштибониҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат дар роҳи саодати халқу Ватани азиз бо тамоми ҳастӣ, бо дасту дили пок, умеду ҳадафҳои созанда саҳм мегузорем.
Мо, ҷавонон аҳди ҷавонмардӣ медиҳем, ки ба қадри суботи комили кишвар мерасем ва чун пайравони асили Пешвои муаззами миллатамон ба халқ ва Тоҷикистони азиз содиқона, софдилона ва поквиҷдонона хизмат менамоем!
Шукронзода Шаҳбол – донишҷӯи курси 2-юми факултети забонҳои хориҷии ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров