​Татбиқи амалии сиёсати давлатии ҷавонон дар меҳвари фаъолият

Дар доираи таҷлили Рўзи ҷавонони Тоҷикистон бо ибтикори Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров як силсила чорабиниҳои илмиву адабӣ, фарҳангиву варзишӣ баргузор мегарданд.

Хайёмиддин Исмоилов, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ доир ба дастоварду муваффақияти ин нерўи созанда ва нақши онҳо дар пешрафти ҳаёти имрўза дар мисоли донишҷўёни донишгоҳ бо мухбирони маҳфили “Тулўи эҷод”-и назди нашрияи “Нури маърифат” сўҳбате дошт, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон мегирдонем.

– Ҳамасола дар Тоҷикистон дар доираи таҷлил аз Рўзи ҷавонон як моҳи ҷавонӣ эълон мешавад ва дар ин партав бо фарогирии насли ояндасози миллат – ҷавонон як зумра чорабиниҳо баргузор мегарданд. Одатан дар ин моҳ аз дастоварду комёбиҳои ҷавонон бештар мегўянд, ба ибораи дигар марҳилаи ҳисоботие маҳсуб мешавад, барои натиҷагирии фаъолият, дастоварду комёбиҳои ҷавонон. Дар мисоли Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мегуфтед, соли ҷорӣ барои донишҷўён чи дастовардҳо дошт?

– Албатта, дастовардҳои зиёд дошт. Пеш аз ҳама бояд таъкид кунам, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҷавононро нерўи тавонои созанда ва пешбарандаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакат меҳисобад ва ҳалли мушкилоту масъалаҳои вобаста ба зиндагӣ ва таҳсилу фаъолияти онҳоро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии худ эътироф менамояд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифтихормандӣ аз насли ҷавони замони истиқлол ба савияи илму дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқи онҳо баҳои сазовор дода, таваҷҷуҳу ғамхории беандоза зоҳир менамоянд.

Давоми соли 2020 сазовор гардидани 14 нафар донишҷў ба стипендияи президентӣ, 3 нафар стипендияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 26 нафар стипендияи Раиси вилоят, 6 нафар стипендияи Раиси шаҳри Хуҷанд, инчунин, ғолибияти 6 нафар ҷавонон дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст”, 7 мақоми ифтихорӣ дар Олимпиадаи донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва даҳҳо дастовардҳои дигари ҷавонони донишгоҳ шаҳодатгари гуфтаҳои боло мебошанд.

Ин ғамхориву таваҷҷўҳҳо бори дигар моро водор месозад, ки пайваста илмҳои замонаро аз худ намуда, ҷиҳати пешгирии зуҳуроти манфӣ, тарбияи ахлоқии ҷавонон, ҳифзи марзу буми кишвар ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳмгузор бошем.

– Яке аз самтҳои асосии фаъолияти шуъба ин баргузор намудани чорабиниҳои сатҳи гуногун аст. Дар ин чорабиниҳо бештар сари кадом мавзўъ бо донишҷўён сўҳбат кардед?

– Соли таҳсили 2020-2021 бо мақсади татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон, ки дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, як қатор чорабиниҳо дар миқёси донишгоҳ ташкил ва баргузор карда шуданд.

Вобаста ба дастуроти Пешвои миллат ҳангоми ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ бо иштироки ҷавонони фаъоли донишгоҳ – аъзои маҳфилҳои умумидонишгоҳии “Пайравони Пешвои миллат”, тарғиботчиёни ҷавон “Андеша”, “Адибони ҷавон” ва дигар ташкилотҳои ибтидоӣ дар сатҳи факултетҳо 1000 чорабинӣ бо тарзу усулҳои гуногун аз ҷумла, 100 конфронс, 250 мизҳои мудаввар, 500 суҳбат ва ғайра гузаронида шуданд.

Инчунин, дар давраи ҳисоботӣ 120 масъалаҳои вобаста ба ҷавонон дар ҷаласаҳои шўрои донишҷўён, шўрои духтарон, созмонҳои ҷавонони факултетҳо бо иштироки муовини ректор оид ба тарбия Аюбҷон Усмонов, мудири шуъбаҳои тарбия, кор бо ҷавонон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

– Доир ба тарғиби тарзи ҳаёти солим. Соли ҷорӣ новобаста аз оне ки бинобар паҳншавии бемории вогири коронавирус аксар чорабиниҳои варзишӣ мавқуф гузошта шуданд, аз ҳисоботу гузоришҳо мебинем, ки дастовардҳои варзишии донишҷўёни донишгоҳ чашмрасанд. Дар хусуси ин дастовардҳо ба таври мушаххас маълумот медодед.

– Новобаста аз шароити бавуқўъомада донишҷў-варзишгарони мо тавонистанд дар чорабиниҳои сатҳи гуногуни варзишӣ иштирок ва комёбиҳоро соҳиб шаванд. Пеш аз ҳама бояд зикр кунам, ки дар донишгоҳ баҳри рушди соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ таваҷҷуҳи ҳамаҷониба зоҳир карда шудааст. Бо мақсади тарғибу ташвиқи намудҳои мухталифи варзиш ва тарзи ҳаёти солим байни донишҷўён, таҳкими дўстӣ ва ватанпарастӣ мунтазам мусобиқаҳои варзишӣ гузаронида мешаванд. Маҳз туфайли ташкили чунин чорабиниҳо дастаҳои варзишгарони донишгоҳ дар якчанд мусобиқаҳои варзишии шаҳриву вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намуда, мақомҳои ифтихориро соҳиб гардиданд.

Чунончи, 13-уми ноябри соли 2020 дар варзишгоҳи “Спартак” барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи варзишии футбол баргузор гардида, дар даври ниҳоӣ футболбозони дастаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дастаи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи давлатии техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба номи Муҳаммад Осимиро бар ҳисоби 5 бар 1 шикаст дода, ба гирифтани Ҷоми Раиси шаҳр сазовор шуданд.

Моҳи ноябри соли 2020 бошад, дастаҳои волейболбозони донишгоҳ дар давраи вилоятии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ фаъолона иштирок намуданд. Дар натиҷа, байни писарон ва ҳам байни духтарон дастаҳои донишгоҳ мақоми аввалро соҳиб гардида, ба даври ниҳоии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.

Аз 18-ум то 21-уми феврали соли ҷорӣ, мусобиқаҳои вилоятӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд оид ба намудҳои тирпаронӣ, тенниси рўи мизӣ ва футболи хурд байни кормандони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят бахшида ба 28-умин солгарди Рўзи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор гардид.

Дар мусобиқоти футболи хурд дастаи футболбозони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар даври ниҳоӣ бо дастаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон қувваозмонӣ намуда, бо ҳисоби 2 бар 1 дастболо ва соҳиби Ҷоми Раиси вилоят гардиданд.

– Огоҳем, ки аз 19-ум то 24-уми апрели соли равон, Ҳафтаи иштироки донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят дар идоракунии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баргузор гардид ва чанде аз донишҷўёни донишгоҳ дар мақомҳои роҳбарӣ донишу малакаи худро санҷиданд. Дар ин хусус маълумот медодед.

– Бале, дар асоси Қарори Раиси вилояти Суғд аз 29-уми январи соли 2021, таҳти №47 «Ҳафтаи иштироки донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят дар идоракунии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд» ҷараён гирифт. Дар он 14 донишҷўи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, ки тибқи озмун барои иштирок роҳхат гирифта буданд, ҷалб гаштанд.

Маврид ба зикр аст, ки донишҷўён дар доираи ҳафтаи иштирок дар идоракунии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд вазифаҳои гуногуни роҳбарикунанда ва пурмасъулро иҷро намуда, бо фаъолияти амалӣ дар низоми давлатдорию идоракунӣ аз наздик шинос шуданд. Ва бо нишон додани дониш, маҳорат ва малакаи хеш собит намуданд, ки корҳои пурмасъулро ўҳдабароёна иҷро мекунанд.

– Дар боло аз маҳфилҳо ёдовар шудед. Яке аз маҳфилҳои фаъол, ки аз фаъолияташ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ огоҳем, маҳфили “Пайравони Пешвои миллат” мебошад. Ҳадаф ва рисолати ин маҳфил чист?

– Аз 18-уми феврали соли 2019 инҷониб дар заминаи Ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллат” тибқи фармоиши ректори донишгоҳ маҳфили “Пайравони Пешвои миллат” таъсис дода шуда, дар байни ҷавонон фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Ҳадафҳои маҳфил омўзиш ва тарғиби асарҳо, хизматҳои бузурги тақдирсоз ва содиқона дар назди халқу Ватан, сиёсати маорифпарварона ва рўзгори ибратбахши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баланд бардоштани ҳисси ватандўстиву хештаншиносӣ, худогоҳии миллӣ, рушди фаъолияти волонтёрӣ буда, дар доираи маҳфил як қатор чорабиниҳои сиёсӣ, маърифатӣ, илмӣ-оммавӣ гузаронида мешаванд.

Ҳамчунин, дар доираи маҳфил вохўриҳо бо усули “Ҳамсол ба ҳамсол” ва аксияҳои тарғиботӣ доир карда, дар факултетҳои донишгоҳ, кўчаву хиёбонҳо ва дигар мавзеҳҳои ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд корҳои фаҳмонидадиҳӣ ба роҳ монда шуданд.

Чунончӣ ёдоварӣ кардед, дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаи маҳфил амал фаъолона амал мекунад.

– Терроризм ва экстремизм яке аз хатарҳои муосири ҷаҳони имрўзаанд. Шумо ҳамчунин маҳфиле доред бо номи “Андеша”, ки дар муборизаҳои иттилоотӣ алайҳи гурўҳҳои ифротиву ғайриқонунӣ фаъол аст. Ҳоло фаъолияти маҳфили мазкур дар кадом сатҳ қарор дорад?

– Мусаллам аст, ки имрўз ташкилотҳои террористиву экстремистӣ ва гурўҳҳову ҷонибҳои манфиатхоҳ барои амалӣ намудани аҳдофи хеш дар радифи силоҳу лавозимоти ҷангӣ аз иттилоот ва расонаҳои иттилоотӣ, бахасус, шабакаи иҷимоӣ ба таври густурда истифода мекунанд. Зеро, имрўз бо рушди фаъоли Интернет шабакаҳои ичтимоӣ таъсири худро дар тафаккури ҷомеа хеле амиқ мегузоранд. Аз ин нуқтаи назар, таъмини амнияти иттилоотӣ дар замони муосир ба унсури асосии таъмини амнияти миллӣ табдил ёфтааст. Дар муборизаҳои иттилоотӣ фаъолияти назарраси Маҳфили тарғиботчиёни ҷавон “Андеша”-ро метавон ёдоварӣ кард. Имрўз ба маҳфил беш аз 200 нафар омўзгорони ҷавон ва донишҷўёни болаёқати факултетҳои донишгоҳ ҷалб гардида, ҳар ҳафта як маротиба аз маърўза ва баромадҳои пурмуҳтавои шахсони мўътабар, сиёсатшиносону профессорон, роҳбарият ва масъулони мақомоти давлатию ҳифзи ҳуқуқ ва муассисаҳои таълимии вилоят баҳраманд мегарданд.

Аъзои маҳфил дар таҳияи изҳороту раддия ва вокунишҳои саривақтӣ оиди фаъолияти ташкилотҳои ғайриқонунӣ саҳми бориз доранд. Ҳоло дар шабакаи интернетии Фейсбук саҳифаи махсус бо номи “Маҳфили доимоамалкунандаи тарғиботчиёни ҷавон “АНДЕША” амал мекунад, ки дар он ҳамагуна чорабиниҳои маҳфил, мақолаву изҳорот ва видеонаворҳои тарғибкунандаи ватанпарастӣ нашр мешаванд.

Ҳамчунин, маҳфилҳои “Адибони ҷавон”, “Хушдилон ва ҳозирҷавобон” фаъол ҳастанд, ки ҳадафи асосияшон тарбияи ҷавонон дар роҳи ватандўстиву худшиносии миллист.

Дигар аз ташаббуси раёсати донишгоҳ ҷиҳати пешгирии ҳамагуна зуҳуроти номатлуб ин ташкили барномаи сиёсӣ-таҳлилии “Амният ва ҷомеа” мебошад. Барномаи мазкур бо мушовирии ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷўразода ва бо ровигӣ ва муаллифии мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Хайёмиддин Исмоилов шурўъ аз моҳи июни соли 2019 ҳафтае як маротиба дар шабакаи талевизиони вилояти Суғд сабт ва ду маротиба пахш карда мешавад. Аз моҳи июни соли 2019 то инҷониб наздик 100 барнома ташкил карда шудааст, ки дар онҳо коршиносон аз ҳисоби олимону сиёсатшиносон ва ходимони дину ҷавонони фаъоли вилоят мавзўъҳои муҳимро мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор доданд.

–Ташаккур барои сўҳбат!

Мусоҳиб: Тахмина Юсуфова, ҳамоҳангсози маҳфили “Тулўи эҷод”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ