Роҳу рӯзгори бонуи масъулиятшинос ва матинирода

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода таҳсилдидаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мебошад ва фаъолияту рӯзгораш намунаи ибрат аст. Ин бонуи кордон, ташаббускор, масъулиятшинос ва соҳибтаҷриба фаъолияти серсоҳа дошта, чун роҳбари соҳибобрӯ ва баэътибор шинохта ва эътироф гардидааст.

19-уми сентябри соли 1972 дар дар хонаводаи аҳли заҳмат ба дунё омадааст. Дар Институти давлатии педагогии шаҳри Ленинобод ба номи С. М. Киров аъло таҳсил карда, соҳиби дипмоми аъло дар филологияи тоҷик гардидааст. Фаъолияти меҳнатии номбурда дар ҳамин муассисаи таълимӣ оғоз ёфта, аз зинаи муаллими одӣ ва сармуаллими дар кафедраи забони тоҷикии факултаи филологияи тоҷик то ҷонишини декани ҳамин факултет, ходими калони илмӣ, сармутахассис, ҷонишини мудири шуъбаи илм ва дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ расидааст. Аз мактаби илмии профессор Абдуҷамол Ҳасанзода гузашта, рисолаи номзадиашро дар забоншиносӣ сарбаландона дифоъ кардааст.

Номзади илмҳои филологӣ ва муаллифи беш аз 30 асари илмӣ мебошад. Аз соли 2008 марҳалаи дигари фаъолияти номбурда дар арсаи сиёсат оғоз меёбад. Аввал раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва баъдан бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси шаҳрҳои Истиқлол (Табошар) ва Гулистон (Қайроққум) интихоб гарди. Фаъолияти ӯ дар вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд низ қобили зикри хоса аст. Алҳол муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. Матлубахон Сатторӣ Узви Маҷлиси милли Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати 4), вакили маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд (даъвати 5), вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров даъвати 4, вакил ва раиси маҷлиси вакилони халқи шаҳри Истиқлол (даъвати 4), вакил ва раиси маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон (даъвати 5) интихоб гардидааст.

Заҳматҳои шоистаи номбурда дар раванди таълим, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва рушди ҷомеа ба нишони «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2007), медалҳои “20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (2011), “Хизмати шоиста” (2017), Медали нуқрагии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ (2013) ва Ифтихорномаи МПА СНГ барои таҳкими дӯстӣ байни халқҳои ИДМ (2014), медалҳои 15-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2013), 20-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2013), 20-солагии ҲХДТ (2015), 20-солагии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2016), 80-солагии Иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2017), 25-солагии баровардани Қӯшунҳои ИҶШС аз Афғонистон (2017) қадрдонӣ шудаанд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ