​Рафтиву офтоб дигар офтоб нест...

(Ёде аз адабиётшинос Мавлудахон Файзуллоева)

Зиндагонии шахсиятҳои соҳибхирад ва соҳибилм барои насли ҷавон мояи ибрат ва ифтихор маҳсуб ёфта, дар тарбияи хештаншиносиву касбинтихобкунии ҷавонон саҳми назаррас бозида, дар пайвастани шогирдон ба ҳаёти мустақилона хизмат мерасонад. Яке аз чунин нафароне, ки дар ҷодаи таълиму тарбия ва илм нақши муассир гузоштаанд, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи адабиёти муосири тоҷик Мавлудахон Файзуллоева мебошанд. Устод солиёни дароз ҳамчун шахси хирадпешаву меҳрубон, ватандӯсту худогоҳ барои дар роҳи нек ва дуруст тарбияву ба камол расонидани насли ҷавон кӯшиш ба харҷ додаанд.

Нақши устод беш аз ҳама дар тадқиқи жанри достони афсона дар адабиёти атфоли тоҷикназаррас мебошад.Китоби “Достони афсона дар адабиёти кӯдакон”-имуаллимаи равоншод, фидоии илм Мавлудахон Файзуллоева, ки таҳти назари профессор Неъматҷон Файзуллоев нашр гардидааст, падидаи муҳим баҳри ҳаводорони илму адаб мебошад. Устоди мӯҳтарам Мавлудахон Файзуллоева аз ҷумлаи ашхоси саодатманду фидокоре буданд, ки бештар аз чиҳил сол бо корҳои мондагори адабпажӯҳӣ пайванди ногусастание доштанд. Монографияи мазкур намунае аз рисолати хубу шоистаи муҳаққиқи беназир дар ин ҷода мебошад.

Бояд зикр намуд, ки ҳар сол дар айёме, ки замин гулпӯшу сабзоғӯш мегардад мо омӯзгорон, шогирдон ва ихлосмандони устоди меҳрубон Мавлудахон Файзуллоева зодрӯзи эшонро ҳамчун рӯзи гиромидошт ва поси хотирашон таҷлил намуда, ба шогирдон аз хусусиятҳои наҷиби устоди мӯътабар нақл намуда, хотираи устодро бо некӣ ба ёд меоварем. Сӯҳбату ҳамнишинӣ бо устоди азиз барои мо шогирдону ҳампешагон ҷилои рӯҳу қалб ва табъи саршор аз шодӣ буд. Дирӯз муаллимаи меҳрубон дар хонаи чашми ҳар яки мо ҷо доштанд, имрӯз дар қалбҳои мо макон доранд:

Намирад, гар бимирад некноме,

Ки дар ёдаш бувад қоиммақоме.

Чу дар маҷлис чароғе ҳаст, агар шамъ

Намирад, ҳамчунон равшан бувад ҷамъ.

Хотираи неки Мавлудахон Файзуллоева дар дилу дар дидаи шогирдон ва пайвандону ихлосмандон абадӣ боқӣ хоҳад монд.

Баҳриев Файзуллоҷон, номзади илмҳои филологӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ