Беҳдошти сифати таҷрибаомӯзӣ – омили болоравии самаранокии таълим

Мусоҳиба

Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба раванди таҷрибаомӯзии донишҷӯён, ки минбаъд ҷиҳати омода гардидани омӯзгорони соҳибтахассус замина мегузорад, таваҷҷӯҳи рӯзафзун зоҳир мекунад. Оид ба ин мавзӯъ бо мудири шуъбаи таҷрибаомӯзии донишгоҳ, дотсент Назирҷон Пӯлодов суҳбате доштем, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон мегардонем.

Суол: Ҷиҳати беҳдошти раванди таҷрибаомӯзӣ аз тарафи раёсати донишгоҳ ва шуъбаи таҷрибаомӯзии он чӣ корҳо ба сомон расида истодаанд?

Посух: Дар миқёси вилояти Суғд МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ягона муассиаи таҳсилоти олии касбист, ки асосан ба тайёр намудани кадрҳои омӯзгорӣ машғул буда, рисолати таълиму тарбияи фарзандони ояандасозро дорад. Аз ин рӯ, соли таҳсили 2020-2021 сарфи назар аз мушкилиҳои бавуҷудомада раёсати донишгоҳ масъалаи таҷрибаомӯзии донишҷӯёнро ҳамчун як самти асосӣ ва афзалиятноки таълим ба ҳисоб гирифта, барои беҳдошти раванди таҷрибаомӯзӣ саъйи бориз намуда истодааст. Бояд зикр намуд, ки шӯъбаи таҷрибаомӯзии МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” баҳри баланд бардоштани донишу малакаи толибилмон кӯшиши пайваста ба харҷ медиҳад. Лозим ба ёдоварист, ки тамоми омӯзгорони миқёси вилоят ва берун аз он, ки ин махзани илму маърифатро хатм намуда, ба муассисаҳои таълимӣ раҳсипор гардидаанд, аввалин таҷрибаи хешро дар назди ҳамин шӯъба ва дар асоси нақшаи чорабиниҳои шӯъбаи таҷрибаомӯзӣ ба танзим дароварда, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ онро идома медиҳанд.

Мусаллам аст, ки таҷрибаомӯзӣ яке аз рукнҳои муҳими омода кардани кадрҳои омӯзгорӣ маҳсуб ёфта, оид ба аҳамияти он натанҳо олимону методистони номдор, балки ходимони давлатӣ ва мутафаккирон ҳам андешаҳои ҷолиб иброз кардааанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намудаанд, ки “Ояндаи мамлакат аз фаъолияти омӯзгор ва рушди илму маориф вобастагии зиёд дорад”.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини пешрафти соҳаҳои илму маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ аз тамоми имкониятҳо истифода бурда, ба рушди соҳаи маориф, хоса, илмҳоитехникиву табиатштносӣ аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир карда, барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим чораҳои заруриро роҳандозӣ намуда истодааст.

Суол: То ҷое маълумот дорем, алҳол як гурӯҳ донишҷӯён дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ марҳилаи таҷрибаомӯзиро мегузаранд. Дар ин бора муфассалтар маълумот медодед.

Посух: Ба маврид аст, ки инҷо аз раванди таҷрибаомӯзии педагогӣ дар моҳи март-майи соли таҳсили 2020-2021” маълумот диҳам. Тибқи нақшаи таълимӣ донишҷӯёни курсҳои 3-4-уми шуъбаҳои рӯзона, ғоибона ва таҳсилоти фосилавии факултетҳои геоэкология (аз 01.03.21 то 10.04.21), филологияи тоҷик (аз 19.04.21 то 15.05.21), математика (аз 05.04.21 то 01.05.21), санъати тасвирӣ ва технология (аз 05.04.21 то 01.05.21 ), тарбияи ҷисмонӣ (аз 05.04.21 то 01.05.21, таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус (12.04.21 то 08.05.21), таърих ва ҳуқуқ (12.04.21 то 08.05.21), физика (05.04.21 то 01.05.21), филологияи рус (аз 01.04.21 то 29.04.21)-и донишгоҳ тӯли чор ҳафта дар 32 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, гимназияҳо ва муассисаҳои ғайридавлатии таълимии шаҳри Хуҷанду ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таҷриба меомӯзанд. Шумораи умумии донишљўёне, ки ба таљрибаомўзии педагогӣ сафарбар карда шудаанд, 942 нафарро ташкил дода, аз онҳо 218 нафар дар шуъбаи рўзона ва 724 нафар дар шуъбаи ғоибона ва таҳсилоти фосилавӣ таҳсил мекунанд.

Суол: Албатта, раванди сифатноки таҷрибаомӯзии донишҷӯён ба ҳамбастагиву ҳамкории донишгоҳ бо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ иртиботи зич дорад. Назар ва баҳои омӯзгорон ба маҳорату дониши таҷрибаомӯзон чи гуна аст?

Посух: Маъмурияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ давраи таҷрибаомӯзии педагогии муҳассилинро ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи фаъолияти мактаб пазируфта, барои самаранок ва пурмаҳсул гузаштани он ҳамаҷониба мусоидат менамоянд. Ҷиҳати баланд бардоштани маҳорат ва тахассусмандии ҷавонон маъмурият ва ҷомеаи омӯзгорони муассисаҳо низ нақши муҳим доранд ва албатта нисбат ба кадрҳои оянда муносибати некбинона доранд, аз сатҳу сифати дониши донишҷӯён низ қаноъатманданд.

Дар баробари ин, зикр кардан мехоҳам, ки ҳоло 247 нафар муҳассилини шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ мувофиқи дархости шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва ҳуҷҷатҳои пешниҳодкунанда оид ба фаъолияти омӯзгорӣ ба муассисаҳои таълимии худ фиристода шудаанд.

Бояд тазаккур намуд, ки барои самаранок гузаронидани таҷрибаи омӯзгорӣ шартномаи муштарак байни МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ва Раёсати маорифи вилояти Суғд аз 25.12.2020 таҳти рақами 8 то соли 2025 ба тавсиб расидааст, ки мо метавонем имрӯз бе мамоният муҳассилини донишгоҳро ба таҷрибаомӯзии педагогӣ равон кунем.

Суол: Маъмулан, пеш аз сафарбар намудани донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ як марҳилаи омодагӣ ба таҷрибаомӯзӣ сурат мегирад. Кадом корҳои мушаххас дар ин марҳила амалӣ карда шуданд ва оё ин тадбирҳо дар раванди таҷрибаомӯзӣ натиҷа доданд?

Посух: Пеш аз ҳама, бо дастгирии раёсати донишгоҳ њамаи таљрибаомўзон ва роњбарони гурўњњо бо “Рўзномаи таљрибаомўзии педагогӣ” ва “Дафтари ќайди чорабинї”-њо ройгон таъмин карда шуданд. Пеш аз оғози таҷрибаомӯзӣ конфронсҳо дар ҳамаи факултетҳо гузаронида шуда, ба онҳо роҳбар-методистон, педагогҳо ва психологҳо вобаста карда мешаванд. Дар ҳамкорӣ бо кафедраҳои методии факултетҳо, педагогикаи умумидонишгоҳӣ ва психологияи умумӣ, нақшаи кории таҷрибаомӯзии педагогӣ мураттаб гардида, нақшаи чорабиниҳои таълимиву тарбиявӣ тасдиқ карда мешаванд.

Натиҷаи чунин тадбирҳо буд, ки дар давраи таҷрибаомӯзӣ донишҷӯёни мо бо хонандагони синфҳои вобасташуда чорабиниҳои зиёди тарбиявӣ, ба монанди суҳбатҳо, соатҳои тарбиявӣ, мизи мудаввар, шабнишиниҳои адабӣ, вохӯриҳо дар синф ва берун аз онро ташкил намуда, дониши назариявӣ ва амалии худро баланд бардошта, сатҳи қобилияти касбӣ, малакаю маҳорат ва истеъдоди касбиро сайқал дода истодаанд.

Имрӯзҳо раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар партави сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастгирии ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷӯразода барои баланд бардоштани сифат ва самаранокии таҷрибаомӯзӣ дар донишгоҳ, ки омили дар оянда баланд бардоштани сифату самаранокии таълим дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба шумор меравад, кӯшиши зиёд намуда истодааст.

Ташаккур барои суҳбат!

Суҳбаторо Бобоҷон ҚУРБОНОВ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ