Омӯзгорӣ барояш ишқ буд...

Инсони некро баъд аз марг низ зикри хайр зинда медорад. Далели ин гуфтаро дар мисоли зиндагиномаи устоди факултети забонҳои хориҷӣ Ӯзбекова Қумринисо Ҳабибуллоевна шоҳид шудан мумкин аст.

Номбурда 5 декабри соли 1957 дар деҳаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст.

Хатмкардаи факултети забонҳои хориҷии Институти давлатии педагогии Ленинобод ба номи Сергей Киров (имрӯза Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) буда, фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси муаллимаи забони англисӣ дар мактаби миёнаи №34-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шуруъ намудааст.

Оғоз аз моҳи августи соли 2004 то нафаси вопасин ҳамчун омӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷии факултети забонҳои хориҷӣ фаъолият дошт.

Аз ӯ ҳамчун педагоги асил, устоди ғамхору дастгири шогирдон, зани орифа ва дурандешу хирадманд ёд мекунанд.

Барои Ӯзбекова Қумринисо омӯзгорӣ касб не, ишқ буд. Лиҳозо, фаъолияти ӯ ҳамчун омӯзгори сарсупурда ва содиқ ба касб намунаи ибрат мондагор хоҳад буд.

Мутаасифона, чанд моҳ боз ҷойи ӯ дар дидаҳои наздикону ҳамкорон ва азизону шогирдон холист. Ҳамакнун аъмоли неку зикри хайраш номи Ӯзбекова Қумринисоро абадан зиндаву ҷовид нигоҳ медорад.

Ёди омӯзгори фарҳехтаву соҳибмаърифат Ӯзбекова Қумринисо ба хайр!

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ