​Руҷӯе ба ҳаёту фаъолияти инсони некӯниҳод

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир 18 июни соли 1971 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст.

Солҳои 1993 ва 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро бо ихтисосҳои фанни информатика ва техникаи ҳисоббарор, иқтисодчӣ хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатиашро солҳои 1993-1996 ҳамчун омӯзгори фанҳои техникии умумии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд оғоз бахшида, сипас, солҳои 1996-2001 дар вазифаи раиси Маркази ташаббуси ҷавонони “Иттифоқ”-и шаҳри Хуҷанд, 2001-2003 роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Хуҷанд, 2003-2004 муовини аввали роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Суғд, 2004-2006 роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Суғд, 2006-2011 раиси ноҳияи Ашт, 2011-2013 раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, 2013-2016 раиси шаҳри Исфара, 2017-2020 бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи муовини якуми раиси ноҳияи Спитамен фаъолияти меҳнатӣ кардааст.

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир 11-уми ноябри соли 2020 иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд таъин таъин шудааст.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ