​Бозори суғуртаи Ҷумҳурии Тоҷикистон: муаммоҳо, инфрасохтор ва дурнамои рушд

Яке аз унсурҳои таркибии инфрасохтори бозорӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври кофӣ рушд ёфтааст, ин институтҳои суғурта мебошад. Ширкатҳои суғуртавӣ тӯли солҳои истиқлолият қисмати мувофиқи системаи молиявиро пурра карда, қисми ҷудонашавандаи иқтисоди бозаргонӣ гардиданд ва дар таъмини устувории вазъи молиявии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ҳамчун яке аз сохторҳои муҳимтарини азнавтақсими талабот ба хизматрасониҳои суғуртавӣ баромад мекунад.

Бозорӣ суғуртаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, чун дар дигар кишварҳо муҳим гардида, рушд ва такмили бозори хидматрасонии суғурта зарурияти объективиро касб мекунад. Зеро қаблан дар давраи ҳукмронии шакли моликиятдории давлатӣ, аксари талафот дар иқтисодиёти кишвар ва байни аҳолӣ аз ҳисоби фондҳои захиравии суғуртавии давлатӣ ҷуброн карда мешуданд.

Бозори хизматрасониҳои суғуртавӣ мисли дигар бозорҳо, мавҷудияти инфрасохторро талаб менамояд, ки дар шароити муосир унсури муҳими иқтисодиёти бозорӣ ба ҳисоб меравад. Вобаста ба ин, рушд ва такмили бозори миллии суғуртавиро набояд дар алоҳидагӣ аз ташкили инфрасохтори ин бозор баррасӣ кард. Бояд қайд намуд, ки ин ҷо сухан дар бораи ду ҷараёни параллелӣ меравад: ҷорӣ кардани механизми суғурта дар инфрасохтори иқтисодӣ ва ташкили инфрасохтори худи фаъолияти суғуртавӣ дар ҷумҳурӣ. Вобаста ба ин, якчанд мушкилоти калидиро метавон, муайян намуд:

  • Норасоӣ ё набудани кормандони соҳибихтисоси сатҳи байналхалқӣ. Дар ҷумҳурӣ оид ба сиёсати кадрҳо бисёр масъалаҳои ҳалношуда дар соҳаи суғурта боқӣ мондаанд. Зеро ташкили бозори суғурта барои мо нав буда, шумораи зиёди мутахассисони соҳибтахассус лозиманд. Барои мукаммалии кори бозори суғурта суғуртакунандагони касбӣ, менеҷерони молиявӣ, маркетологҳо, брокерҳо, агентҳои суғурта, баҳодиҳандагони хавфҳо ва менеҷерони хавф заруранд. Дар Донишгоҳҳои кишвар то ҳол мутахассисони ин соҳа тайёр карда намешаванд.
  • Зарурати тезондани таъсиси институти актуарҳо бо дарназардошти стандартҳои байналмилалӣ, муайян намудани тартиби аттестатсия ва иҷозатномадиҳии актуарҳо. Чунончи, баҳодиҳии актуарӣ як ҷузъи муҳими таъмини эътимоднокӣ ва устувории молиявии низоми суғурта мебошад, аз ин рӯ фаъолияти актуарӣ бояд таъминоти ҳуқуқӣ дошта бошад. Гарчанде, ки дар Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғурта» талабот ба актуарҳо мувофиқ ба стандартҳои байналмилалӣ пешбинӣ гардидааст, аммо бо баъзе сабабҳо ин муқаррарот тибқи санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ то 1-ум январи соли 2014 мавқуф гузошта шуда, то ба ҳол ҷорӣ нагардидааст.
  • Шаффоф набудани фаъолияти ташкилотҳои суғурта. Имрӯзҳо дар бораи фаъолияти ширкатҳои суғурта дар матбуот ё дигар васоити ахбори омма қариб ки маълумот мавҷуд нест. Гарчанде тибқи Қонуни амалкунанда «Дар бораи фаъолияти суғурта» интишори ҳисоботи муҳосибии солона дар нашрияҳои расмӣ, инчунин дар васоити ахбори оммавӣ, ки дар қаламрави он фаъолияти суғуртакунанда (ташкилоти суғурта) ба амал бароварда мешавад, бояд анҷом дода шавад.

Мушкилоти навбатӣ дар рушди бозори дохилии суғурта ин набудани бовариву эътимод ва маданияти пасти харидорони имконпазири хизматрасониҳо мебошад. Харидорони эҳтимолӣ корхонаҳо ва аҳолӣ мебошанд. Таҷрибаи манфӣ (аз даст додани маблағгузориҳо барои ин мақсадҳо дар солҳои 90-ум), ноустувории молиявии суғуртакунандагон ва шаффоф набудани фаъолияти ширкатҳои суғуртавӣ сабабҳои паст шудани эътимод гардиданд. Дар роҳи ҳалли ин масъала бояд корҳо дар якчанд самт идома дода шаванд: якум, чорабиниҳои тарғиботӣ бояд вобастагии ҷомеаро аз анъанаҳо ба назар гиранд, ҳарчӣ бештар дар бораи бозори суғурта ба истеъмолкунандаи хизматрасониҳо иттилоъ дода шавад. Исбот шудааст, ки шахс зарурати харидани маҳсулоти маъруф ё заруриро изҳор мекунад (муҳим, боварӣ ҳосил кунонидан ба зарурати харидории намудҳои гуногуни хизматрасонӣ аст). Дуюм, суғурта бояд вазифаи асосии худро иҷро кунад, яъне, ҳимояи манфиатҳои суғурташавандагонро.

Ҷиҳати пурра дар раванди сармоягузорӣ иштирок кардан ба суғуртакунандагон маҳдуд будани имкониятҳои молиявӣ ва кӯтоҳмӯҳлатии маблағҳо имкон намедиҳанд. Ба ширкатҳои ватании суғурта фаъолияти сусти сармоягузорӣ хос гардидааст. Дар айни замон, тартиби тақсимоти захираҳои суғурта аз ҷониби давлат ба таври қатъӣ танзим карда мешавад. Суғуртакунандагон метавонанд захираҳои суғуртавии худро дар бозори молиявӣ ҷойгир кунанд: ҷойгиронӣ дар суратҳисобҳои депозитиву амонатӣ, хариди коғазҳои қиматнок. Аммо, роҳҳои зикршудаи ҷойгиркунӣ барои ширкатҳои суғуртавӣ ҷолиб нестанд, зеро онҳо даромаднокии воқеиро таъмин намекунанд.

Дар марҳилаи кунунии рушд яке аз муаммои асосӣ дар роҳи тавсеаи имкониятҳо ва баланд бардоштани нақши ширкат дар раванди сармоягузорӣ нокифоя будани сармояи саҳҳомии ширкатҳои суғурта мебошад. Дар ҳақиқат, танҳо ширкатҳои бузурги суғурта қодиранд, ки маблағҳои назаррасро ҷамъ кунанд ва дар шакли манбаъҳои сармоягузорӣ ба иқтисодиёт равона созанд. Ғайр аз ин, бояд ба назар гирифт, ки одатан сармояи ширкатҳои суғуртавӣ аз ӯҳдадорӣ озод аст ва як қисми он метавонад ба мақсадҳои дарозмӯҳлати сармоягузорӣ равона карда шавад, ки аз манфиат холӣ нест.

Вобаста ба тавсифоти миқдорӣ ва сифатии бозори суғурта, мо метавонем якчанд шартҳо ва самту роҳҳои такмили бозори дохилии суғуртаро қайд кунем: таъсиси инфрасохтори мутобиқи бозори суғурта; мунтазам зиёд гардидани талабот оид ба ташкили сармояи оинномавии ширкатҳои суғурта; маҷмӯи тадбирҳо оид ба ташаккули фарҳанги суғуртавии аҳолӣ ва баланд бардоштани эътимод ба фаъолияти ширкати суғурта; таъмини шаффофият дар фаъолияти ширкатҳои суғурта; тайёр кардани кадрҳои соҳибихтисос дар ин соҳа; таъсис додани ширкатҳои ватании азнавсуғуртакунӣ; иштироки фаъоли суғуртакунандагон дар раванди сармоягузорӣ; истифодаи имтиёзҳои андозӣ барои намудҳои суғурта, ки тафсилоти иҷтимоӣ доранд; фароҳам овардани шароит барои рушди ҷомеаҳои суғуртавии мутақобила; роҳандозии баъзе намудҳои нави суғурта, ки ба суғуртаи фаъолияти иқтисодӣ нигаронида шудаанд.

Ҳамин тариқ, ба нишондиҳандаҳои миқдорӣ ва сифатии бозори суғурта баҳо дода, хулоса баровардан мумкин аст: бозори суғуртаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муфассал таҳлил ва баррасӣ карда нашудааст, дар марҳилаи ибтидоии рушд қарор дорад ва маҷмӯи чорабиниҳои маъмурӣ ва иқтисодӣ ҷиҳати такмили инфрасохтори бозори суғурта талаб карда мешавад.

Дурнамои рушди бозори суғуртаро дар ҷумҳурӣ пешгӯӣ кардан душвор аст, яъне дар доираи як мақола тавсифи он ғайри имкон аст, зеро он бештар аз вазъ ва сатҳи рушди иқтисодиёти кишвар, некӯаҳволӣ ва фарҳанги суғуртавии аҳолӣ вобастагии калон дорад.

Қурбонова Фирӯза Алиҷоновна,

сармуаллимаи кафедраи молия ва қарзи

МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

ба номи академик Бобоҷон Гафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ