​Абармарди накӯном!

Ҳаёти ҷомеаи инсонӣ дар шакли давлати алоҳида давоми давраҳои тӯлонии таърих дар алоқамандӣ бо омилҳои гуногуни иҷтимоию сиёсӣ мегузарад, ки дар он мавқеъ ва саҳми шахсиятҳо арзиши баланд ва муҳимро доро аст. Вобаста ба ақлу идрок, оқилию одилӣ, иродаву матонат, нангу номус, шаъну шараф, фарҳангу ғурур ва дигар хислатҳои олии инсонӣ шахсият дар вазифаҳои давлатӣ барои пешрафти ҷомеа саҳми гуногун гузошта метавонад.

Ба бахти миллати тоҷик дар даврони нави Истиқлолияти давлатӣ мақоми роҳбари мамлакати ҷавону ноустувори иқтисодӣ ба ҳайси сарвари давлат интихоб гардидани шахсияти олиарзиш – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гардид, ки Ватани азизамон дар мӯҳлати начандон калони таърихӣ дар арсаи ҷаҳонӣ қадамҳои устувори соҳибистиқлолӣ гузорад ва муаррифгари беҳамтои тамаддунофарӣ ва соҳибфарҳангии миллати қадимаи тоҷик бошад. Пӯшида нест, ки ҳамаи дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шахсияти соҳиби ақлу идрок, оқилию одилӣ, иродаву матонат, нангу номус, шаъну шараф, фарҳангу ғурур ва дигар хислатҳои олии инсонӣ, яъне Пешвои муаззами миллат бевосита тавъам аст. Тақвияти давлатдорӣ, таъмини сулҳу суботи сиёсӣ, хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ, сатҳи баланди ободкориву созандагӣ, эҳёи тамаддуну фарҳанги бостонӣ, пайдо кардани мавқеи устувори пешрафта дар байни мамлакатҳои олам, шинохта шудани Тоҷикистон ба сифати асосгузори дипломатияи байналмиллалӣ дар соҳаи истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои об аз номгӯи камтарини талошу заҳматҳои абармарди накӯном – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки метавон сифатҳои олии инсондӯстонаи ин шахсияти мӯътабарро тӯли шабонарӯзҳо тавсиф намуд. Хизматҳои сершумори арзандаи ин шахсияти мӯътабар давоми даврони Истиқлолияти давлатӣ барои тамоми қишрҳои солими ҷомеаи Тоҷикистон намунаи олии ибратомӯзӣ дар самти ташаккули ғурури миллӣ, ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ, худогоҳӣ, хештанпарастӣ ва ғайра мебошад, ки ҳар як фарди ҷомеаро водор менамояд, ки дар ободонии кишвар пайрави Пешвои муаззами миллат бошад. Итминони комил дорем, ки ҷавонони даврони Истиқлолияти давлатӣ аз заҳмату талошҳои пайвастаю абармардонаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарси ибрат мегиранду ҳамеша пайравони содиқи сиёсати оқилонаю одилонаи дохилию хориҷии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварииАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Собиров М.С.-мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, дотсент

Аминов М.Ҳ.-декани факултети геоэкологияи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, дотсент

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ