Саҳми Тоҷикистон дар рушди «Энергияи сабз»

«Мо дар наздитабиати бою саховатманди мамлакатамон, ки дар давраи бӯҳрони шадиди сиёсӣ ва иқтисодии бар души халқи мо омада имкон дод, онро пушти сар намоем, сипосгузорем ва минбаъд он барои наслҳои имрӯза ва ояндаи кишвар хизмат хоҳад кард».

Эмомалӣ РАҲМОН

Маълум аст, ки дар пешрафти иқтисодии ҳар як давлат якчанд омилҳо мусоидат мекунанд. Ба ин омилҳо омилҳои таърихӣ (таърихи инкишофи хоҷагии халқ ва таъсири он ба тараққиёти минбаъдаи иқтисодиёт), табиӣ (шароит ва захираҳои табиӣ), географӣ (мавқеӣ иқтитсодӣ – географӣ ва роҳҳои беҳтар кардани он), иқтисодӣ (сохтори соҳавии хоҷагии халқ, мавқеи соҳаҳои алоҳида дар пешрафти иқтисодиёт), демографӣва ҳатто техникӣ (чунки техника ва технология ин пулест байни иқтисодиёт ва истифодаи захираҳои табиӣ) дохил мешаванд.

Шароит ва захираҳои табиӣ дар қатори ин омилҳо баҳри пешрафт ва инкишофи ҷамъияти инсонӣ мавқеи ҳалкунанда дорад. Ба таърихи инкишофи хоҷагии ҷамъияти инсонӣ назар кунем, маълум мешавад, ки ҳатто, давраҳои бузурги таърихӣ вобаста ба захираҳои табиие, ки баҳри пешрафти давраҳои алоҳидаи инкишофи ҷамъияти инсонӣ мусоидат кардааст, номгузорӣ шудааст. Чунончӣ, асри санг, асри биринҷӣ, асри атом ва ғайраҳо.

Ба асри ХХ1 инсоният бо фаҳмиши он қадам гузошт, ки яке аз проблемаҳои глобалии ин сада дефитсит ва ифлосшавии захираҳои обӣ мебошад. Маҳз барои ҳамин обяке аз омилҳои аосии инкишофи устувор гардид ва ҷомеаи ҷаҳонӣ оид ба ин масъала як катор чорабиниҳоро гузаронд. Дар байни ин чорабиниҳо ҷои асосиро Саммити СММ (соли 2000) бозид, ки дар он «Мақсади инкишофи ҳазорсола» тарҳрезӣ шуд.

Ҳарчанд дар Тоҷикистон қариб нисфи захираҳои обии минтақа маҳфуз аст, давлати мо сиёсатиистифодабарии мақсадноки ин захираи бебаҳои табииро дар ҳамкории муфиди давлатҳои ин минтақа ба роҳ мондааст. Ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба проблемаҳои глобалӣ ва регионалии марбут ба об аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шудаанд. Маҳз бо ташаббуси Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, муҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид солҳои 2005-2015-ро Даҳсолаи байналхалқии амалиёти «Об барои ҳаёт» эълон намуд. Дар ин бора резолютсияи вакилони Тоҷикистон ба СММ пешниҳод гардид, ки аз тарафи 141 давлати дунё бо қаноатмандӣ пазируфта шуд. Такя ба даъвате, ки онро 1 сентябри соли 2003 иштирокдорони Форуми байналхалқии оби тоза дар шаҳриДушанбе қабул карда буданд, Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карданд, ки солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналхалқии «Об барои ҳаёт» эълон карда шавад. 23 декабри соли 2003 Маҷмааи умумии СММдар асоси мувофиқа резолютсияи Даҳсолаи амалиёти «Об барои ҳаёт»-ро қабул кард. Бо ташаббуси Сарвари давлат эълон шудани Даҳсолаи байналхалқии амалиёти «Об-барои ҳаёт» на танҳо обрӯву нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардошт, балки дар ҳалли масъалаҳои зиёди марбут ба об дар миқёси ҷаҳонӣ мусоидат кард.

Чӣ хеле ки ба ҳамагон маълум аст, дар Паёми худ Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, муҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон бори дигар оид ба масъалаҳои ташвишовари сайёра, азҷумла масъалаҳои оби тоза ва рушди устувор сухан карда, қайд карданд, ки субҳи имрӯз Раиси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ҷаноби Питер Томсон ба номи Роҳбари давлат ва мардуми Тоҷикистон барқияи табрикӣ оид ба қабул шудани пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи эълон намудани Даҳсолаи нави байналми-лалии "Об барои рушди устувор" ирсол намудааст. Ва инак, бо ташаббуси Тоҷикистон боз як Даҳсолаи нави байналмилалии "Об барои рушди устувор" дар солҳои 2018-2028 фаъолияти худро оғоз кард.

Ҳанӯз аз солҳои аввалини соҳибистиқлолӣ Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳама мушкилоти ҷангишаҳрвандиисолҳои1992 – 1997,сунъӣ ташкил намудани бунбасти коммуникат-сионӣ, аз системаи энергетикӣ берун кардани ҶумҳурииТоҷикистон аз тарафи давлатиҳамсоя, фишори ифротгароии исломӣ, ранги трансмиллӣ гирифтани нашъаҷаллобӣ ва ғайра нигоҳ накарда, ба масъалаи истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва гидроэнергетикӣ диққати ҷиддӣ дод. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшончандин маротиба изҳор намуданд, ки арзиши оби ошомиданӣаз нархи газу нафт, ангишту дигар манбаъ-ҳои энергиякам нест.

Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, муҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон чандин маротиба изҳор кардаанд, ки Тоҷикистон биҳишти рӯи Замин аст. Дар ҳақиқат, табиати Тоҷикистон зебову мафтункунанда аст. Офардигор дар офариниши табиати Тоҷикистон лутфу илтифотихудро арзонӣ доштааст.

Дар урфият мегӯянд, ки табиат холиқу парвардигор аст. Оре, агар ба харитаи зонаҳои табии дунё нигарем, аён мешавад, ки Тоҷикистон чун дигар мамлакатҳои митақаи Осиёи Марказӣ дар зонаи биёбонии минтақаи иқлимии мӯътадил ҷойгир шудааст. Лекин маҳз бо шарофати релйефи кӯҳӣ Тоҷикистон «аккумулятор»-и намии Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Релйефи баландкӯҳӣ ва вобаста ба он шароити мусоиди пиряхҳосилшавӣ боиси ба вучуд омадани сарчашмаҳои зиёди ғизогирии дарёҳо ва шабакаи зичи онҳо дар марзи Тоҷикистон гаштааст. Шумораи умумии дарёҳое, ки дарозиашон аз 10 км. изофа аст, зиёда аз 947 то буда, дарозии умумии онҳо аз 28500 км. зиёд аст. Бубинед, ки худи табиати халлоқ дар ин минтақаи биёбонӣ кӯҳҳои осмонбӯсро офарида, дар баландии 2000-2500 метр «уқёнус» ҳосил кардааст - «Уқёнуси сахт» дар шакли ҳазорҳо ҳазор яху пиряхҳо, ки то бо ҳазорҳо ҳазор дарёву дарёчаҳо ба заминҳои ташналаби минтақаи Осиёи Марказӣ пайки ҳаёт мебарад. Табиист, ки аҷдодонамон ин мавзеи кӯҳиро бо табиаташ мутаносиб Бадахшон, Помир номгузорӣ кардаанд. Мувофиқи ақидаи фарҳангшиносон Бадахшон аз калимаи қадимаи паҳлавӣ буда, маънои худованди нур, соҳиби нур ва нурофарро дорад. Помир аз калимаи қадимаи «По-меҳр» буда, маънояш қадамҷои худои офтоб мебошад.

Ҳудуди ҳавзаи баҳри Арал 1,8 миллион км. мураббаъро дар бар гирифта, 80 фисадашро дашту биёбон ва 20 фоизашро кӯҳҳо ташкил медиҳанд. Қаламрави Тоҷикистон ҳамагӣ 6 фисади масоҳатиҳавзаи баҳри Аралро ташкил кунад ҳам, лекин 55,4 фоизи захираҳои оби ҷоришавандаи солонаи минтақа дар ҳамин ҷо тавлид меёбад. Нишондиҳандаи ҷараёни миёнаи солона дар қаламрави Тоҷикистон 51,7 км мукааб аст, бо ибораи дигар ҷараёни миёнаи солонаи давлатҳои Осиёи Миёнаро 100 фисад гӯем, 44 фоизи он аз ҳудуди Тоҷикистон шакл мегирад. Ҷараёни миёнаи сатҳӣ аз 1 км мураббаъдар ИДМ ба 197 ҳаз.м3/сол, дар давлатҳои минтақаи Осиёи Миёна 91ҳаз.м3/сол ва дар Тоҷикистон ба 354ҳаз.м3/сол баробар аст.

Тоҷикистон аз ҷиҳати захираҳои об ва гидроэнергетикӣ дар байни мамлакатҳои ИДМ ҷои дувумро. пас аз Русия, ишғол мекунад. Ин дар щолест, кимасоҳати Тоҷикистон аз масоҳати Русия 119,4 маротиба хурд аст. Агар мо ин захираҳоро мутаносибан ба ҳудуди ин давлатҳо тақсим кунем, он гоҳ аз рӯи ин нишондиҳанда Тоҷикистон аз Русия ҳам пеш гузашта,байни давлатҳои ҷаҳон ҷои дувумро аз ҷиҳати захираҳои гидроэнергетикӣ ва ҷои ҳаштумро аз ҷиҳати захираҳои обӣ ишғол мекунад. Бунёди НОБ-ҳо ва азхуд кардани захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон афзалияти зиёд дорад. Афзалияти аз ҳама асосии он, ин истеҳсоли барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза, яъне «Энергияи сабз» мебошад.

Тӯли солҳои истиқлолияти давлатӣ дар самти бунёди НОБ-ҳо ва азхуд кардани захираҳои беинтиҳои гидроэнергетикӣ корҳои зиёд ба анҷом расонида шуданд, кимо шоҳид ҳастем ва ҳоҷат ба баёни он нест. Дар Паёми худ Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки тибқи арзёбии созмонҳои байналмилалии молиявӣ Тоҷикистон аз рӯи фоизи истеҳсоли «Энергияи сабз», яъне неруи аз ҷиҳати экологӣ тоза, ба қатори шаш кишвари пешсафи сайёра шомил гардида, имрӯз истеҳсоли ин намуди энергия дар кишвари мо 98 фоизро ташкил медиҳад. Ин саҳми Тоҷикистон дар пешгирӣ кардани оқибатҳои харобиовари гармшавии иқлим ва татбиқи чорабиниҳои экологӣ дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон мебошад.

Оре, миллати сарбаланди тоҷик зери роҳбарии оқилонаву дурбинонаи Пешвои худ,Асосгузори сулҳу ваҳдат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон Бадахшону Помирро дар ҳақиқат шоистаи номи худ нурофар ва соҳиби нур мегардонанд. Ва дур нест он рӯзе, ки Роғун ба пуррагӣ сохта мешаваду на танҳоба манфиати Тоҷикистон, балки ба манфиати тамоми мардуми ҳавзаи Амударёву Сирдарёхизмат карда, бо нури раҳмонӣ мунаввар мегардонад. Ва мерасад он рӯзе, ки ба ҷои сарбанди табиии кӯли Сарез, ки чун аждаҳо дар байни кӯҳ хобидаасту хатари кандашавии он ҳар лаҳза ба тамоми мардуми минтақа таҳдид мекунад, сарбанди мустаҳками сунъӣ сохта шуда, қаторстансияҳои барқӣ бунёд мешавад ва низ ба манфиати тамоми мардуми минтақа хизмат мекунад.

Кор на ин гунбади гардон кунад,

Ҳарчӣ кунад, ҳиммати мардон кунад.

М. ҶӮРАЕВА, сармуаллимаи кафедраи географияи иқтисодӣ ва демография

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ