Шукргӯи Пешвои миллатем
Дар ҳақиқат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марди Худо аст. Сарвари кишвари азизи мо роҳбариро замоне ба дӯш гирифтаанд, ки фоҷеаи пош хӯрдани Давлати муаззами шӯроҳо ва бенизомиҳои аз ин ҳодиса маншаъ гирифта дар дилу зеҳни бошандагони Тоҷикистон ноумедиро ҷой намуда, барои расидан ба рӯзи нек бовариашонро коста гардонида буд.
Роҳбари тозаинтихоби тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз таҷрибаи таърихӣ, истеъдод ва ҷасорати фитрии худ барои осоиши Тоҷикистон саъю талош намуда, ба таври ошкоро иброз доштанд, ки "барои амалӣ намудани ҳадаф ба чонсупорӣ низ омода ҳаст". Ин гуфтор ва фармудаи зеринашон "То охирин гурезаҳои миллати тоҷикро ба Ватан баргардонам, худамро осуда нахоҳам дид" дар тинати ҳаммилатон ниҳоли умедро парвариш дод ва ба он кас ба сифати роҳбари ғамхору дилсӯзӣ худ бовар ва эътиқод пайдо намуданд.
Халқ ояндабин ва дурандешу намакшиноси тоҷик дар интихоби сарвари худ хато накард ва дурандешу намакшиноси тоҷик дар интихоби сарвари худ хато накард ва ин фидокорӣ роҳи осоишу субот давра ба давра кишварро аз варти ҳалокат, миллатро аз нестшавӣ ва қаламравро аз порашавӣ наҷот бахшиданд. Ин хидмат ва ҷоннисориву ватанхоҳӣ, миллатдӯстиву башарпарварии Пешвои муаззами миллат дар қалбҳои пурармони миллати тоҷик ба вижа қаламкашони кишвар, ҷойгоҳи хоса пайдо намуда, ки гуфтору навиштро ва амали содиқонаи онҳо башоратдеҳи ҳамин муҳаббати гарм аст.
Мусаллам аст, ки хидмати бузург ва ҷадалҳои мондагори дар муддати 29 сол анҷомдодаи ин марди Худо Пешвои миллат муаззами миллат аз диди сиёсатдонҳову таърихшиносон ва аҳли эҷоди мавриди омӯзишу баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар таърихӣ давлатдории тоҷикон бо ҳарфҳои хоно зикр меёбад.
Ҳоҷиева М. - омӯзгори кафедраи сиёсатшиносӣ