16 ноябр – Рӯзи Президент
Моҳи апрели соли 2016 вакилони парлумон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағирот ворид намуда, 16 ноябрро ҳамчун рӯзи Президент муайян карданд, ки нишонаи эътирофи хизматҳои шоистаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад. Албатта, муайян кардани рӯзи 16 ноябр ҳамчун рӯзи Президент бесабаб нест. Ҳадаф аз рӯзи ид муайян кардани рӯзи 16 ноябр аз он иборат аст, ки маҳз дар таърихи ҳамин санаи тақдирсозу муайянкунандаи ояндаи Тоҷикистон соли 1994 марҳилаи нави рушди босуботи кишвар яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намудааст.
Таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, таъмини волоияти қонун, озодии сиёсӣ, таъмини амнияти давлату миллат, ташкили Қувваҳои Мусаллаҳи миллӣ, барқарор ва густариши равобит бо ҷаҳони хориҷӣ, шиносондани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари мустақил дар арсаи байналмилалӣ, аз зумраи мушкилтарин, ҳамзамон муҳимтарин ҳадафҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои аввали истиқлолият маҳсуб меёфтанд. Вале, мутаассифона, оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, ки боиси харобиҳои зиёд ва талафоти калони иқтисодӣ гардид, монеаҳои ҷиддие ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои дар боло зикршуда эҷод намуд. Кордонӣ ва нигоҳи неки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки Тоҷикистон сарфи назар аз мушкилиҳои бавуқӯъомада тавонист ба марҳилаи сифатан нав гузарад ва миллатро аз парокандашавӣ нигоҳ дорад. Маҳз заҳматҳо ва талошҳои шабонарӯзии роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки тамоми рукнҳои фалаҷшудаи ҳокимияти давлатӣ аз нав барқарор шуданд.
Имрӯз баъди сипарӣ гаштани зиёда аз 29 соли соҳибистиқлолии давлат, метавон қайд намуд, ки дар ҳақиқат нақшаву ҳадафҳои созандаи роҳбари мамлакат дурустӣ ва бамавридии худро исбот намуда, мақому манзалати Тоҷикистонро дар арсаи байналмиллалӣ боло бурданд. Аз ин лиҳоз, бояд таъкид намуд, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минбаъд низ созандагиву ободкориро мароми худ қарор дода, барои боз ҳам баланд бардоштани шарту шароити зиндагии мардум, рушди босуботи кишвари аҷдодиамон саъю талош хоҳанд варзид.
Камолиддини Раҷабзод!