Наҷотбахши давлату миллат
Санаи 6-уми ноябри соли 1994 дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо бештари овози райъдиҳандагон ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, 16-уми ноябри ҳамон сол дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди маросими савгандёдкунӣ ба иҷрои вазифаи Президент шурӯъ карда буданд, ки он рӯзҳо Тоҷикистон давраи ҳассосу мушкилеро аз сар мегузаронид.
Дар марҳилаи нави бунёди давлати ҷавони Тоҷикистон тақдири баланди миллати куҳандиёри тоҷик дар симои шахсияти беназири таърихӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон олитарин сифатҳои адолати инсонӣ, бузургдилию шуҷоат, раҳму шафқат ва қобилияти нотакрори ваҳдатофариро ато кард ва маҳз ҳамин ҳамоҳангӣ ҷомеаро ба сатҳи баланди хештаншиносӣ расонид. Маҳз бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат Тоҷикистон дар интиҳои асри ХХ аз фоҷиаи миллӣ раҳоӣ ёфта, истиқлолияти давлатии худро таҳким бахшид ва миллати тоҷик баъд аз ҳазор сол дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ ба дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил гардид ва имрӯз ба сӯйи ояндаи нек устуворона қадам мегузорад. Мувофиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ба тасвиб расидааст, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки барои халқи Тоҷикистон хизматҳои бузургу беназир кардаанд, ба сифати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат эътироф карда шудаанд.
Замоне, ки фарзанди номвар ва номбардори халқ Эмомалӣ Раҳмон бори аввал роҳбари давлат интихоб шуд, Тоҷикистони тозаистиқлол рӯзҳои даҳшатборро ба сар мебурд. Хушбахтона, ба шарофати иродаи қавӣ ва ҷиддии Сарвари тозаинтихоби давлат ин хатар дар муддати барои таърих бисёр кӯтоҳ бартараф гардид, низоми мукаммал ва муосири давлатдорӣ барқарор гашт, аркони давлатдории миллӣ ва ниҳодҳои асосӣ аз нав эҳё, Истиқлолияти давлатӣ ҳифз, ягонагии Тоҷикистон таъмин шуд ва ин яке аз дастовардҳоест, ки номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таърихи давлатдории миллии тоҷикон абадан сабт намуд. Бо иродаи Сардори давлат дар як муддати кӯтоҳ харобаҳо ба ободӣ табдил ёфта, иншоотњои азим ба вуҷуд омаданд, барои ба ҳам пайвастани тамоми гӯшаву канори мамлакат шоҳроҳи ваҳдат ва барои мустақиман баромадан ба уқёнус ва робита ёфтан ба кишварҳои дуру наздики хориҷӣ роҳҳои бузурги мошингард сохта шуданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ба истиқболи солгарди навбатии Истиқлолияти давлатии худ қадам мегузорад. Дар ин муддати барои таърих бисёр кӯтоҳ Тоҷикистон роҳи басе мураккаб ва вазъи ҳассосеро сипарӣ намуда, аз оташи чандин буҳронҳои амиқи сиёсию иқтисодӣ гузашта, ҳамчун як кишвари орому босубот ва ободу шукуфон дар сатҳи ҷаҳонӣ шинохта шуд. Мо ифтихор аз он дорем, ки бо Пешвои миллати худ, Президенти маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бисту нуҳ соли истиқлолият пойдевори давлатдории миллиамонро гузошта, ба сӯи фардои осудаву обод устуворона қадам мегузорем. Муҳимтарин вазифаи шаҳрвандӣ ва қарзи фарзандии ҳар як сокини мамлакат, бахусус, наврасону ҷавонон аз он иборат аст, ки Тоҷикистони азизамонро сидқан дӯст дошта, онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.
Ҳомидова М.И. - кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ