Эмомалӣ Раҳмон -Президенти мардумист

Таърих гувоҳ аст, ки яке аз сабабҳои асосии рушди давлатҳо дар ҳар давру замон маҳз аз сиёсати пешгирифтаи роҳбарону сиёсатмадорони варзида вобастагии зич дорад. Аз ин лиҳоз метавон иброз дошт, ки баъди аз байн рафтани Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гирдоби муноқишаҳои дохилӣ гирифтор гардида, дар натиҷа дар мамлакат солҳои 1992-1997 ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ идома ёфта, ба рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон таъсири бузурги манфӣ расонид. Шиддати ҷанг то андозае хатарнок гардид, ки хатари аз байн рафтани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омад. Маҳз бо баргузор гардидани Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Шӯрои Олӣ интихоб шуданиЭмомалӣ Раҳмон роҳи минбаъдаи Тоҷикистон муайян гардида, дар натиҷаи талошҳои бевоситаи роҳбари давлат дар Тоҷикистон ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшида шуда, бо ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар мамлакат ваҳдату ҳамдигарфаҳми ҳукмфармо гардида, Тоҷикистон аз як кишвари ҷангзада ба давлати ободу тараққикарда табдил ёфт. Хотирнишон бояд кард, ки дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 11 ноябри соли равон Эмомалӣ Раҳмон бори дигар бо гирифтани 90, 72 %-и овозҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Интихобот собит намуд, ки мардуми сарбаланди кишвар ба номзади арзанда овоз доданд. Зеро маҳз дар натиҷаи заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба дастоварҳои назаррас ноил гардида, ташаббусҳои Тоҷикистон ҷиҳати ҳалли муаммоҳои глобалӣ аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ этироф мегарданд. Ҳукумати Тоҷикистон таҳти роҳбарии бевоситаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати расидан ба чор ҳадафи стратегии мамлакат пайваста талош варзида, барои пурра ноил шудан ба ҳадафҳоистратегӣ тамоми имкониятҳоро истифода намуда истодааст. Дар маросими савгандёдкунӣ Эмомалӣ Раҳмон бори дигар изҳор намуданд, ки барои пешрафти Тоҷикистон тамоми донишу таҷрибаи хешро истифода менамоянд. Ҳамчунин изҳор бояд дошт, ки баъди маросими савганёдкунӣ Президенти кишвар 378 нафар маҳбусонроавф кардаанд. Ин амал бори дигар собит месозад, ки Эмомалӣ Раҳмон ғамхор ва пуштибони мардуми сарбаланди тоҷик буда, пайваста барои халқу ватани хеш хизмат менамояд.

Муҳамадизода М. -омӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии таърихи халқи тоҷик, ДДХ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ