Дар боби хизматҳои бузурги Президенти мо!

Таърихи халқи тоҷик бисёр роҳбаронеро дида, аз хидматашон баҳраманд шуда ва дар байни онҳо эҳтироми роҳбарони собитқадам ҳамеша баланд будааст. Роҳбарони хирадманди Тоҷикистон дар давраи сарварии худ кўшидаанд, ки хидмати назаррасе ба халқ анҷом диҳанд ва бо корҳои сиёсиашон нақши бузург дар таърих гузоранд, аз истеъдоди хуби роҳбарии худ дарак диҳанд. Бобоҷон Ғафуров, Турсун Ўлҷабоев, Ҷаббор Расулов, Абдулаҳад Қаҳҳоров ва бархе дигарон аз зумраи чунин роҳбароне буданд, ки дар таърихи халқи тоҷик бо ному корҳои дурахшонашон сабт шудаанд.

Фаъолияти ҳар роҳбар вобаста ба замон ва талаби айём низ гуногун будааст. Дар таърихи навини Тоҷикистон низ вобаста ба таҳаввули ҷиддии таърих ва давлатдории типпи комилан дигар Эмомалӣ Раҳмон ба сифати роҳбари росткору қавиирода шинохта гардид. Ба назари ман, таҳлили фаъолияти ҳамаҷиҳатаи раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ва нақши ў дар давлатдории Тоҷикистон кори як институти сиёсӣ аст, ки ин гуна корҳо имрўз аз ҷониби алоқамандон анҷом дода мешавад. Бо вуҷуди ин, пардохтан ба бозгўи ин гуна фаъолиятҳо ҳамеша дар байни мову халқ боқӣ мемонад.

Президенти шинохташудаи мо Эмомалӣ Раҳмон воқеан ҳам роҳбари мардумӣ, президенти халқитарин, бархоста аз миёни мардум аст ва дар фазои сиёсии ҷаҳони башарӣ эътироф ва шинохта шудааст. Ў ба сифати фарзанди бовафои халқ, фарзанди фарзонаи айём ва чун насли пешрави роҳбар ва дорои табиати собитқадами халқи тоҷик дар шароити ҳассосу муассири халқи тоҷик ба сари кор омада, таърих ва замонро дар хидмат халқ вогузоштааст.

Таҷрибаву малакаи нодири раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи давлатдории тоҷикон сазовори омўзишу баҳрамандии зиёд аст, омўзиши ин таҷриба имкон медиҳад, ки моҳияти дигаргуниҳои кишвари мо дар арзи 30 сол дарк карда шавад. Ин таҷрибаҳо ба андўхтаҳои бештари ин шахсияти комили миллати тоҷик такя мекунад. Ин таҷрибаҳоро наслҳои имрўз ва минбаъда бо хираду заковати азалӣ ба кор мегиранд, аз ин гуна таҷрибаҳои судманд бештар таъсир мегиранд, онҳоро ба наслҳои оянда интиқол медиҳанд.

Ман фикр мекунам, хизматҳои нотакрори Эмомалӣ Раҳмон бо сатҳу дараҷаи баланди истеъдод ва рафтори сиёсӣ ба сифати шахсияти номвар ва мондагори таърихи миллат барои омўзиши ояндагон ҳам муҳимму муфид хоҳад буд. Ў дар муддати раҳбарӣ чун фарзанди азизи халқ ба ҳаллу фасли тадриҷии мушкилоти Тоҷикистон имкон ёфт ва аз нав ба сиҳат ёфтану қомат афрохтани танаи маҷрўҳи кишвари мо дар солҳои ошўбу ҷангзадагӣ иқтидори камназир зоҳир намуд. Омилҳое чун тарбия дар хонаводаи як деҳқони одӣ, таҳсил дар омӯзишгоҳу мактаби олӣ, кор дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, фаъолияти ҷамъиятиву сиёсӣ, роҳбарии хоҷагӣ ва ғайра имкон фароҳам овард, ки дар радифи аввали чеҳраҳои сиёсии ҷумҳурӣ қарор гирад.

Президенти Тоҷикистон бо сифоти неки «заҳматдӯстӣ, иродаи қавӣ, хушзеҳнӣ, сабурӣ, дили кушод, хайрхоҳӣ, оштинопазирӣ бо душманони миллат, сарбаландӣ, устуворӣ дар рӯбарӯи мушкил, тахайюлу тафаккури бадеӣ, шавқи шеърдӯстӣ, идораи эҳсосот, ҳамбастагии нияти неку саъю кӯшиш» даст ба ормони тоҷикистонсорзӣ зада, чорасозии кори миллатро ба насли имрўз нишон дод.

Ин иродаи беназир аст ва дили моро бар ояндаи хуби Тоҷикистон гарм месозад!

С. Аъзамов

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ