​Парчамат парафшон бод то абад!

Рукни муҳими муқаддасоти олии давлати соҳибистиқлол Парчами миллӣ ба ҳисоб меравад. Ҷаҳониён миллатро аз парафшониҳои Парчами давлатӣ дар маҳфилҳои байналмилалӣ мешиносанду ба таъриху тамаддуни он мароқ зоҳир менамоянд. Парчами миллӣ нишонаи соҳибистиқлолӣ, соҳибфарҳангӣ ва ҳувияти миллиро инъикос намуда ба шаҳрванди кишвар ҳисси ифтихору фараҳ мебахшад.

Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол моҳи ноябри соли 1992-ум дар ҷараёни Иҷлосияи тақдирсози XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст ва рамзи истиқлолу озодӣ, табиати биҳиштосою мардуми меҳнатқарин, тамаддуни қадима, инъикоси тоҷдорию соҳибфарҳангии миллати тоҷик мебошад. Ифодаи пурмӯҳтавои рангҳои Парчами давлатиро фардони хурду калони Ҷумҳурӣ хуб дарк кардаанд ва ҳамеша сипосгузорона дар хотир нигоҳ медоранд. Алалхусус, имрӯзҳо, ки мардуми озодандешу ободкори Тоҷикистони соҳибистиқлол ба таҷлили пуршукӯҳи таърихӣ - ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ омодагии ҳамаҷониба мебинанд ва дар доираи он Рӯзи Парчами миллии Тоҷикистон бояд бо шаҳомати хоса қайд карда шавад. Зеро, аз кӯдаки хурдсол то пиронсолон аз ҷилваи бовиқори Парчами миллӣ рӯҳбаланд гардида бо андешаҳои солиму бунёдкорӣ ба ободу зебо гардонидани гӯшаҳои мухталифи кишвар мепардозанд. Ҳангоме, ки дар қатори парчами мамлакатҳои олам дар назди Созмони Миллали Муттаҳид ё худ вохӯриҳою мулоқотҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сарони давлатҳои дигар парафшон будани Парчами миллӣ инъикоси воқеии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки хеле таъсирбахш аст. Ҳар нафари бо нангу номус, ватандӯсту меҳанпараст, худогоҳу содиқ ба Ватан аз тамошои ҷилвагаронаи Парчами миллӣ ифтихор менамояду дар вуҷудаш меҳру муҳаббат ба Ватани маҳбубаш меафзояд.

Бинобар ин, зарур аст, ки хусусан дар давраи таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути гузаронидани тадбирҳои гуногуни таблиғотӣ ба насли ҷавон талқин намоем, ки ин рукни муқаддасоти давлатиро эъзоз намоянду мӯътабар хонанд. Ҳисси ифтихору эҳтироми худро ба Парчами миллӣ бештар ва меҳанпарастиро мустаҳкаму устувор дар ниҳоди хеш намоянд.

Собиров М.С.-мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, дотсент

Аминов М.Ҳ.-декани факултети геоэкологияи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, дотсент

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ