​Тақдири Тоҷикистон бар дӯши Пешвои миллат аст!

Гузориши бисёр арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ростӣ дар “лаҳзаҳои пурифтихор”-и маросими навбатии савгандёдкунӣ бо камоли эҳтиром ва муҳаббату садоқати фарзандӣ ба мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзӣ ироа шуд. Бо ин падида марҳалаи наву тоза дар кишвардории тоҷикон оғоз мешавад ва баёнгари он аст, ки интихоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эътиқоду бовари бузург сурат гирифт ва Сарвари давлат бори дигар “тақдири мамлакатро” ба дӯши худ гирифт.

Перезиденти кишвар чун фарзанди азизи Тоҷикистон дар маросими мазкур рӯҳу нерӯи тоза ёфтани худро аз пуштибонии самимии мардуми шарафманди кишвар аз рӯзҳои аввали фаъолият, дуои хайри падару модарон, собиқадорону пирони рӯзгор, махсусан, дастгирии фаъоли ҷавонони ватандӯсту бонангу номус эълом карда, аз иқдомҳои шоистаи худ дар роҳи рафъи мушкили ниҳоят сахту сангини сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии кишвар бо иродаи мустаҳкам ва азми қавӣ бори дигар изҳори назар намуд. Сарвари давлат ба мардуми азизи Тоҷикистон сипос гузошт, ки “заҳмату талошҳои ӯро бо иштироки фаъолонаи худ қадрдонӣ карда, муҳаббату самимияти нисбат ба ман доштаашонро бо додани раъйи хеш исбот намуданд”. Ин муҳаббату самимият барои ободии Тоҷикистон, оромии Ватан ва осоиши ҳар як хонадони кишвар таъсири басазо гузоштааст.

Перезиденти Ҷумҳурии мо воқеан ҳам дуруст гуфт, ки ихлосу эътимоди мардум масъулияти ӯро барои ба ҷо овардани рисолати бузурги давлатдорӣ, роҳбарӣ ба давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, таъмин намудани фаъолияти муназзаму босамари рукнҳои давлатдорӣ, амнияти ҷомеа ва давлат, волоияти қонун, рушди бомароми иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва муҳимтар аз ҳама, боз ҳам беҳтар гардонидани шароити зиндагиву рӯзгори сокинони мамлакат бамаротиб афзудаанд.

Дар суханронии Пешвои миллат ба ҷойгоҳи чорабиниҳои имсолаи сиёсӣ – интихоби вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои муносиб дода шудааст. Ин чорабиниҳо дар фазои комили ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдати миллӣ, садоқат ба ормонҳои таърихии халқи куҳанбунёди тоҷик, пойдории сулҳу субот ва фарҳанги баланди сиёсии шаҳрвандӣ гузашта, нерӯи воқеан бузурге ба халқу кишвар ато намуданд.

Бино ба изҳори равшани Пешвои миллат ин падидаи муҳассан ба ояндаи дурахшони Тоҷикистони маҳбуб ва зиндагии осудаи халқи азиз дилпуру умедвор месозад ва эътимодро ба фардои босуботу ороми давлат ва мардуми кишвар боз ҳам қавӣ мегардонад.

Субҳониддини Баҳромӣ-устоди ДДХ ба ном академик Бобоҷон Ғафуров


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ