​Бахти миллат, Эмомалӣ Раҳмон

Интихоботи Президинти кишвар барои ҳар як халқу миллат маракаи муҳими сиёсӣ ва тақдирсоз ба ҳисоб меравад. Маракаи интихоботи Президенти кишвари азизамон Тоҷикистон, ки санаи 11-уми октябр шуда гузашт аз маракаҳои муҳимтарин ба ҳисоб рафта, мардуми бо шарафи Тоҷикистонӣ онро дар фазои сулҳу осоишта бо як эҳсосоти баланди ватандустуву сулҳпарварӣ гузарониданд. Пиру барно ба тарафтории Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон овози худро дода бошанд ҳам бесаброна натиҷаи интихоботро ҳама интизорӣ кашидем.

Вақте натиҷаи интихобот аз тарафи комиссияи ҳисобӣ эълон гардид вамаълум гашт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,-Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гирифтани 90,92 фоиз овоз Перезидентӣ Тоҷикистон барои ҳафт соли оянда гардиданд шодиву хурсандии мардуми шарафманду сулҳпарварро ҳадду канор набуд.

Мо мардуми шарафманди Тоҷикистонӣ бо сарфарозии худ мефахрему меболем ва шукрона мекунем, ки боз Худованд ба мо сарварии фарзанди фарзонаи миллатро насибамон гардонид. Шукри беандоза, шодиву хурсандии мардуми сулҳпарвару ватандустро ҳадду канор надорад.

Вақте рузи 30-юми октябр тариқи оинаи нилгун шоҳиди савгандёдкунии Ҷаноби олӣ гардедем дар симо донишҷӯёну устодон шодиву хурсанди танинандоз буд. Нақшаҳои Ҷаноби Олӣ барои ҳафт соли оянда мо устодону донишҷӯёнро бори дигар вазифадор намуд, ки боз ҳам хубтар дар ҷотаи илму таълим кӯшиш намоем ва барои сабзу хуррамӣ, ободии кишвари азизамон саҳмгузор бошем. Мо бо пирӯзии Ҷаноби Олӣ,Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар интихобот шукрона мекунем ва ҳамеша бо Пешвои муаззами миллат ҳастем ва сиёсати пешгирифтаи Ҷаноби Олиро дастаҷмона дастгирӣ ва ҷонибдорӣ менамоем.

Зоидова М., Набиева М. – омӯзгорони кафедраи математикаи амалӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ