Саҳифаи нави таърихи давлатдорӣ боз шуд
Санаи 30 октябри соли 2020 барои кулли мардуми шарифи кишвар рўзи басо хотирмон буд, зеро дар ин рўз маросими савгандёдкунии президенти азнавинтихобшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тибқи муқаррароти расмӣ баргузор гардид, ки воқеан саҳифаи нави давлатдории тоҷиконро боз намуд. Маросими савгандёдкунии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як шукўҳу шаҳомати хоса дар Қасри Миллат бо супорида шудани шаҳодатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбари азнавинтихобшуда аз ҷониби Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода оғоз гардид. Ҳамзамон, Раиси Суди конститутсионии Тоҷикистон Ашурзода Абдулҳафиз ба Эмомалӣ Раҳмон Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳодатномаи онро супорид. Сипас, маросими мазкур дар Кохи Сомони бўстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон идома ёфт. Роҳбари тозаинтихоби давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори Кохи Сомон дар ҳузури аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарони намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат ва намоядагони аҳли ҷомеа дасти рост ба болои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта, савганд ёд карданд ва аз ин лаҳза ба марҳилаи нави роҳбарии давлат расман ворид шуда, дар назди ҳозирин суханронӣ намуданд. Дар оѓози суханронии худ роҳбари давлат ба тамоми мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иштироки фаъолона дар чорабинии бисёр муҳими сиёсӣ – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вогузор намудани тақдири мамлакат ба дӯши он кас сипоси бепоён ва миннатдории самимӣ баён карданд. Сипас, дар суханронии худ Пешвои миллат аз дастовардҳои 7 соли охир ёдовар шуда, аз нақшаву ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат барои солҳои минбаъда ҳарф заданд.
Ҳамин тариқ, бояд зикр намуд, аксарияти мардуми кишвар дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 11 октябри соли равон баргузор гардид, фаъолона иштирок намуда, раъйи худро ба номзади арзанда – Эмомалӣ Раҳмон дода, ҷонибдори тинҷиву оромӣ ва пешрафти устувори мамлакат буданашонро собит сохтанд. Зеро, солҳои охир кишвари мо ба як қатор дастовардҳои бузург дар тамоми соҳаҳо ноил гардид, ки пеш аз ҳама аз сиёсати дуруст ва некбинонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон далолат медиҳад. Аз ин лиҳоз, мо итминон дорем, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон минбаъд низ созандагиву ободкориро мароми худ қарор дода, барои боз ҳам баланд бардоштани шарту шароити зиндагии мардум, рушди босуботи кишвари азизамон саъю кӯшиш хоҳад намуд.
Камолиддини Раҷабзод!