Бо Пешвои миллат ба сӯи қуллаҳои баланди пешрафту тараққиёт
Санаи сиюми октябр дар вазъияти тантанавӣ дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе маросими савгандёдкунии Президенти интихобшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Маросими савгандёдкунии Пешвои миллатро тамоми шабакаҳои иттилоотии ҷумҳуриявӣ дар пахши мустақил ба бинандагон пешниҳод намуданд. Сарвари давлат миннатдории худро нисбати тамоми мардуми тоҷик баён намуда қаёд карданд, ки «Ман аз мардуми азизи Тоҷикистон як ҷаҳон сипосгузорам, ки заҳмату талошҳои маро бо иштироки фаъолонаи худ қадрдонӣ карда, муҳаббату самимияти нисбат ба ман доштаашонро бо додани раъйи хеш исбот намуданд». Аз рўзи аввали фаъолияти сиёсии худ то ба имрўз Президентимўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша кўшиш бар он намуда буданд, ки давлатдории миллиро тақвият бахшанд, сулҳу субот ва ҳаёти арзандаро барои миллати тоҷик фароҳам оваранд. Маҳз бо шарофати сиёсати Пешвои миллат бо тавонистем аз бўҳрони ҳамаҷонибаи сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавӣ бароем. Имрўз тоҷконро тамоми мардуми дунё ҳамчун халқи сулҳофар вафарҳангдўст мешиносад.
Дар суханронии худ Президенти кишвар натиҷаҳои ҳафт соли фаъолияти сиёсии худро баён намуда ироа намуданд, ки «Дар солҳои 2013-2020 ҳаҷми воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ беш аз ду баробар афзуда, суръати миёнаи солонаи рушди он ба 7 фоиз баробар гардид. Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар як сокини мамлакат 1,7 баробар, даромади пулии аҳолӣ беш аз 2 баробар ва музди меҳнати миёнаи як корманд 2,4 баробар афзоиш ёфт. Зиёда аз як миллион ҷойи корӣ таъсис дода шуда, шумораи шаҳрвандоне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, аз 1 миллиону 100 ҳазор то 460 ҳазор нафар, яъне дуюним баробар кам карда шуд». Сарвари кишварамон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати пешгирифтаи худ бар он мекўшанд, ки иқтисодиёти кишварамон боз ҳам рушди баланд дошта бошад ва Тоҷикистон ба қатори кишварҳои пешрафта ворид гардад. Сарвари кишварамон Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдори он, ки то ҳар шаҳрванди кишвар худшиносу худогоҳ бошад ва дар ободии кишвари азизамон, саҳмгузор бошад. Хизматҳои Президенти кишвар назди миллатамон хеле бузург аст ва моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу осоиштагӣ бирасем.
Саркорбобоева М. - кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ