Давлати мо давлати сулҳофар аст
Санаи 30-юми октсбяри соли равон маросими савгандёдккнии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданашон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардид. Ин маросим дар Қасри миллат оғоз гардида, дар Кохи Сомони бостонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон идома ёфт ва дар майдони дустии пойтахт бо савгандёдкунии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ба поён расид. Маросими савгандёдкунии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тавассути шабакаҳои телевизиони пахш гардид. Ҳамаи устодону донишҷуёни донишгоҳ дар якҷоягӣ ин пахши мустақимро тамошо карданд. Дар суханронии худ Пешвои миллат оид ба нақшаҳои фаъолияти минбаъда бахусус ноил гардидан ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ, таъмини зиндагии шоиста ва ба кишвари транзити табдил додани Тоҷикистон суханрони намуданд. Албатта таи ин солҳо Сарвари миллат ба Ватани мо барои сулҳу суботи кишвар, таъмини шароити зиндагии тамоми сокинони ҷумҳури ҷидду ҷаҳд, заҳмату талошҳо ва хизматҳои бузург кардаанд. Таърих гувоҳ аст, ки аз рӯзе, ки сарвари миллат омададаанд миллати сарбаланди тоҷик соҳиби давлати озоду соҳибихтиёр буда, дар фазои Ватани маҳбубамон хуршеди истиқлол парафшони мекунад. Номи он кас ҳамеша бо муҳаббат ба забон оварда мешавад ва ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон имруз аз доштани чунин сарвар ва пуштибони давлат ифтихор мекунанд.
Абдуҷабборова Роҳат