Савганди садоқат ба миллат
Санаи 11 октябри соли 2020 мардуми Тоҷикистон ва онҳое, ки дар хориҷи кишвар ҳастанд ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат варзида ба тарафдории номзади арзанда овоз доданд. Тибқи иттилои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон номзад ба мансаби баландпояи давлатӣ – Эмомалӣ Раҳмон ба гирифтани 90,92% овози интихобкунандагон пирўзиро ба даст оварданд.
Санаи 30 октябри соли ҷорӣ маросими ботантанаи савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Воқеан ин маросим дорои шукуҳу шаҳомати хоса буда, азамат ва муқаддас будани мансаби президентиро инъикос мекунад.
Дар лаҳзаҳои тантанавӣ ба Президенти тозаинтихоб супоридани шаҳодатномаи Президент аз тарафи раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Бахтиёр Худоёрзода хеле таъсирбахш аст. Шаҳодатнома ифодагари он аст, ки дар ҳафт соли оянда мардуми шарифи кишвар роҳбарии давлатро ба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бовар кардааст.
Лаҳзаи дигари таъсирбахш он аст, ки раиси Суди конститутсионии Тоҷикистон Абдулҳафиз Ашўрзода ба Президенти навинтихобшуда Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро месупорад, ки ин маънои расман ба вазифаи Сарвари давлат шуруъ кардани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дорад. Мардуми тоҷик кайҳо ҳис кардаанд, ки Эмомалӣ Раҳмон, ки дар гардан Нишони президентиро доранд, бори хосу омми мардуми кишварро ба дўш гирифтаанд ва барои ҳар фарди кишвар ѓамхорӣ мекунанд.
Дар толори Кохи Сомон бошад, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дасти ростро ба рўи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта савганди садоқатро ба забон оварданд.
Ин савганд ифодагари он аст, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар марҳилаи нави таърихӣ ҳамчун Сарвари давлат барои содиқ мондан ба Ватан, ба мардуми заҳматқарини Тоҷикистон омода ҳастанд ва бо тамоми қувва барои мардуми азизу диёри арҷман хизмат мекунанд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сари таъзим ба мардуми шарифи кишвар фуруд оварданд ва сипосмандии худро ба боварии мардум изҳор доштанд. Ин суханони Президенти Тоҷикистон пур аз самимият ба мардум буд: «Ман имрўз садҳо маротиба шукрона мекунам, ки сазовори эътимоду бовари халқи азизам ҳастам ва барои ин эътиқоду ихлоси бузург ва дастгириву дуои хайри падарону модарон дар назди тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон сари таъзим фуруд меорам. Ман ҳамаи шумо - халқи азизам ва хурду бузурги Тоҷикистонро сидқан дўст медорам ва то нафаси вопасин ба шумо содиқона хизмат мекунам».
Дар идомаи суханронӣ баён мекунанд, ки Тоҷикистон ба чӣ гуна дастовардҳо ноил гардид ва боз таъкид мекунанд, ки ҳамаи ин ҳанўз оѓози кор аст ва дар пеш боз корҳои зиёд ҷой дорад. «Бо вуҷуди ҳама дастовардҳои зикргардида, мехоҳам хотирнишон созам, ки мо ҳанўз дар оѓози марҳалаи бисёр муҳимми рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва раванди ободонии Ватани азизамон қарор дорем ва барои амалӣ намудани нияту нақшаҳои некамон бояд боз ҳам бештар ва содиқона заҳмат кашем.
Дар ҳафт соли оянда бо роҳи истифодаи самараноки захираҳои миллӣ ва тамоми имкониятҳо мо бояд ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил гардем, Тоҷикистонро аз бунбасти коммуникатсионӣ пурра раҳоӣ бахшида, ба кишвари транзитӣ табдил диҳем. Дар ин муддат мо бояд ба ҳадафи дигари стратегӣ – ҳифзи амнияти озуқаворӣ наздик шавем, раванди саноатикунонии босуръатро, ки ба ташкили садҳо ҳазор ҷойи нави корӣ ва кам гардидани муҳоҷирати меҳнатӣ мусоидат мекунад, густариш бахшем».
Ҳамчунин дар ин суханронӣ мақсаду мароми Ҳукумати кишвар дар ҳафт соли оянда зикр гардид.
Суханронии тантанавии Президенти Тоҷикистон, кафкўбиҳои самимонаи аҳли толор беихтиёр ин байти гузаштагонамонро ба хотир меоварад, ки гуфтаанд:
Ба халқе, ки некӣ писандад Худой
Диҳад ҳокими оқилу некрой.
Воқеан роҳбари оқилу одилу некрой насиби мардуми тоҷик гардидааст, ки аз буданаш фахр бояд кард.
Амир Исмоили Сомонӣ ва дигар умарои қадима баъди тоҷгузорӣ гузашти асокиру ҷайшро ташкил менамуданд ва ба амиру подшоҳ байъати садоқат мекарданд. Имрўз эҳёи ин таомули қадимаро мебинем, ки низомиёни кишвар ба Президент савганди садоқат ёд мекунанд.
Маросими савгандёдкунии Президенти Тоҷикистон, ки санаи 30 октябр баргузор гашт, танҳо як маросими сиёсӣ ва ё расмӣ нест. Он маромнома ва ё нақшаи амал ва зиндагии мардуми кишвар дар ҳафт соли оянда аст.
Пайрав Сулаймонӣ – устоди факултети забонҳои шарқ