​Савганди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳнамои мардум ба сӯи ояндаи ободу дурахшон

Тавре мо мардуми шарифи Тоҷикистон ва хоса аҳли илму маърифат санаи 30 октябри соли 2020 тариқи шабакаҳои телевизионии кишвар мустақиман маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тамошо кардем.

Нахуст дар Қасри миллат маросими тақдими шаҳодатнома ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, баъдан дар Кохи Сомон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон савганд ёд намуданд.

Зимни суханронӣ ва муайян намудани нақшаву ниятҳои неку наҷиби давлатдории навини миллӣ барои ояндаи ободу дурахшон нахуст барои эътимоду боварӣ ва додани раъйи худ дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҷаноби Олӣ ба мардуми шарифи Тоҷикистон изҳори сипосмандӣ намуда, таъкид намуданд, ки “ман аз мардуми азизи Тоҷикистон як ҷаҳон сипосгузорам, ки заҳмату талошҳои маро бо иштироки фаъолонаи худ қадрдонӣ карда, муҳаббату самимияти нисбат ба ман доштаашонро бо додани раъйи хеш исбот намуданд”.

Муҳтарам Ҷаноби Олӣ зимни суханронии пурмуҳтавои хеш аз дастовардҳои тӯли 7 соли охир ба даст омада дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббусу иқдомҳои наҷиб ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои олии давлат, ки баҳри муҳайё намудани шароити арзандаи зиндагӣ барои мардуми кишвар ба анҷом расонида шуданд ёдовар шуданд.

Тибқи иттилои Пешвои муаззами миллат дар солҳои 2013-2020 ҳаҷми воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ беш аз ду баробар афзуда, суръати миёнаи солонаи рушди он ба 7 фоиз баробар гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар як сокини мамлакат 1,7 баробар, даромади пулии аҳолӣ беш аз 2 баробар ва музди меҳнати миёнаи як корманд 2,4 баробар афзоиш ёфт.

Дар мамлакат зиёда аз як миллион ҷойи корӣ таъсис дода шуда, сатҳи камбизоатӣ аз 38,3 фоизи соли 2013 то 26,3 фоиз дар соли 2020, яъне 12 фоиз паст гардид. Дар давраи зикршуда муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 245 ҳазор хонанда, муассисаҳои тандурустӣ бо 9 ҳазор кат ва манзили истиқоматӣ ба масоҳати 9 миллион метри мураббаъ сохта, ба истифода дода шуданд. Дар ин давра беш аз 1500 километр роҳҳои мошингард, 190 пул, 50 километр роҳи оҳан бунёд гардида, имкониятҳои транзитии кишвар тавсеа пайдо карданд. Дар ҳафт соли охир ба соҳаи энергетикаи кишвар ҷиҳати таҷдиди иқтидорҳои амалкунанда ва бунёди иқтидорҳои нав беш аз 32 миллиард сомонӣ равона карда шуд.

Инчунин муҳтарам Ҷаноби Олӣ аз дастгириву заҳмати содиқонаи мардуми кишвар дар роҳи расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат бамаврид ёдовар шуда, аз амалӣ намудани нақшаву ниятҳои неку наҷиб ёдовар гардиданд.

Ҳамзамон дар баробари пешрафту шукуфоии Тоҷикистони биҳиштосо Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нақшаву ниятҳои наҷиб дар ҷодаи пешрафти босуботи кишвар дар ҳафт соли оянда ибрози назар намуда, самтҳои афзалиятноки сиёсати оқилонаву бобарори Ҳукумати мамлакатро муайяну мушаххас намуданд.

Дар канори дигар масъалаҳои мубрам Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба нақшаву ниятҳои неку дурнигарона дар самти рушди бонизоми соҳаи илму маориф ёдовар шуда, иброз доштанд, ки “бо дарназардошти он, ки илму маориф соҳаҳои калидии сиёсати иҷтимоии давлат маҳсуб меёбад, мо ислоҳотро дар ин самт идома дода, пояҳои моддиву техникии ин соҳаҳоро таҳким мебахшем ва мақоми омӯзгорро дар ҷомеа минбаъд низ баланд мебардорем. Дар ҳафт соли оянда барои боз ҳам беҳтар намудани солимии ҷомеа тамоми тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, маблағгузории соҳаҳои тандурустӣ ва хизматрасонии иҷтимоӣ мунтазам зиёд карда мешавад”.

Мо омӯзгорони ҷавон ва аҳли илму маърифати кишвар ҷавобан ба ин ғамхориву нақшаҳои дурнигарона ҷаҳду талош менамоем, ки тамоми донишу малакаи худро баҳри расидан ба татбиқи муваффақонаи нақшаву ниятҳои наҷиби пешниҳоднамудаи муҳтарам Ҷаноби Олӣ сафарбар намоем.

Мирзабоев З.З.,

Сатторова Ф.А. Акилова М.М.

Омузгорони кафедраи нақшакашӣ ГТ ва МТ

Факултети санъати тасвирӣ ва технология

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ