Шахсе, ки арзандаи интихоб аст
Санаи 30-юми октябри соли 2020. Санае, ки дар таърих бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Ин рӯз рӯзест, ки шахсе бо номи Эмомалӣ Раҳмон баҳри хидмати содиқона ва софдилона барои рушду тақвияти давлату миллати куҳанбунёди тоҷикон барои 7 соли оянда, савганди садоқатмандонаи хешро дар назди вакилони халқ ва мардуми шарифи Тоҷикистон ёд кард.
Ёдовар мешавем, ки санаи 11-уми октябри соли равон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи бисёр ҳам муҳими сиёсӣ – интихоботи президентӣ баргузор гашта буд. Дар чорабинии сиёсии мазкур тамоми шаҳрвандони шарафманди Тоҷикистон бо маданияти баланди сиёсии худ иштирок намуданд. Дар он аксарияти шаҳрвандон бо иродаву ихтиёри хеш ба ҷонибдории номзадии Эмомалӣ Раҳмон овоз доданд ваЭмомалӣ Раҳмон бо касби 90,92%-и раъйи мардум бори дигар ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гаштанд. Натиҷаҳои интихобот собит месозад, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеан ҳам Пешвои мардумӣ ва Президенти қонунист. Шахсиятест, ки кайҳо боз бо хидматҳои шоиста ва поквиҷдонона ба давлату миллати худ имону боварии мардумро сазовор аст ва албатта, шахсияти арзандаву лоиқ.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади хеш дар маросими савгандёдкунӣ чунин гуфтанд: “ Ман ба мардуми шарифи Тоҷикистон аҳди ҷавонмардӣ медиҳам, ки тамоми ҳастии худро дар роҳи ҳифзи истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи комилу пойдори сиёсӣ, сарҷамъии миллат, ваҳдати миллӣ ва пешрафту ободии Тоҷикистони азизу маҳбубамон мебахшам”.
Бояд гуфт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳақиқат фарзанди фарзона ва сарсупурдаи давлати навини тоҷикон маҳсуб гашта, ҳанӯз аз солҳои аввали ба сари қудрати сиёсӣ омадан, баҳри рушду нумӯи давлати тозаистиқлоли миллати тоҷик бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, ифтихор аз ниёгони хеш, бо ғурури рустамона ва шуҷоати мардона хидмати содиқона карда истодаанд ва баҳри суботи сиёсӣ, устувории ваҳдати миллӣ, зиндагии шоиставу арзандаи мардуми Тоҷикистон ва имрӯзу ояндаи дурахшони давлату миллати хештан ягон чиз, ҳатто ҷони худро дареғ нахоҳанд дошт.
Гуфтан зарур аст, ки мардуми шарифи Тољикистон ба арзишњои давлату миллати хеш эњтиром ќоил аст ва онро чун гавњараки чашм муњофизат хоњад кард. Њама ин тараќќиёт, рушду такомул, пешрафт, ободониву созандагї, амнияту бехатарї магар аз сулњу вањдат нест? Ин ҳама рушду такомули давлат маҳз натиҷаи хизматҳои шабонарӯзии халқи тоҷик ва эътимоду боварии онон ба роҳбарии Пешвои маънавибунёд ва созандааш – Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Юсуфзода Ғайрат Маъруф – устоди донишгоҳ