​Ҳизби покнияту ободкор!!!

Дар майдони сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол давоми солҳоитӯлонӣҳизбу ҳаракатҳои сершумор арзи ҳастӣ ва фаъолият менамоянд, ки шаҳодати воқеъии мавҷудияти меъёрҳои олии демократия мебошад. Ҳар як ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ вобаста ба мақсаду маром ва ҳадафҳои худ мавқеи муайянеро дар ҳаёти ҷомеа пайгирӣ намуда кӯшиш менамоянд, ки эътибори худро дар байни аҳолӣ тақвият бахшанд. Баъзе ҳизбҳои сиёсӣ бошанд, дар Оинномаи худ мақсади дигар нишон медиҳанду дар асл бо ҳадафҳои дигари ифротӣ машғул мешаванд. Ин амалҳои номатлуби роҷеъ ба ғасби ҳокимият ва кӯшиши табаддулоти давлатӣ боис гирдид, ки фаъолияти Ҳизби наҳзати ислом дар ҳудуди Тоҷикистонмамнӯъ ва он ташкилоти террористию экстремистӣ ҳисобида шавад. Шукронаи Офаридгор, ки бар зидди чунин ҳизбҳои ифротгароӣ дар кишвари биҳиштосою зебоманзарамон ҳизби сиёсие вуҷуд дорад, ки ниятҳои некӯӣ ва поки инсонӣ дораду ҳадафҳо пайвастааш ба созандагию ободкорӣ равона гардидааст.

Ҳама дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро бо итминони комил ба фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонтавъамшуморид. Зеро, ҳизби номбурда давоми зиёда аз 25 соли фаъолияти сиёсии худ исбот намуд, ки садоқат ба мардуми Ватани маҳбуб меҳвари такявии ӯ мебошаду аъзои ҳизб табақаи фаъолтарину пешбарандаи ҳамаи қишрҳои ҷомеа мебошанд. Кӯшиши созандагию ободкории Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро давраи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон исбот намуд, ки нишонаи соҳибобрӯву эътибор ва муваффақ будани он мебошад. Мардуми оддӣ бо иштироки фаъолона дар ҷараёни интихобот ва натиҷаи овоздиҳӣ ба тарафдории номзади арзанда аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бори дигар собит карданд, ки ҳизби зикрёфта дар ҷомеа мақоми хоса дорад, ки бевосита ба шахсияти роҳбари ҳизб - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такя менамояд. Талқини арзишҳои олии тамаддуни инсонӣ маҳаки асосии ғояҳои ҳизби мазкур ба ҳисоб рафта талошҳои муваффақонаи онро бо рушди соҳаи саноат, эътибори хоса ба соҳаи маориф, соҳаҳои дигари иҷтимоӣ, бунёди иншоотҳои азим ва ғайра метавон муаррифӣ намуд. Алалхусус, таблиғи рукнҳои худогоҳӣ, хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ ва дигар арзишҳои олии инсонӣ падидаҳои равшани файзбору нуровари ҷомеа мебошанд, ки аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайваста амалӣ намуда истодаанд.

Дар ин радиф месазад, ҳар як фарди соҳиборияти кишвар мақсаду ҳадафҳои созандаю ободкоронаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро пайваста пешгирӣ намояд ва бо якдилию сарҷамъӣ дар атрофи он мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дошта бошад. Бо тозаю озода нигоҳ доштани манзили худ, шинонидани ниҳолу буттаҳо, пешгирии олудашавии муҳити зист бо партовҳо ва ғайра дар рушди ҷомеа ва истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузори фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон гардад.

Собиров М.С.-мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, дотсент

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ