Таассурот: Падари ғамхору олиҳиммат!
Дар ҷараёни суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи дониш ва дарси Сулҳ огоҳӣ ёфтем, ки давоми таърихи наздик 30–солаи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди кишвар қариб 2900 адад муассисаҳои хурду калони таълимӣ бунёд гардиданд ва масъалаи рушди соҳаи маориф яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Қайд гардид, ки соҳаи маориф заминаи асосии рушди давлат буда аз ин лиҳоз, барои ҳавасманд гардонии омӯзгорон ҳамасола зиёд намудани ҳаҷми маош мувофиқи имконияти иқтисодии давлат таъмин карда мешавад. Дар ин радиф, аз 1-уми сентябри соли 2020–ум дар ҳаҷми 15% зиёд кардани маоши кормандони соҳаи буҷавӣ нишонаи таваҷҷӯҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф мебошад.
Ҳангоми вохӯрии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷомеаи меҳнатии муассисаи таълимии навбунёд таваҷҷӯҳи Пешвои муаззами миллат ба шароити меҳнатӣ, оилавӣ ва иқтисодии як омӯзгори ҷавон ва таъкиди махсус ба вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии доимӣ ва тарбияи кадрҳои ҷавон нишонаи эҳсосоти олии падарона ва ғамхоронаи сарвари давлат мебошад. Ҳар як нафар аз тамошои ин вохӯрӣ барои худ ҳиссиёти гуворое пайдо намуд, ки шаҳрванди ҷавони Тоҷикистон дар симои Пешвои муаззами миллат шахсияти маҳбубу барои худ наздик, чун волидайнро бояд бинад. Зеро, суханронии он кас оид ба раванди тарбияи ятимони кулли кишвар ва масъул буданашон ба тарбия, таҳсилот ва оиладории ин табақаиниёзмандон хеле мутаасирона буд, ки барои насли наврас ва ҳам масъулини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мактаби бузурги инсондӯстӣ ва ташаккули ифтихори миллӣ мебошад. Боз якбори дигар исбот гардид, ки ба Тоҷикистониён Оллоҳ тӯҳфаи арзандае додааст, ки он аз сарвари давлат интихоб гардидани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иборат аст.
Суханронӣ ва муносибати Пешвои муаззами миллат дар вохӯрӣбо кормандони соҳаи маориф ҳар як фарди соҳибақлу бовиҷдон, ватандӯсту худогоҳии Тоҷикистонро водор менамояд, ки аз амалҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илҳом гирифта нерӯи худро барои ободию шукуфоии Ватани маҳбубамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол равона созанд.
Собиров М.С., мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи МДТ
“Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, дотсент