Истифодаи технологияи инноватсионии иттилоотӣ барои ҳалли масъалаҳои эҷодӣ аз фанҳои дақиқ

Яке аз ҳадафҳои асосии таҳсилоти олии касбӣ тайёр намудани мутахассисони касбӣ мебошад. Мавҷудияти фармоиши иҷтимоии тайёр намудани мутахассисони оянда бо сатҳи зарурии салоҳияти касбӣ дар шароити ҷомеаи муосири иттилоотӣ талаб мекунад, ки муассисаҳои таълимӣ муҳитҳои муосири таълимиро муҷаҳҳаз гардонанд, ки дар тайёр кардани мутахассисони соҳибтаҷриба, эҷодкор ва навовар мусоидат мекунад.

Истифодаи дурусти компютер дар ҷараёни таълим имкон медиҳад, ки раванди омӯзиш дар шароити нав имконпазир гардад, вақте ки омўзгор манбаи ягонаи маълумот барои донишҷӯён қатъ мегардад.

Одатан, аксарияти омўзгорон ва донишҷӯён, ки бо таҷҳизоти компютерӣ шиносанд, ки онҳо системаҳои акустикӣ (баландгўяк), панели садогии компютер, микрофон, камераи махсуси видеогии компютерӣ ва эҳтимолан джойстикро доранд. Ҳамаи ин таҷҳизотҳо, албатта, ҷузъҳои алоҳидаи таҷҳизоти мултимедиявӣ ҳастанд, барои истифодаи оддӣ мебошанд, ҳадафҳои хеле дақиқ доранд ва ягон тавсифи муфассал талаб намекунанд.

Диққати бештарро таҷҳизоти махсуси мултимедиявӣ мегирад, ки мақсади он баланд бардоштани самаранокии омӯзиш мебошад. Дар байни ин таҷҳизотҳои муосир, пеш аз ҳама, бояд тахтаи интерактивии мултимедиявӣ дохил карда шавад.

Дар байни навовариҳои техникӣ, ки имрӯз дар донишгоҳ ҷорӣ шудааст, ҷойи махсусро тахтаи интерактивӣ гирифтааст. Тахтаи интерактивӣ – маҷмӯи таҷҳизоте, ки ба омўзгор имконияти ба роҳ мондани раванди таълим дар намуди шавқовар, визуалӣ ва динамикиро медиҳад.

Тахтаи интерактивӣ – воситаи нави техникии таълим мебошад, ки вай ҳамаи имкониятҳои технологияҳои муосири иттилоотиро ба ҳам мепайвандад. Он яке аз принсипҳои муҳимтарини таълим – аёниро таъмин мекунад.

Масъалаҳои физикӣ бо хусусиятҳои худ аз масъалаҳои муқаррарӣ фарқ мекунанд. Выготский қайд карда буд, ки таълим хусусияти инкишофёбандагӣ дошта, дар ҳудуди наздиктарини инкишофи тафаккури хонандаро дар бар мегирад. Дар зери мафҳуми ҳудуди инкишофи наздиктарин ў амали фикриеро, ки хонанда мустақилона иҷро карда натавонад ва аз тарафи муаллим ё бо ёрии роҳбари илмӣ ин амалҳо иҷро карда тавонад, ҳудуди наздиктарини акидарониро дар бар мегирад.

Аз ин ақида, чунин хулоса бароварда мешавад, ки инкишофи фаъолияти эҷодии хонанда – ҷараёни бемайлон пурмаҳсули дуру дароз мебошад. Системаи кори муаллим барои фаъол кардани фаъолияти эҷодии хонанда бо ба ҳисобгирии пайи ҳам аз рӯи нақша ва барои ба мақсад расидан суботкорона ба як самт фаъолият бурдани субъектро дар назар дорад. Дар ин ҷо қайд кардан лозим, ки системаи кории муаллим барои фаъол кардани фаъолияти маърифатӣ (эҷодӣ) диққати худро барои ҳалли муаммоҳои зерин равона карданаш лозим мешавад, дар хусус:

  • равияҳои асосии кор чӣ гуна бояд шавад?
  • зинаҳои инкишоф дар ин маврид чӣ гуна ифода ёфтааст?
  • кадом восита ва усули таълим дар ҳар зинаи инкишоф истифода бурда мешанад?

Барои ба ин саволҳо ҷавоби этимоднок пешниҳод кардан бояд ин муаммои пешниҳодшударо аз назари илмӣ таҳлил кардан лозим мешавад.

Ба ҳамагон маълум аст, ки фаъолияти дилхоҳи инсон (аз фаъолияти эчодӣ ё маърифатӣ) дар хусус аз амалҳои алоҳида сарҷамъ кардашуда иборат буда, амал ба амалиётҳои алоҳида ҷудо мешаванд.

Дар адабиётҳои илмӣ - методӣ аз фанни физика омадааст, ки дар ҷараёни фаъолияти маърифатӣ, амалиётҳои алоҳида иҷро мешаванд, дар хусус: эҳсоснок фаҳмонидани мавод аз тарафи муаллим, кор бо китоб ва адабиёти иловагӣ, ҳал кардани масъалаҳо, иҷроиши супоришҳои эксперименталӣ ва ғайра иборат мебошад. Асоси ҳар як амали иҷро шударо ба амалиётҳои алоҳидаи дилхоҳ ҷудо кардан мумкин аст, ки ин ҷараёни психикиро дар бар мегирад: ба мисоли эҳсос, дарк, тасаввурот, тафаккур, хотира, хаёл, ва ғайра.

Дар ҷараёни фаъолияти маърифатӣ ё инкишоф тафаккури субъект роли ҳалкунандаро мебозад, ки дар маврид мантиқан бо воситаи органҳои беруна ва дохилӣ иҷро шуда асоси фаъолияти эҷодии хонандаро дар бар мегирад, ки сифати тасаввуроти таълимиро таъмин мекунад. Дар ин маврид хотира чӣ қадаре, ки мустаҳкам бошад, хусусият ва моҳияти мафҳум дар тафаккури субъект бештар нигоҳ дошта мешавад. Дар мавриди фаҳмидани моҳияти муаммо он бо пуррагӣ дар мавриди фаъолияти амалӣ дар асоси ақидаронӣ эҳсос карда мешавад. Дарки мафҳум дар мавриди хаёлан ифода шудани муаммои муоинашавандаро ба гурўҳҳои алоҳида ҷудо намуда пеш аз фаъолият ҷамъбаст кардани он ба дараҷаи мафҳум ташаккул меёбад.

Дар мавриди мушоҳидаи номаълум субъект кўшиш мекунад, ки ин муамморо ба қисмҳо ҷудо карда, пас аз таҳдили алоҳида ва омўзиши чуқур тасаввуроти аниқе пайдо кунад.

Ҳамин тариқ, фаъол кардани фаъолияти эҷодии хонанда дар ҷараёни таълим – ин пеш аз ҳама фаъол кардани тафаккури хонанда мебошад. Муҳим будани чунин ақидаро психолог С.Л. Рубенштейн чунин қайд карда буд: муҳимтарин кори (таълим) тарбияи тафаккур, қобилияти на фақат соҳиб шудан ба амалиётҳои ба нақша гирифташуда, амалҳое, ки аломатҳои пешакӣ додашударо ҳамроҳ кардан набуда, балки кушодани алоқаи нав дар ташаккули муаммо ва расидан ба мақсад аз назарӣ нав мебошад.

Усмонов Акмалҷон Акбарҷонович

сармуаллим, факултети физикаю техника

Ашўрова Таҳмина Абдулатифовна

дотсент, факултети физикаю техника

Усмонова Матлуба Абдуразоқовна

корманди техникӣ, факултети физикаю техника

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ