​Фаъолияти корхона - самти афзалиятноки саноатикунонии кишвар

Чун ҳамеша таҳлили саҳеҳу ҳамаҷонибаи вазъи соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат, шароити мураккаби сиёсию иқтисодии минтақа ва ҷаҳон, дарки амиқи самтҳои имконпазири рушди устувори ҷумҳуриамон боз як мисоли такмилу инкишофи сиёсати созандаю сафарбаркунанда ва талошҳои арзандаи Пешвои муаззами миллатамон дар самти беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум ва боло бардоштани мақоми байналмилалии ҷумҳуриамон мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон хеле бамаврид қайд намуданд, ки «Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” – иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ба шарофати он орзуи чандинсолаи мардуми шарифу заҳматқарини тоҷик амалӣ гардид, ибтидои гардиши куллӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва як қадами устувору бузурги кишвари мо дар самти расидан ба ҳадафи якуми стратегии миллӣ – истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад».

Дар партави тамоюли рушди ҷаҳони муосир, дар шароити глобалишавии тамоми ҷабҳаҳои фаъолияти ҷомеа, дар вазъияти талоши кишварҳои пешрафта барои ривоҷи бозори молу маҳсулот, бе назардошти манфиати кишварҳои истеъмолкунанда кӯшишҳои пайгиронаи Ҷаноби Олӣ дар самти аз кишвари аграрию индустриалӣ ба кишвари индустриалию аграрӣ (ҳадафи чоруми стратегӣ) табдил додани ҷумҳуриамон иқдоми олии мантиқӣ ва ҷасурона мебошад.

Барои ба кишвари индустриалӣ табдил ёфтани кишварамон, пеш аз ҳама мавҷудияти ду омили асосӣ – манбаи энергия ва фаъолияти бемамониати инфрасохтори нақлиётӣ зарур аст. Хушбахтона аз се ду ҳадафи стратегие, ки дар назди Ҳукумати ҷумҳурӣ меистод, ин омилҳоро таъмин карда, заминаи мустаҳкам барои ҳадафи чорум рўй овард.

Дар эълон гардидани ҳадафи чорум мо сиёсати дурбинонаи мантиқии Пешвои миллатро баҳри ба яке аз давлатҳои пешбурда мубаддал кардани Ҷумҳурии Тоҷикистон баръало ҳис мекунем.

Аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳонидани кишвар ва ба кишвари транзитӣ табдил додани давлати Тоҷикистон, инчунин истиқлолияти комили энергетикӣ такони ҷиддӣ дар самти саноатикунонии кишвар мебошад.

Дар ин қатор назорати қатъии истифодаи имконияту иқтидорҳо дар раванди саноатикунонӣ зарур аст. Зеро мувофиқи мақсад ба роҳ мондани сарфи маблағҳои ҷудошуда роҳи моро ба ҳадафи стратегӣ кӯтоҳ мекунад.

Дар зери мафҳуми истеҳсолот дар шароити иқтисоди бозоргонӣ ҳамаи намуди фаъолиятие, ки новобаста аз он ки ин фаъолият дар соҳаи истеҳсолоти моддӣ ё маънавӣ буда, даромад меорад, фаҳмида мешавад.

Сохтори воҳидии асосии хоҷагидорӣ дар шароити иқтисоди бозорӣ, корхона ба ҳисоб меравад. Танҳо корхона ҳамчун истеҳсолкунандаи маҳсулот ва хизматрасонӣ, субъекти муҳими иқтисоди бозорӣ, баромад мекунад.

Фаъолияти соҳибкорӣ (соҳибкорӣ) – фаъолияти мустақили ташаббускоронаи шахс буда, ба қонеъ кардани талаботи ҷомеа ва ба даст овардани фоида равона шудааст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин шаҳрвандон (шахсони воқеӣ) ва корхонаҳо, яъне шахсони ҳуқуқӣ метавонанд бо фаъолияти соҳибкорӣ машғул шаванд. Статуси соҳибкорӣ баъди гузаштани қайди давлатии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дода мешавад. Бе қайди давлатӣ фаъолияти соҳибкорӣ ба амал оварда намешавад.

Ҳуқуқ, вазифа, ўҳдадорӣ ва кафолати соҳибкорӣ аз тарафи қонунгузорӣ ба тартиб дароварда шудааст. Аз тарафи қонунгузорӣ кафолат дода мешавад:

Ҳуқуқи машғул шудан бо фаъолияти соҳибкорӣ, ташкили корхона ва харидорӣ намудани моликият, ки барои бурдани фаъолияти он зарур аст.

Баробарҳуқуқии субъектон дар бозори омилҳои моддӣ, захираҳои меҳнатӣ, ахборот ва омилҳои табиӣ.

Баробарии шароити фаъолияти соҳибкорӣ новобаста аз шакли моликият ва шакли ташкилӣ-ҳуқуқии корхонаҳо.

Ҳифзи моликияти корхона аз мусодираи ғайриқонунӣ.

Роҳ надодан ба рақобати ноинсофона ва вазъи монополӣ дар бозор ба манфиати молистеҳсолкунандагони алоҳида.

Фаъолияти соҳибкорӣ метавонад бе ташкил кардани шахси ҳуқуқӣ ба амал оварда шавад. Яъне фаъолияти соҳибкорӣ бе ташкили шахси ҳуқуқӣ аз ҷониби шаҳрванд – соҳибкорони индивидуалӣ, ки аз қайди давлатӣ гузаштаанд, ба амал оварда мешавад.

Шахси ҳуқуқӣ – ташкилоте, ки барои бурдани фаъолияти хоҷагидорӣ ё идоракунии оперативӣ дар ихтиёри худ молу мулк дорад, барои ўҳдадориҳои худ бо ин молу мулк ҷавобгар аст, метавонад аз номи худ амвол харидорӣ намояд ва дигар фаъолияти ғайриамволии шахсиро ба амал орад ва дар суд ҳамчун даъвогар ё ҷавобгар иштирок мекунад.

Шакли асосии ташкили фаъолияти соҳибкорӣ – корхона мебошад.

Корхона – субъекти мустақили хоҷагидорӣ, ки дар асоси қонунгузорӣ барои истеҳсоли маҳсулот, анҷом додани кор ё хизматрасонӣ бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи ҷомеа ва ба даст овардани фоида ташкил шудааст.

Корхонаи истеҳсолӣ воҳиди мустақилгардонидашудае мебошад, ки асоси онро ҷомеаи меҳнатии мутташаккили касбӣ ташкил медиҳад ва бо истифода аз воситаҳои истеҳсолот маҳсулоти барои истеъмолгарон зарурро тайёр мекунад.

Ба корхонаҳои истеҳсолӣ заводу фабрикаҳо, комбинату конҳо, бандарҳову роҳҳо ва дигар ташкилотҳои хоҷагидории таъиноти истеҳсолӣ доштаро мисол овардан мумкин аст.

Муҳити дохилии корхона – ин одамон, воситаҳои истеҳсолот, пул ва ахбор мебошад. Натиҷаи таъсири муттақобилаи қисматҳои дохилӣ маҳсулоти тайёр (кори иҷрошуда, хидмати расонидашуда) ба ҳисоб меравад.

Муҳити берунаи корхона, ки бевосита самаранокии кори онро муайян мекунад – ин, пеш аз ҳама, истеъмолгарони маҳсулот, таъминкунандагони қисматҳои истеҳсолӣ ва сохторҳои давлативу аҳолии дар гирду атрофии корхона воқеъгашта мебошад (расми дар поён буда). Аз нуқтаи назари ҳуқуқӣмутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «корхона» ҳамчун субъекти мустақили хоҷагидорӣ, ки барои истеҳсоли маҳсулот ва хидматрасонӣ бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи ҷомеа ва гирифтани фоида фаъолият мекунад, баромад менамояд.

Ба вазифаҳои муҳимтарини корхонаи амалкунанда дохил мешаванд:

ба даст даровардани даромад аз фаъолияти соҳибкории корхона;

таҳлил намудани бозор ва дарёфти талабот ба маҳсулот ва хадамоти корхона;

баланд бардоштани сифати маҳсулот ва таъмин намудани ба рақобат тобоварии он;

таъмин намудани истеъмолкунандагон бо маҳсулоти корхона;

таъмин намудани ҳайати кормандони корхона бо музди меҳнат, шароити мусоиди кор ва имкони рушди касбӣ;

бунёди ҷойҳои корӣ барои аҳолие, ки дар гирду атрофии корхона истиқомат доранд;

ҳифзи муҳити атроф: замин, об ва ҳавзаи ҳавоӣ;

Фишангҳои танзими давлатӣ, ки дар соҳаи иқтисодиёт амал мекунанд, доираву ҳудудҳои дахолати берунаро ба фаъолияти корхона муайян менамояд, аммо бартараф намесозад. Корхонаҳои хусусӣ, кооперативӣ, саҳҳомӣ ва дигар намуди корхонаҳо низ аз назорати давлатӣ озод нестанд. Давлат аз болои чунин намудҳои фаъолияти корхона назорат мебарад:

даромади корхона ва пардохти андозҳо;

ҳолати санитарии истеҳсолот;

таъинот ва дараҷаи техникии маҳсулот;

риояи стандарт ва шароити техникии истеҳсолот;

ҳифзи ҳуқуқӣ ҳайати кормандони кироя ва як қатор паҳлуҳои дигари фаъолияти корхона;

Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст, ки корхона барои ҳамаи намудҳои фаъолияти худ пурра масъул аст.

риояи манфиатҳои давлат ва ҳуқуқи ша[рвандон;

риояи қонун ва муҳофизати муҳити атроф;

афзоиш додани амволе, ки давлат ё саҳмиядорон боварӣ карда супоридаанд;

афзоиши самаранокии истеҳсолот.

Бо ташкил кардани коргоҳҳои хурди саноатӣ ба роҳ мондани коркарди ниҳоии маҳсулоти кишоварзӣ, боғдорӣ ва чорвопарварӣ дар дохили ҷумҳурӣ татбиқи амалии таъмини озуқавории аҳолӣ ва ба хориҷа содир намудани маҳсулоти тайёри хӯрокаро ба роҳ мондан зарур аст.

Инчунин қайд намудан бамаврид аст, ки соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ дар раванди расидан ба ҳадафи саноатикунонии кишвар саҳмгузор бояд бошанд. Ҳар соҳа мувофиқи нерӯи ақлонӣ, ҷисмонӣ ва имкониятҳои молиявию истеҳсолии худ дар ин роҳ қадами устувор гузорад: соҳаи маориф бо омодакунии кадрҳои баландихтисос (оғоз аз боғчаву мактабҳои таҳсилоти умумӣ то ба коллеҷу донишгоҳҳо), соҳаи сохтмон бо сохтани инфрасохтори ҷойгиршавандаи корхонаҳои саноатӣ, соҳаи роҳу нақлиёт бо таъмини корхонаҳои саноатӣ бо маводи зарурӣ – ашёи хому тайёр ва нимтайёр ва монанди инҳо.

Махмудова Н.Н., Аҳророва М.Ҳ. –

устодони кафедраи электроникаифакултети физикаю техника

МДТ «ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»

Умаров Н.Н.-

магистранти факултети молия ва иқтисоди бозор

МДТ «ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ