​Назари Куруши Кабир доир ба амният дар бозсароии Сайидалии Солеҳӣ

Худшиносии миллӣ, пос доштани хотираи неки гузаштагон ва арҷ гузоштан ба корномаи онҳо яке аз омилҳои таъмини амнияту озодӣ ба шумор меравад.

Дар заминаи худшиносии миллӣ дарадабиёти бадеии форсӣ дар асри бист жанре ба вуҷуд омад, ки бо номи бозсароӣ маъруфият касб кард. Аслан, бозсароии сурудаҳои динӣ, фарҳангӣ дар адабиёти ҷаҳонӣ ва аз ҷумла, дар адабиёти форсу тоҷик таърихи тўлонӣ дорад ва барои исботи ин иддао дар асри Х тарҷума ва ба забони форсӣ-тоҷикӣ дар намуди насри мусаҷҷаъ ва шеър баргардон намудани Қуръон мисол гашта метавонад, ки олимони замони мо онро «Пуле миёни шеъри ҳиҷоӣ ва арўзии порсӣ» номидаанд.

Дар жанри бозсароӣ рўҷўъ ба офаридаҳои пешиниён мешавад. Яъне асарҳои давраҳои бостонӣ аз сари нав ва бо шеваи нав аз тарафи шоир ва ё нависанда бозгўӣ мегардад ва дар натиҷа асаре ба вуҷуд меояд, ки маънои қадимаашро ҳифз карда, бо забони муосир суруда мешавад. Агар аз ин нуқтаи назар бигирем, «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ҳам як навъ бозсароии достонҳои куҳан аст, ки перояи нав ба бар кардааст ва худи ў ишора дорад:

Куҳангашта ин достонҳо зи ман,

Ҳаме нав шавад бар сари анҷуман

Яке аз адибони муосири Эрон, ки дар жанри бозсароӣ ном бароварда ва ба мавзўъҳои миллӣ-ватандўстӣ руҷўъ намудааст,Сайидалии Солеҳӣ мебошад. Ў зодаи деҳаи Марғоби Хузистон аст ва дар соли 1334 ҳиҷрии шамсӣ (1955) по ба арсаи вуҷуд гузоштааст. Алҳол яке аз адибони маъруфи ин кишвар ба шумор меравад.

Соли 2005 маҷмўаи сурудаҳои ў бо номи «Манам Куруш – шаҳриёри рўшноиҳо» ба нашр расид. Асоси бозсароии Сайидалии Солеҳиро маншуритаърихии Куруши Ҳахоманиш, сангнавиштаҳои ў, ки дар Тахти Ҷамшед, дар Шуш ва Посоргирд боқӣ мондаанд, ташкил медиҳад. Худи шоир қаблан суханони Зардуштро бозсароӣ карда буд ва баъди бисту панҷ сол ба бозсароии осори боқимонда аз Куруши Кабирро оғоз кард ва сабаби руҷўашро ҳам шарҳ додааст: «Ва гуфтам ба рўъёву решаҳо бозгардам ва булуғи беҳамтои фарҳанги миллии ин диёри бехалалро ба рухи бехештанони мункар бикушоям, зеро ба қавли дурусти Куруши Ҳахоманиш – ў, ки ҳувияти нахустин ва решаҳои устувори хешро боз нашиносанд, ояндае устувор нахоҳад дошт ва инсони беоянда саранҷом ба ҳар юғе гардан хоҳад ниҳод».

Дар асар бозсароиҳо ба тартиби зайл ҷойгир гаштаанд:Маншури Порсумош,Маншури Першиё, Маншури Шушиёно,Маншури Посоргирд.

Аслан, бигирем, матнҳои боқимонда аз Куруш ва дигар шоҳони Ҳахоманишӣ бо хати мехӣ китобат гаштаанд ва матни онҳо борҳо ба забонҳои форсӣ баргардон гаштаанд ва ба забони тоҷикӣ низ нашр шудаанд, ки агар онҳоро хонед, ба маълумоти таърихӣ ва ё маълумотнома шабоҳат доранд ва аз пирояи бадеият орӣ ба назар мерасанд, аммо чун ҳамон матлабҳоро даршеъри бозсароии Саййидалии Солеҳӣ ҷаззобу таъсирбахш мегардад, ки инро дида мебароем:

«Куруш шоҳи ҷаҳон, шоҳи бузург, шоҳи тавонманд, шоҳи Бобул, Сумер ва Аккад»,матни тарҷумаи холис аст, аммо шоир ҳамин матлабро чунин бозсароӣ кардааст:

Ин манамКуруш

писари Мондоно ва Камбуҷия!

Подшоҳи ҷаҳон,

подшоҳи паҳновартаринсарзаминҳои одамӣ

аз баландиҳои Порсумош то Бобули бузург .

Маълум аст, ки Маншури Куруши Кабирро нахустин Эъломияти ҳуқуқи башар меноманд ва дар он осудагии мардумон ва роҳат зистани онҳо, идораи оқилонаи давлат дар мадди аввал қарор гирифтааст, ки дар бозсароӣ он равшан таҷассум мегардад.

Куруши Кабир таҷассумгари озодии мардумон буд ва ҳатто дар «Таврот» доир ба корномаҳои ў зикрҳо рафтааст. Бо назардошти он, ки Куруши Кабир қавмҳои асирафтодаро аз банди зиндон озод карда буд, Солеҳӣ дар қолаби назмаш онро чунин ифода кардааст:

Ман амнияти бепоёни оворагони заминам,

ки ба эҳтироми озодӣ

девон ва дарандагонро ба дўзах дарафкандаам.

Пас Аҳримани нобакор бидонад,ки сарзамини ман, соҳати беинтиҳои офтоб ва оромиши одамист

Аз ин порчаи шеър дарк кардан мумкин аст, ки подшоҳ ва ё сарвари давлат сабаби амнияти давлати худу миллатҳои олам аст, агар аз қаъри қарнҳо садои Куруш, киамнияти олам буданашро баён кунад, дар қарни даҳуми мелодӣ Амир Исмоили Сомонӣ эълон дошта буд, ки «Девори Бухоро манам», яъне дигар душманон ба Вароруд ҳуҷум нахоҳанд кард.

Яке аз сабабҳои амният ва оромии кишварҳо баробарии ҳама дар назди қонун ва додгоҳ аст. Куруш ҳамчун шоҳ эълон дошта буд, ки барои ў мардумони гуногункасбу гуногунвазифа як хеланд ва ин дар шеър чунин бозсароӣ гардидааст:

Барои ман,

ки ҷаҳонро ба ҷониби алоқа фарохондаам

чўпон ба кўҳ ва

пир ба хонаву

пешавар ба шаҳр… якест,

ҳама бародарони манан.

Куруши Кабир дар интихоби мансабдорон таъкид мекардааст, ки мардумони адолатпеша садрнишин бошанд ва барои нигаҳбонии давлати худ ҳиссагузор гарданд. Дар шеъри Солеҳӣ ин иддао чунин шакл гирифтааст:

Шаҳриёронро

аз миёни доноён ва далерон баргузидам.

Дабирону дарбориёнро

аз миёни ҳакимон.

Ва гуфтам: ҷуз ба пиндори нек

дар сарнавишти мардум нангаранд,

ва гуфтам: ҷуз ба гуфтори нек

бо мардумон сухан нагўянд

ва гуфтам: ҷуз ба кирдори нек

ҳамроҳи мардумон нашаванд.

Бад-ин тадбири бартар аст,

ки бузургӣ бузургӣ меоварад

ва адолат – адолат.

Маънои ин порчаи шеърӣ ба он далолат мекунад, ки шаҳрдорон бояд аз байни мардони донову далер ва дабирон – яъне кормандони идораҳои давлатӣ ва аҳли дарбор аз мобайни мардони ҳаким, донанда ва бохирад баргузида шаванд ва бо мардум бо гуфтору рафтору пиндони нек муносибат кунанд, ки он боиси адолату аминияти мардумон мегардад.

Чун ба ҷаҳони муосир менигарем, аксарияти зиддият ва бархўрдҳои мусаллаҳонаи мардум дар заминаи дину мазҳаб, дар ихтилофоти забониву қавмӣ рух медиҳанд. Куруши Кабир дар маншураш эълон карда буд, ки мардумони сарзаминаш дар дину забони худ ихтиёр доранд. Инсон танҳо дар мақоми худаш, дар муҳити ба худаш хос метавонад, ки комёбу шарафманд гардад.Ин санад дар бозсароӣ чунин таҷассум гаштааст:

Бигузоред, ҳар касе ба ойини хеш бошад,

занонро гиромӣ бидоред,

фурўдастонро дарёбед

ва ҳар касе ба такаллуми қабилаи худ сухан бигўяд!

Одамӣ танҳо дар мақоми хеш ба манзалат хоҳад расид.

Яке аз масъалаҳое, ки дар бозсароии худ Саййидалии Солеҳӣ аз суханони Куруши Кабир нақл кардааст, барои рўзгори мо низ мубраму замонавӣ аст, ки он ба амнияти экологӣ, тозагии муҳити зист тааллуқ дорад. Барои пок нигаҳ доштани дарёҳо ва эҳтироми гиёҳҳо ва рустаниҳо амри Куруш содир гашта буд:

Гуфтам гиёҳонро гиромӣ бишуморед

гиёҳон гумоштагони биҳишти Худованданд

гиёҳон малоики хомўши хонаи одамианд.

Гуфтам, ки дараҳо ва доманҳоро покиза нигаҳ доред

зеро замин

зомини зиндагонии одамист .

Имрўзҳо дар фарҳанги мардумӣ ҳам чунин ба назар мерасад, ки меваҳо ва гиёҳҳоро бозовардашуда аз биҳишт медонанд. Покиза нигоҳ доштани замин ва кўҳу дараҳоро ҳанўз дуюним ҳазор сол пештар Куруши Кабир дарк намуда, супоришҳои марбут ба амнияти экологиро матраҳ намуда будааст.

Яке аз назари Куруш дар амнияти давлату миллат эътимод накардан ба дурўягону фурўмоягон аст.

Ҳаргиз ба аҳли тардид эътимод накардаам,

ҳаргиз ба аҳли ғайбат эътимод накардаам,

ҳаргиз ба вожачарони чоплус эътимод накардаам

чунин набошад, ки пургўёнро дўст бидорам.

Ў, ки танҳо ба сухан гуфтан шодмон шавад,

ғамгинтарини шумост.

Дар ин порчаи шеърӣ бовар накардан ба мунофиқону дурўягон, ба бадгўёни касон ва суханчинон аз забони худи Куруши Кабир таъкид шудааст. Ин тарзи баёни шоир ифодаи мазмуни онро қавӣ гардонида ба хонанда таъсираш бештар мегардад. Куруш аз баландии дури таърих садо медиҳад, ки дар давлатдорӣ боварӣ ба суханчинону дурўягон офат асту пургўёни беамалро дўст доштан мўҷиби ғамгинии одамон.

Дар асрҳои бостонӣ ҷорӣ намудани тартибот дар ҷомеа, ба танзим даровардани корҳо ва монанди инҳо вазифаи сарбозони подшоҳ буд. Агар сарбозони давлат – низомиён ба адолату ростӣ гироиш кунанд, амнияти кишвар ҳамон андоза қавитар мегардад. Эътимоду ҳурмати мардум ба лашкариён афзун мегардад. Дар бозсароӣ Солеҳӣ супориши махсуси Куруши кабирро ба риштаи шеър даровардааст:

Бедорон ва озодагонро наёзоред,

мардумони маро наёзоред,

меҳнаткашони хомўшро наёзоред,

занону модарони моро наёзоред,

-сарбозони хешро чунин васият кардам.

Аз иншора бармеояд, ки низомиёни давлат набояд, ки худашон мардумозорӣ кунанд, озодагону бедорон – зиёиёни равшанфикрро, мардумро, меҳнаткашон ва занону модаронро озору шиканҷа расонанд.

Дар асари мавриди назари мо чунин қисматҳо аз гуфторҳои Куруши Кабир хеле фаровонанд.

Дар бозсароии маншуру сангнавиштаҳои Куруши Кабир Саййидалии Солеҳӣ аз шеъри сафед суд ҷустааст, ки барои ифодаи оҳангҳои ватандўстӣ ва ифтихор аз миллат созгор омадааст.

Солеҳӣ бо бозгўии гуфторҳои Куруши Кабир асари наверо ба вуҷуд овардааст, ки хонанда онро бе мушкилӣ мехонад ва муҳтавояшро дарк мекунад, ҳол он ки барои хондан ва фаҳмидани матни бо хати мехӣ ва ё тарҷумаиба форсии муосир навишташудаи он руҷўъ ба фарҳангҳову шарҳҳо ва асарҳои таърихӣ лозим аст.

Шоир руҳияи озодидўстӣ ва меҳанпарастии Куруши Ҳахоманишро бо забони шево бозгў мекунад, ки барои тарбияи хонандагон муҳим мебошад.

Очилова М.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ