Идеяи миллӣ ва арзишҳои фарҳангӣ

Дар марҳалаи имрўзаи рушду шукуфоии миллати тоҷик чашми диққат дўхтан ба воқеияти умдаи иҷтимоӣ-фарҳангӣ хеле муҳим аст. Нигоҳе шитобзада ба раванди худсозии миллӣ дар охири асри ХХ ва беш аз даҳ соли асри ХХ1 исбот менамояд, ки тоҷикон дар ҷодаи ғаномандӣ ёфтани сатҳи милливу фарҳангӣ то чӣ андоза ва дар кадом сатҳ кўшиш ба харҷ доданд. Ҷойи тардид нест, ки дар ин иҳотаи замонӣ худсозӣ ва худафрўхтагии милливу худшиносии қавмӣ ҳамчун ҷавҳари идеяи миллӣ дар сатҳу савияи қобили таваҷҷўҳ қарор гирифта, шинохти менталитет – ҷаҳони маънавии тоҷикӣ хеле фаро рафт, қазияи идея (ормон)-и миллӣ беш аз пеш арзиши муҳим пайдо кард. Идеяи миллӣ диққати аҳли назар – афроди ҷомеасозро ҷалб карда, он ҳамчун боиси саодату растагории миллӣ намудор мешавад.

Тоҷикон дар сайри ташаккул ва такомули фикрӣ борҳо аз бўъди мухталиф ба арзишҳои маънавиву фарҳангӣ рўй оварданд ва ба бозсозии тафаккури миллӣ ва ҷаҳоншиносӣ даст ёфта, аз ин роҳ худро ба фаросўйи олами тамаддуни башарӣ пайвастанд. Амиқан ва усулан назар шавад, ҳодисаи рўйкард ба чунин арзишҳо ҳамеша дастуре барои барпоӣ ва мондагории саодати миллӣ буд ва заминаи комиле барои ҳифзи растагории таърихӣ фароҳам овард, ки сабақангез ва кирои тааммул аст.

Аз таърихи талошҳои равшангарӣ ба ин маънӣ даҳҳо санад метавон дарёфт, ки афкору ақоиди марбут ба таҷаддудгароӣ ба сифати ҷавҳари аслии идеяи миллӣ дар мароҳили мухталифи омўзишу парвариши илмӣ ва фаннӣ, такмилу тавсиаи завқу қариҳаи мардумӣ ҳамеша боиси аз бунбасти азим ва маҳдудияти назар бурун кашидани ҳамнавъон шудааст. Агар фосилаи тақрибан ҳар сад соли таърихи тоҷиконро марҳалаи хоси озмоиш ва дастёбӣ ба таҷрибаҳои ғанӣ ба шумор оварем, моҳияти аслии масъала равшан мешавад. Дар ин замина барои мо – тоҷикони имрўз, ки ҳаводиси сиёсиву иҷтимоии ду қарн – садаи моҷароҷўйи бист ва қарни шадиди дастёбӣ ба таҳаввул ва дастовардҳои модерниро аз сар мегузаронем, таърихи наҳзатҳои фикрии миллӣ, ба вежа таърихи ба сохтмони маънавӣ пардохтани насли маорифпарварони охири асри Х1Х ва ибтидои асри ХХ хеле сабақомўз хоҳад буд ва маводи ҷолибе барои фикр кардан, амиқ назар доштан ва дастур сохтан хоҳад дод. Аз ҷумла, ормони ба вуҷуд овардани идеяи миллӣ бо ибтикори пайвастаи маорифпарварони тоҷик низ рух дода, ҳосили он мебоист ба растохези томравои маънавии тоҷикон сабаб мегашт. Аммо бар асари зуҳуроти талошу ошўби шадид ва қиёми тезутунди сиёсиву иҷтимоӣ, қавмиву нажодӣ ва мазҳабӣ андешаи миллӣ мавриди латукўби аҳли замона қарор гирифт, ҳадди бештари насли ормонгаро дар оташи таҳоҷуми худиву берунӣ сўхтанд, ки то дер идома пайдо кард. Таъсири манфии ин зуҳурот имрўз низ дар ҷаҳони маънавии тоҷикон боқӣ мондааст. Фикр мекунам, маншаи аслии вайрон шудани тафаккури миллии тоҷикӣ дар замони нав бештар марбут ба ҳамин гирудору ошўбу қиёмҳоанд…

Ба ин тартиб, татбиқи амалии андешаи миллӣ бо назардошти афкори таърихии маорифпарварии тоҷикӣ имкони бештаре хоҳад дошт. Чаро ки ин амалкард реша дар таърихи ғановатманди афкор ва андешаи миллии бостонии тоҷикӣ дорад. Агар мо ҳадди ақал ба фосилаи на кам аз сад соли таърих дида дўзем, ин натиҷа бармеояд. Нигариши таърихии маорифпарварии тоҷикӣ маҳз дар ҳамин ормон қобили мулоҳиза буда ва ақоиду андешаи миллатсози маорифпарварон аз он афкори созандаи миллие обишхўр дорад, ки дар дарозои қарнҳо такмил ва густариш ёфтаанд. Ҷомеае, ки ин сабақи таърихро хеле хуб эҳсос кард, гоме дар ҷодаи шинохти арзишҳои башарӣ хоҳад гузошт. Ҷомеа эҳсос хоҳад кард, ки ҳама гуна амалкарди миллӣ бо назардошти решаҳояш маънии ҳукми таърихро дорад.

Ҷустуҷўи идеяи миллӣ дар рўзгори имрўз – давраи нави ормонҷўйии миллӣ баъди инҳитоти давлати абарқудрати шўравӣ ва фурўпошии наҳзати томравои марксистӣ, аз як сўй, шарти умда ва қонунияти таҷрибашудаи таҳаввули миллати тоҷик ба шумор меравад. Талош барои таҷаддуд ва ташаккули идеяи миллӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон аз ин нуктаи назар қобили арз аст. Ин рўйкардро бояд воқеан ҳам чун маҳсули ҷолиби андешаварзии амиқ, гузашта аз ин, дастоварди муҳими тафаккури хоси тоҷикона бояд пазируфт. Ва низ ин нуктаро ба унвони фалсафаи ташаккули миллати тоҷик метавон мавриди корбурд қарор дод.

Вақти он аст, ки қазияи чигунагии тафаккури тоҷикона ва андешаи тоҷикӣ дар нусхаи асл матраҳ шавад ва нуктаи авҷи он бозгў гардад. Талоши миллигароёна ва фарҳангварона дар ҷомеа намунаи ҷолиби таваҷҷўҳи ҳамин андешаи миллии тоҷикӣ маҳсуб мешавад. Танҳо ба ҳамин василасаодати миллӣ ва растагории маънавии мардуми тоҷик ба даст омаданӣ аст ва дар ин робита метавон заҷру фақри маънавиро низ аз миён метавон бардошт. Бо вуҷуди ин, омилҳои ситезанда ва ҷонгудози боздорандаи пешрафти миллӣ дар ҷараён ҳастанд (Инро метавон як-як шарҳу тавзеҳ дод, аммо ба таври муфассал ва густурда).

Гузориши қазияи бузургдошт ва арҷгузории рўзгори пешин, таҷлил ва бузургдошти тамаддунҳои сомонӣ ва ориёнӣ дар чашмандози тоҷикӣ – дар самти ормонгароии миллӣ шаҳомати поянда дошт. Хоса арҷ гузоштан, гиромидошт ва таҷлил аз шукўҳу шаҳомати ориён ва шинохти паҳлўҳои мухталифи тамаддуни решаии тоҷикӣ-эрониро ба сифати омили бузурги амиқрафти маънавиву фарҳангии тоҷикон дар даҳсолаи аввали садаи бисту як метавон ба шумор овард. Ҷашнҳои даҳҳо парчамбардорони андешаи миллӣ дар Тоҷикистон низ ба ин мусоидат кард.

Садаи бисту як роҳи нави созандагии амиқи рўҳиву равонӣ ва ҷовидониву сарсабзии миллӣ аст, ибтидои он оғози марҳалаи комилан ҷадиди рушду шукуфоии миллати тоҷик аст. Чунин доварӣ ва шинохти моҳияти рушди тариқати миллӣ дар ташаккули идеяи миллии тоҷикӣ нақши умдае хоҳад дошт.

Ин равиши фарогирии арзишҳои таърихиву фарҳангӣ то замони гиромидошти тамаддуни ориёӣ ба василаи арҷгузории давлатдории Сомониён рух дод. Таҷлили давлатдории Сомониён моҳиятан арҷгузорӣ аз шукўҳу шаҳомати тамаддуни беназири сомонӣ маҳсуб меёфт. Аммо фарорафти мо дар таҷлили Фарри ориёнӣ як зинаи хеле муҳим ва созандаи таҳаввули рўҳиву ақлии тоҷикон дар ин марҳала, гузашта аз ин устувор шудани пояҳи идеяи миллии тоҷикӣ аст.

Маорифпарварони охири қарни Х1Х ва ибтидои асри ХХ низ ҳамин гуна назарро асоси талош ва бозҷўйии миллӣ қарор дода буданд, ки арҷе аз шаҳомату бузургии пешин гузошта бошанд ва, ба ин хотир, таваҷҷўҳи аҳли замонаро ба шинохти давраҳои дури таърих ҷалб намоянд. Ҷадидон низ дар ҳамин амри таърих пойкўбӣ карда, аз гузаштаи амиқи таърихии хеш суд ҷустанд ва то андозае дар тавъизи маҷрои рўҳиву равонии аҳли ҷомеа нақши умда гузоштанӣ шуданд. Ин як таҳаввули суннатии миллӣ аст, ки онро дар пайкорҳои ислоҳхоҳӣ ва таҷаддудгароӣ наметавон аз доираи назар дур кард.

Ба мо равшан ва ошкор аст, ки дар давраи шўравӣ, хоса баъди солҳои 50-умназар ба таъриху фарҳанги пешин мазмуну моҳияти амиқ пайдо кард. Аммо қолаб ва мамониати идеологӣ имкон намедод, ки дар шинохти арзишҳо, пешбурди ормон ва ормонгароии тоҷикӣ аслу воқеияти миллӣ ба назар гирифта шавад. Таҷлил аз мероси фарҳангии гузашта дар давраи шўравӣ усулан аз бузургдошти солрўзи парчамбардорони адабиёту фарҳанги пешин фаротар намерафт (Рўдакӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Аҳмади Дониш…).

Албатта масъалаи муносибат ба замони нав, бузургони гузашта, ҷойгоҳи қаҳрамонони дилписанд, мероси суханварони гумгашта ва… то андозае аҳамият доштанд. Аммо имкон надошт, ки номҳои бузургони гузашта ба сифати суханварон ва ё қаҳрамонони бузурги миллӣ шинохта ва эътироф гардад. Аз чеҳраҳо ва риҷоли барҷастаи таърих танҳо аз диловарии Муқаннаъ, Маҳмуди Торобӣ, Темурмалик, Шерак, Восеъёд шуда, шинохти онҳо дар инҳисори маҳдуди идеологӣ сурат гирифтааст. Ба вежа, дар заминаи рўзгор ва корномаи Восеъ ба таври фаровон ташвиқоти расмиву пажўҳишоти илмӣ ва бозҷустҳои адабӣ сурат гирифта, ба хидмати ў ба сифати саркардаи як шўриши халқӣ борҳо руҷўъ шудааст. Бардошт аз шўриши Восеъ дар чашмандози идеологии вақт танҳо аз диди меъёри синфиву синфиятгароӣ ва аз роҳи арҷ гузоштан ба замони нав дар муқобили давраи куҳани таърихи халқи тоҷик қобили мулоҳиза мебошад.

Гарчанде дар заминаи шинохти давраи бостон ва арҷ гузоштан ба ҷойгоҳи шахсиятҳои шаҳир бархе ибтикороти ҷолиби таваҷҷўҳе низ ба мушоҳида мерасид, аммо воқеияти умда ин аст, ки давраи истиқлолияти комили миллии тоҷикӣ ва амалкарди миллигароёна дар ин аҳд ба ин ҷусторҳо рангу равиши тоза ва вежае бахшид. Ба унвони мисол, бо ҳама нукоти фарогири ҷашни ҳазораи Абулқосими Фирдавсӣ дар соли 1934 таҷлили ҷашни ҳазораи «Шоҳнома» дар соли 1994 ба сифати падидаи беназири фарҳангӣ дар тамаддуни ҷаҳонӣ дар шинохти фалсафии моҳияти аслии таърих, таърихи фарҳанг ва тамаддуни тоҷикон аҳамият ва фазилати ҷолибу қобили мулоҳизае дошт.

Нуктаи муҳимдар густариш ва тавсиаи идеяи миллии тоҷикӣ таҷдиди мактабу маориф мебошад, ки дар ин замина бо баҳраборадорӣ аз андўхтаву фарояндҳои таърихии гузашта таҷрибаҳои ғанӣ ба вуҷуд омадаанд. Ин пайкор аз умдатарин низ аз зумраи қазияҳои муҳим дар амри ташаккули идеяи миллии тоҷикӣ маҳсуб мешавад, ки хеле чорасоз ва коромад хоҳад буд.

Қазовати гузаштаҳои дуру наздики таърихи миллати мо дар тамоми марҳалаҳо вуҷуд дошт ва минбаъд низ бояд бо назардошти вежагиҳои умдаи мароҳили гуногуни афкори иҷтимоии миллати тоҷик мавриди мутолиаи акмиқ ва усулӣ қарор гирад…

Ташаккули идеяи миллӣ қадаме арзишманд дар шинохти ҳастии таърихиву маънавии миллати тоҷик аст!

Субҳони Аъзамзод

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ