ДАР РОҲИ ЭҶОДИ КОРНОМАҲОИ БУЗУРГИ СИЁСӢ
Истиқлолияти Ватани маҳбуб – Тоҷикистони азиз рамзи ифтихору саодати тоҷикону тоҷикистониён, бахусус, ҷавонони равшанфикру ояндасоз маҳсуб меёбад. Маҳз, Истиқлолияти давлатӣ, ба эҳёи фарҳангу тамаддуни куҳан, эҷоди арзишҳои волои миллӣ ва ташаккули худшиносиву худогоҳии маънавӣ омил гардид, ки бегумон барои афрўхтани чароѓи роҳи фардои босаодати миллати тоҷик нақши муассир гузошт.
Рамзи тафохури тамоми ҷавонони кишвар аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба насли ҷавони кишвар ҳамчун нерўи фардоафрўз таваҷҷўҳи хоса доранд. Тўли 28 соли истиқлолияти давлатӣ садҳо вохўриву мулоқотҳо ҷавонони болаёқату эҷодкордоир намуда, дар маврии ҳалли масъалаҳои зиёди ҳаётии онҳо дастгирии худро дареғ надоштаанд. Ин равиши муҳим ва муносибати барҷастаи сиёсатмадорӣ ва низоми давлатдории эҷоднамудаи Пешвои миллат ҳанўз аз рўзҳои аввалин ҳузури мунавварашон дар мақоми роҳбари давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон арзи ҳастӣ намуда, имрўз ба як мароми бузурги сиёсӣ бадал гардид.
Борҳо шоҳиди он будем ва ҳамеша ҳастем, ки дар таъкид дар суханрониҳояшон Пешвои миллат бо муроҷиати самимона ба ҷавонон хитоб менамоянд: “Шумо ҷавонон идомадиҳандаи таъриху фарҳанги қадимаи Ватани худ, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи ғояҳои нави эҷодкори тақдири имрўзу ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошед”.
Дар шароити нави таърихӣ дар масири давлатдории миллии тоҷик, бар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суннати нодири сиёсеро роиҷ намуданд, ки наслҳои ҷавонро ҳамчун кадрҳои захиравӣ тарбия намуда, дар оянда вазифаҳои пурмасъулиятеро бар дӯши онон гузоранд. Зеро ҷавонон ҳамқадами замона ҳастанду баҳри ободии кишвар ва якпорчагии миллат пайравони арзандаи Пешвои миллат мебошанд.
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз зумраи ҷавонони соҳибназар ва соҳибибтикоре ба шумор мераванд, ки дар муддати начандон дароз фаъолияти хуби созандагиро роҳандозӣ намудаву бар рушду нумӯи ободии шаҳри Душанбе, ки оинаи мамлакати гулбасари халқи тоҷик маҳсуб меёбад, нишон додаанд. Ҳар як тадбири гулфишону гулборон намудани хиёбонҳои шаҳри Душанбе аз ҷониби ин шаҳрдори ҷавон, инчунин корномаҳо дар самти рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри азиз ба таври барҷаста барои мардуми тоҷик аён асту ҳоҷат ба баён нест. Вазифаи шаҳрвандии худро, ки аз саҳмгузорӣ дар пешрафт ва инкишофи илму технологияи замонавӣ, устувор нигоҳ доштани амнияти сартосарии кишвар ба шумор меравад, назди халқи азизи хеш, хоса сокинони шарафманди пойтахти Тоҷикистон сарбаландона иҷро намуда истодаанд, ки ин ҳама шоистаи таҳсин мебошад.
Натиҷаи шинохти ҳамин корномаву барномаҳои бузург ва бовариву эътимоди мардуми азиз ба ин фарзанди сарсупурдаи миллат буд, ки санаи 17 апрел дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум тариқи овоздиҳии пинҳонӣ Рустами Эмомалӣ ҳамчун Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаанд, ки боиси ифтихори ҳар як насли ҷавон мебошад. Ин эътимоди аъзои Маҷлиси миллӣ, ки аз иродаи мардуми Тоҷикистон сарчашма мегирад, бори дигар собит намуд, ки такя ба нерўи ҷавонон ҳамчун ормони сиёсии Пешвои миллат имрўз ба ормони мардуми тоҷик табдил ёфтааст.
Бояд қайд намуд, ки Маҷлиси миллӣ ҳамчун мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар бо истифода аз салоҳияти конститутсионии худ қонунҳои қабулкардаи Маҷлиси намояндагонро баррасӣ ва ҷонибдорӣ карда, дар роҳи рушди низоми ҳуқуқии кишвар ва таҳкими қонуният саҳми назаррас мегузорад.
Халқи азизи кишвар нақши Маҷлиси миллиро дар таҳкими сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ, қонуният ва тартибот, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва беҳдошти фазои ҳуқуқии кишвар назаррас арзёбӣ менамояд.
Ҳамакнун мардуми кишвар бовар ва эътимоди бузург бар он доранд, ки ин шаҳрдори ҷавону ободкор, имрўзу фардо ва фардоҳои дигар бароипиёда намудани ҳадаф ва ормонҳои бузурги бунёдгузори мактаби сиёсатмадории замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳу мақом ва соҳаҳои дигари давлатдории миллии тоҷикон ҳамчун шахсияти соҳибтаҷриба иқдомҳои наҷибу шоёне аз сар мегирад ва ҳамчун вориси содиқи падари бузург ва фарзанди фарзонаи миллати тоҷик номи худро дар саҳифаҳои таърихи давлатдории миллии мотавассути корномаҳои барҷастаи сиёсиву давлатдорӣ сабт хоҳад намуд. Дар ин арсаи бузург ва муҳимӣ сиёсӣ ба ин фарзанди раҳкушо ва фардоафрўзи миллати тоҷик тавфиқ ва комгориҳо хоҳонем.
Шарифиён Муқаддас Холиқзода – декани факултети психология ва
таҳсилоти томактабӣ