​Саразм - хазинаи тиллоӣ ва ифтихори тамаддуни тоҷикон

Пас аз Истиқлолияти давлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, қайд намуданд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ яке аз вазифаҳои асосии ҳар як давлат ҳифзи асолати миллӣ, забон, фарҳанг аз ҷумла ёдгории таърихӣ мебошад. Маҳз бо ҳамин сабаб бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 сентябри соли 2000 таҳти №391 Саразм ҳамчун маркази ташаккулёбии фарҳанги кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон мамнуъгоҳи таърихӣ-бостоншиносӣ эълон гардид, ки ин яке аз нахустин ёдгориҳои давраи ориёӣ дар Суғд мебошад.

Аҳамияти муҳими Саразмро ба назар гирифта Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2020-ро соли ҷашнгирии Саразми бостонӣ ҳамчун маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон эълон намуданд, ки ин боз як нишонаи бузурги арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихии миллати тоҷик мебошад. Соли 2010 ёдгории Саразм дар сессияи 34- уми ЮНЕСКО, ки дар Бразилия баргузор гардид, ба феҳристи Мероси фарҳанги умумибашарӣ шомил шуд. Ёдгории бостоншиносии Саразм намунаи фаъолияти муштараки экспедитсияҳои байналмилалӣ бо мактабҳои мухталифи бостоншиносии ҷаҳон буд, ки метавонад ҳама методологияҳои пажуҳиши фарҳангҳои ҳамзамони мамолики ҳамҷавори Тоҷикистонро ҷалб созад. Аз соли 1984 то имрӯз Экспедитсияҳои гуногунсоҳа оид ба муайянсозии ҳудудҳои бошишгоҳӣ, қабати маданӣ, санъати меъморӣ, намудҳои истеҳсолот, таомулҳои банизомдарории зарфҳои сафолӣ, обёрӣ ва ғайра тадқиқот бурда истодаанд. Дар ҳудуди ёдгорӣ 12 хандақи санҷишӣ ковиш гардида, 13 ҳафриёт гузаронида шудааст, ки 55%-и замини ишғолкардаи ин маркази нахустшаҳриро ташкил медиҳад.

Агар мо имрӯз бо бурҳону далелҳои бебаҳо деҳшаҳри Саразмро гаҳвораи тамаддуни Моваруннаҳри бузург шуморем, пас аҷдодони мо суғдиён бевосита гаҳвораҷунбони таъриху фарҳанги ин сарзамин мебошанд. Пешвои миллат ба осори номбурдаи аҳди қадим таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Зиёда аз 50 сол аст, ки дастаи бостоншиносон осорҳои маданияти моддӣ ва маънавии ниёгонамон – суғдиёнро аз харобаҳои Панҷакенти Қадим ҷустуҷӯ доранд. Деворнигораҳои пурмазмун, муҷассамаҳо, кандакориҳои нафиси рӯи чӯбҳо, олотҳои фарҳангу рӯзгори суғдиёни Панҷакент, имрӯз шоҳиди барҷастаи гузаштагон мебошад. Саҳнаҳои набард, муҳофизати кӯшку қалъаҳо, базму бозиҳои ҳамдиёрон, ки дар рӯи деворҳои қасру толорҳои Панҷакенти Қадим наққошӣ шуданд ифодакунандаи ғаму шодии халқ ба шумор меравад. Баъд аз дарёфти якчанд ашёи қадима аз ҷониби сокини маҳаллӣ Ашӯралӣ Тайлонов ва соли 1976 супорида шудани он ба осорхонаи ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакии шаҳри Панҷакент шаҳраки Саразм кашф шуд.

Сониян ба ин макон бостоншинос Абдуллоҷон Исҳоқов роҳ пеш гирифт. Дар натиҷаи пажуҳиши мунтазам маълум шуд, ки аз неолити миёна шуруъ карда дар ин ҳудуд бошишгоҳи қадимӣ–кишоварзии нахустшаҳрӣ вуҷуд дошт. Ин ёдгорӣ дар сарҳади маҷрои болоӣ ва миёнаи рӯди Зарафшон, 15 киллометр Ғарбтар аз шаҳри Панҷакент ва 45 километр Шарқтар аз шаҳри Самарқанд воқеъ аст. Тӯли фаъолияти худ Исҳоқов дар бисёр конфронсҳои байналмилалӣ иштирок намуда бо далелу санадҳои раднопазир собит намудааст, ки Панҷакент маркази тамаддуни кишоварзӣ, тиҷорат, фарҳанг ва шаҳрсозии Мовароуннаҳр аст. Умдатарин хулосаи ковишҳо ва тадқиқотҳои ӯ буд, ки соли 1995 бостоншиносон аз давлатҳои узви созмони байналмилалӣ омада, даъвои Исҳоқовро дар ин бора, ки кишоварзӣ ва шаҳрсозии Панҷакент таърихи 5500 сола дорад, ҷонибдорӣ намуданд. Дар таърихи тоҷикон профессор Абдуллоҷон Исҳоқов саҳифаи наверо кушодааст. Номи ӯ ҳамчун нахусткашшофи Саразми Бостонӣ маълум аст. Ин шахсияти накӯном умри гаронбаҳои худро барои эҳёи миллати тоҷик сарф намудааст ва маҳз ба шарофати ӯ Деваштичу Спитамен ва алифбои суғдиёни мо, 5500 солагии ниёгон ба саҳифаи таърих дарҷ гардидааст. Тавассути хидмати профессор Панҷакенти бостонӣ шӯҳрати ҷаҳонӣ гирифт ва ба шарофати ӯ Саразми тоҷикон бо табари биринҷии худ пуле гардид, ки соҳили Шарқро бо Амрикову Фаронса пайваст. Хулоса, кашфи Саразм дар шаҳри Панҷакент яке аз дастовардҳои маъмули даҳсолаҳои охири асри XX дар илми бостоншиносии тоҷик ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин далелҳо моро водор менамоянд гӯем, ки Панҷакенти кӯчаки баъзан дар харитаи олам номаш ҷой надошта, аз ҷиҳати мавқеи таърихӣ нисбат ба давлатҳои дигар бо доштани чунин ёдгории беназираш мавқеи баландро соҳиб гардидааст. Бо ибораи бостоншиносон ёдгориҳои музофоти Панҷакент бо баррасиҳои худ энсиклопедияи бостоншиносии Осиёи Марказӣ мебошад.

Ганҷина Шарифмуродова, унвонҷӯи кафедраи таърихи Ватан ва археологияи факултети таърих ва ҳуқуқ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ