​Иқдоми наҷибонаи Пешвои миллат

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 26 декабри соли 2019 ироа гардид санади бунёдии ояндасоз буда,дар он дурнамои рушди устувори сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат тарҳрезӣ ва муайяну мушаххас гардидааст.

Паёми навбатии Сарвари давлат мисли Паёмҳои пешина саршори иқдом ва ташаббусҳои наҷибона оид ба расидан ба ҳадафҳои ормонии мардуми мо дар роҳи бунёди Тоҷикистони соҳибистиқлоли шукуфо ва мутамаддин мебошад. Яке аз хусусиятҳои фарқунандаи Паёми имсола таваҷҷӯҳи хосаи Пешвои муаззами миллат нисбат ба мактабу маориф, илму фарҳанг, маънавиёт ва баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ, худшиносӣ, худогоҳӣ, ватанпарастӣ мебошад.

Дастури Пешвои миллат ба Ҳукумати ҷумҳурӣ доир ба аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр кардани шоҳасари аллома Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” ва то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар тӯҳфа намудан, иқдоми басо шоиста ба ҳисоб меравад.

“Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров воқеан шиносномаи миллат, китоби рӯимизии ҳар фарди худогоҳу худшиноси тоҷик ба ҳисоб рафта, меҳрнома ва сипосномаи ин фарзанди фарзонаи миллат ба Ватан ва халқи азизаш мебошад, ки ӯро дар оғӯши худ парварида ва ба воя расонидааст.

Китоби “Тоҷикон” саршори ғояҳои муҳаббат ба Ватан, марзу буми аҷдодӣ, ваҳдату озодӣ ва истиқлоли миллӣ буда, танҳо чунин фардҳое мисли академик Бобоҷон Ғафуров, ки замирашон аз далериву матонат, мардиву адолат ва қалбашон аз меҳри Ватан – модар саршор аст, ҷасорат ва қудрату тавони оваридани чунин асарро доранд.

Пешвои миллат Вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Академияи илмҳои Тоҷикистонро вазифадор намуданд, ки китоби “Тоҷикон”-ро ба забонҳои байналмиллалӣ тарҷума ва нашр намуда, нусхаи электронии онро тавассути шабакаҳои иттилоотӣ паҳн созанд.

Сарвари давлат дар бораи аҳамият ва мақоми ин шоҳасари безавол чунин таъкид намуданд: “Арзиши илмии ин асари буёдӣ бениҳоят бузург аст ва Бобоҷон Ғафуров бо заҳмати чандинсолаи худ мо ва мардуми ҷаҳонро ба саҳифаҳои таърихи рангини миллатамон ошно кард.

Фикр мекунам, ки дар шароити кунунӣ, яъне замоне, ки ҳар як фарди ҷомеа ба худшиносӣ ва ҳифзи хотираи таърихии худ беш аз пеш ниёз дорад, чопи ин шоҳасар ва дастраси тамоми мардуми кишвар гардонидани он ба густариши эҳсоси ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва болоравии сатҳи маърифатнокии ҷомеаи мо ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард”.

Пешвои миллат, қайд намудан, ки мо тоҷикон миллати фарҳангӣ, тамаддунсоз ва аз насли ориёӣ буда, бояд ба таърихи гузаштаамон ҳарчи бештар рӯоварем ва да қалби фарзандонамон меҳри китобхонӣ ва ҷустуҷӯи илму донишро ҷой кунем.

Ниёгони мо бо шоҳномахонӣ, ҳофизхонӣ, саъдихонӣ, маснавихонӣ маълуму машҳур буданд ва насли имрӯз бояд ин анъанаро идома дода, ба он тоҷиконхонӣ, таърихдонӣ, фарҳангдониро зам намоянд ва ба ин васила аз аслу насаби худ, аз авлоду аҷдоди худ воқиф бошанд. Танҳо шахси худшиносу худогоҳ метавонад ба қадри озодӣ, иҷтиқлол, Ватан, модар, забон, фарҳанг, дину мазҳаб бирасад ва арзишҳои маънавии миллати худро ҳифз ва ғанӣ гардонад.

Шавкат Шарифов, н.и.т., дотсенти кафедраи

таърихи Ватан ва археологияи факултети таърих ва ҳуқуқ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ