ЗИНАҲОИ ТАКОМУЛИ ЗАБОНОМӮЗӢ ВА МАРҲАЛАИ НАВИ РУШДИ МАОРИФ
Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими давлатдории миллӣ ва рушди устувори тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла илму маориф, заминаи мусоид фароҳам овард. Дар ин давра соҳаи маориф ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфта, барои беҳтар намудани заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва мутобиқ сохтани низоми таҳсилот ба талаботи замони муосир тадбирҳои пайваста амалӣ гардиданд. Дар ин раванд омӯзиш ва таълими забонҳои хориҷӣ низ ҳамчун яке аз самтҳои муҳимми рушди сармояи инсонӣ ва таҳкими робитаҳои байналмилалии кишвар мавқеи хос пайдо намуд.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва тавсеаи муносибатҳои байналмилалӣ донистани забонҳои хориҷӣ танҳо воситаи муошират нест. Он барои дастрасӣ ба дастовардҳои илму техника, технологияҳои иттилоотӣ, фарҳанг ва таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ, инчунин барои васеъ намудани имкониятҳои таҳсилӣ ва касбии ҷавонон аҳаммияти рӯзафзун пайдо кардааст. Аз ин рӯ, таваҷҷуҳи пайвастаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус забонҳои русӣ ва англисӣ, ба талаботи воқеии рушди ҷомеа ва иқтисоди миллӣ ҷавобгӯ мебошад.
Дар суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил аз 31 августи соли 2026 масъалаи рушди илму маориф, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, омода намудани кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи замон, такмили омӯзиши забонҳои хориҷӣ, технологияҳои муосир ва зеҳни сунъӣ ҳамчун омилҳои муҳимми марҳалаи нав мавриди таваҷҷуҳи хосса қарор гирифт. Таъкид гардид, ки дар шароити имрӯза на танҳо захираҳои табиӣ, балки инсонҳои донишманд, ҷавонони соҳибмаърифат ва кадрҳои баландихтисос сарвати асосии давлат ба ҳисоб мераванд. Аз ин рӯ, сармоягузорӣ ба таълиму тарбия дар асл сармоягузорӣ ба ояндаи миллат ва давлат мебошад.
Дар даврони истиқлол бо мақсади рушди минбаъдаи омӯзиш ва таълими забонҳои русӣ ва англисӣ як қатор барномаҳои давлатӣ қабул ва амалӣ карда шуданд. Барномаҳои силсилавии солҳои 2004-2014, 2015-2020 ва Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои рушди заминаҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, илмӣ ва методии ин забонҳо мусоидат намуданд. Дар доираи ин барномаҳо ба беҳтар намудани сифати таълим, омодасозии омӯзгорон, таҳияи китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методӣ, истифодаи технологияҳои муосир ва баланд бардоштани сатҳи забондонии хонандагону донишҷӯён таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардид.
Дар суханронии Пешвои миллат аз 31 августи соли 2026 зарурати боз ҳам баланд бардоштани сифати китобҳои дарсӣ ва мутобиқ намудани онҳо ба стандартҳои ҷаҳонӣ таъкид гардид. Аз ин рӯ, дар самти забономӯзӣ низ таҳияи китобҳои дарсии насли нав, маводи электронии таълимӣ, захираҳои рақамӣ, маводи мултимедӣ ва барномаҳои интерактивӣ бояд ба самти муҳимми фаъолияти минбаъда табдил ёбад. «Имрӯз, – қайд кардаанд Сарвари давлат, – дар муассисаҳои таълимӣ дар самти норасоии китобҳои дарсӣ мушкилот ба назар намерасад. Акнун зарур аст, ки мо бештар ба сифати китобҳои дарсӣ ва мутобиқ намудани онҳо ба стандартҳои ҷаҳонӣ таваҷҷуҳ намоем. Ҷорӣ намудани ҳама гуна низом, муносибат ё таҷрибаи байналмилалӣ дар раванди таълим аввал бояд ба тариқи озмоиш дар муассисаҳои таълимӣ ҳаматарафа санҷида шуда, ба шароит ва ҳадафҳои стратегии рушди маорифи Тоҷикистон ва арзишҳои миллӣ мутобиқ гардонида, баъд аз он мавриди истифода қарор дода шавад...».
Яке аз самтҳои муҳимми рушди забономӯзӣ дар шароити имрӯза омодасозии омӯзгорони рақобатпазир мебошад. Омӯзгори муосири забони хориҷӣ бояд на танҳо дониши хуби забонӣ дошта бошад, балки ба истифодаи технологияҳои рақамӣ, усулҳои инноватсионӣ, воситаҳои арзёбӣ ва захираҳои электронии таълим низ мусаллат бошад. Дар ин замина такмили ихтисоси мунтазами омӯзгорон аҳаммияти махсус пайдо мекунад.
Дар баробари ин, таҷрибаи солҳои охир нишон медиҳад, ки забономӯзӣ бояд аз доираи муассисаҳои таҳсилоти олӣ берун рафта, аз зинаҳои аввали таҳсил ба роҳ монда шавад. Пешвои миллат дар суханрониҳои худ борҳо зарурати аз зинаи томактабӣ оғоз намудани омӯзиши забонҳои хориҷиро таъкид намудаанд.
Таваҷҷуҳ ба омӯзиши забони хориҷӣ дар синни барвақтӣ метавонад барои ташаккули малакаҳои ибтидоии коммуникативии кӯдак заминаи мусоид фароҳам оварад. Аммо дар ин самт бояд хусусиятҳои синнусолӣ ва равонии кӯдакон ҳатман ба назар гирифта шаванд. Аз ин рӯ, истифодаи бозӣ, суруд, тасвир, ҳаракат, муоширати одӣ ва воситаҳои мултимедӣ бояд асоси методикаи омӯзиши забони хориҷӣ дар муассисаҳои томактабӣ қарор гирад.
Ба ин муносибат дар суханронии Сарвари давлат омадааст: «Маълум аст, ки нахустин давраи фарогирии кӯдакон ба таълиму тарбия бо муассисаҳои томактабӣ алоқаманд аст. Яъне таълиму тарбияи кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ зинаи муҳимтарин барои ояндаи онҳо ба шумор меравад.
Дар робита ба ин, чанд сол қабл ба сохтору мақомоти дахлдор супориш дода будам, ки барои дар ҳар маҳаллаи дорои беш аз сад нафар аҳолӣ бунёд намудани кӯдакистон чораҷӯйӣ намоянд. Ин масъалаи бисёр муҳим аст ва дар ин самт мо бояд корҳои боз ҳам бештарро анҷом диҳем».
Дар шароити рушди босуръати технологияҳои рақамӣ масъалаи истифодаи зеҳни сунъӣ низ ба яке аз масъалаҳои муҳими забономӯзӣ табдил ёфтааст. Имрӯз воситаҳои рақамӣ метавонанд барои омӯзиши луғат, машқи талаффуз, рушди малакаҳои шунавоӣ ва гуфторӣ, таҳияи машқҳои инфиродӣ, санҷиш ва арзёбии дониш истифода шаванд. Аммо истифодаи чунин имкониятҳо бояд дар сатҳи муосир бошад.
Дар суханронии Пешвои миллат31 августи соли 2026 ба зарурати ташаккули фарҳанги истифодаи интернет, телефонҳои ҳушманд, шабакаҳои иҷтимоӣ ва зеҳни сунъӣ таваҷҷуҳи хосса дода шудааст. Аз ин рӯ, вазифаи муассисаҳои таълимӣ танҳо омӯзонидани технология нест. Онҳо бояд ба хонандагону донишҷӯён тарзи дуруст ва самараноки истифодаи захираҳои рақамиро низ омӯзонанд.
Ҳамзамон, рушди забономӯзӣ бояд бо талаботи бозори меҳнат робитаи мустақим дошта бошад. Имрӯз танҳо доштани диплом барои ворид шудан ба бозори меҳнати рақобатпазир кофӣ нест. Мутахассис бояд дониш, малака ва қобилияти амалии худро пайваста такмил диҳад. Аз ин нуқтаи назар, омӯзиши забономӯзӣ бо технологияҳои иттилоотӣ, тарҷума, муносибатҳои байналмилалӣ, сайёҳӣ ва дигар соҳаҳо метавонад имкониятҳои касбии ҷавононро васеъ намояд.
Ин масъала ба яке аз нуктаҳои муҳими суханронии Пешвои миллат аз 31 августи соли 2026 низ иртибот дорад. Дар он таъкид гардид, ки ба давлат, пеш аз ҳама, мутахассис зарур аст, на ҷавоне, ки танҳо соҳиби диплом мебошад.
Дар баробари дониши касбӣ, интихоби дурусти касб низ муҳим мебошад. Дар ҷомеаи муосир ҷавонон бояд, пеш аз ҳама, қобилият, истеъдод ва завқи худро ба назар гирифта, самти таҳсил ва касби ояндаи худро интихоб намоянд.
Вазъият ва шароити ҷаҳони имрӯза аз муассисаҳои таълимӣ вазифаҳои навро талаб менамояд. Баланд бардоштани сифати таълим, таҳияи китобҳои дарсии насли нав, истифодаи технологияҳои рақамӣ, ворид намудани имкониятҳои зеҳни сунъӣ ба раванди таълим, такмили ихтисоси омӯзгорон, рушди таҳқиқоти илмӣ ва мутобиқ намудани ихтисосҳо ба талаботи бозори меҳнат бояд самтҳои асосии фаъолияти минбаъда бошанд.
Дар ин раванд суханони Пешвои миллат дар бораи он ки сармоягузорӣ ба таълиму тарбияи кӯдакону наврасон сармоягузорӣ ба ояндаи миллат ва давлат мебошад, аҳаммияти хос доранд. Забономӯзӣ низ як қисми ҳамин сармоягузорӣ ба инсон аст. Ҷавоне, ки забонҳои хориҷиро медонад, аз технологияҳои муосир истифода бурда метавонад, соҳиби касбу ҳунар ва ҷаҳонбинии васеъ мебошад, барои ҷомеа ва давлат неруи созанда ба ҳисоб меравад.
Истиқлоли давлатӣ барои рушди забономӯзӣ заминаҳои мусоид фароҳам овард ва натиҷаҳои солҳои гузашта собит менамоянд, ки ин имкониятҳо самаранок истифода шудаанд. Акнун марҳалаи нав аз мо муносибати нав, андешаи созанда ва истифодаи самараноки имкониятҳои илмӣ ва технологиро талаб мекунад. Агар таълими забонҳои хориҷӣ бо илму технология, касбомӯзӣ, тарбияи маънавӣ ва талаботи бозори меҳнат пайваста ба роҳ монда шавад, он метавонад дар омода намудани насли донишманду соҳибкасб ва дар таҳкими неруи зеҳнии Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда гузорад.
Абдуллоева Меҳриниссо,
доктори илмҳои педагогӣ, профессор, декани факултети забонҳои хориҷии
Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»