МАОРИФ ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ
Маъмулан, маҳз дар остона ва ҷараёни сафарҳои кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақшаҳои бузурги созандагӣ ва бунёдкорӣ амалӣ шуда, садҳо иншооти муҳим мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд. Ин раванди созанда ба ободии гӯшаву канори Ватан, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар гардидани сатҳи некуаҳволии мардум такони ҷиддӣ мебахшад.
Сафари кории навбатии Пешвои миллат, ки чанде қабл сурат гирифт, низ чунин аҳаммияти баландро доро буд. Сафари мазкур дар даврае анҷом ёфт, ки тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон дар руҳияи баланди ватандорӣ ҷашни бузурги милливу давлатӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамуданд.Зимни ин сафар анъанаи неки бунёдкорӣ давом ёфта, иншоотитаъйиноташон гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Маҷмуан, дар ин рӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 43 иншооти нав ифтитоҳ ёфт.
Дар сиёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф ва илм ҷойгоҳи хосса дорад. Ба ин соҳаҳо ҳамчун пойдевори асосии пешрафти ҷомеа ва давлат эътибори махсус зоҳир мекунанд. Ин нукта аз ҷониби Роҳбари давлат борҳо таъкид гардидааст, ки сармоягузорӣ ба маориф ин ғамхорӣ ба ояндаи дурахшони миллат мебошад. Ин аст, ки дар ҷараёни сафари кории навбатӣ ба вилояти Суғд иншооти соҳаи маориф афзалияти аввалиндараҷа доштанд ва қисми бештари маҷмӯи иншооти иҷтимоиро ташкил доданд.
Бузургтарин ва муҳташамтарин иншооти соҳаи маориф, ки расман мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, бинои нави Муассисаи таҳсилоти умумии №26 «Нури Раҳмон» дар шаҳри Хуҷанд мебошад. Ин макони илму маърифат, ки дорои 4 ошёна аст, дар умум барои 4000 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Мактаби мазкур бо назардошти тамоми талаботи замони муосир ва стандартҳои байналмилалии таълим сохта шуда, дорои 73 синфхона мебошад. Дар ин ҷо 15 кабинети махсуси фаннӣ, аз ҷумла химия, физика, биология ва технологияи иттилоотӣ ташкил карда шудаанд, ки бо лабораторияҳо ва таҷҳизоти нав муҷаҳҳаз мебошанд. Инчунин, мактаб дорои китобхонаи муосири электронӣ, толори боҳашамати варзишӣ ва маҷлисгоҳ аст, ки шароити беҳтаринро барои таълиму тарбияи насли наврас муҳайё месозад.
Инчунин,дар деҳаи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои нави таълимии Гимназияи хусусии «Ҳаёт» ифтитоҳ гардид. Ин бинои муосири 4-ошёна барои 1200 хонанда пешбинӣ шудааст. Гимназияи мазкур бо технологияҳои нави таълимӣ, синфхонаҳои муҷаҳҳази компютерӣ ва марказҳои ҳунаромузӣ таъмин мебошад, ки барои омода намудани кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат нақши назаррас мебозад.
Дар шаҳри Хуҷанд Муассисаи таҳсилоти томактабии «Хуршеди Истиқлол» ба фаъолият оғоз намуд. Ин боғчаи кӯдакон бо толорҳои зебои мусиқӣ, варзишӣ, ҳуҷраҳои бозии барҳаво, ҳуҷраи логопед ва нуқтаи тиббӣ муҷаҳҳаз буда, даҳҳо зану бонуи маҳаллиро бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин кард. Инчунин, дар деҳаи Дӯстии ноҳияи Ашт кӯдакистони нави муосир барои 180 кӯдак, ки аз ҷониби соҳибкори ватандӯсти маҳаллӣ бунёд ёфтааст, ба таври фосилавӣ (онлайн) аз ҷониби Президенти кишвар мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ чунин бунёдкориҳо дар вилояти Суғд вусъати тоза касб кард. Зимни мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд таъкид гардид, ки давоми 5 соли охир дар доираи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, дар қаламрави шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 15 400 иншооти таъйиноти гуногуни иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва саноатӣ сохта, азнавсозӣ ва ба истифода дода шудаанд. Миёни онҳо иншоотҳои соҳаи маориф мақоми шоиста дорад.
Сарвари давлат зимни баромад қайд карданд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ барои беҳтар намудани хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар вилоят сохтмони муассисаҳои маориф ва тандурустӣ (аз ҷумла 417 иншооти нави тандурустӣ) ҳамеша зери назорати махсус қарор дошт. Ин таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳиссаи соҳаи маориф дар сохтори иншооти ҷашнии вилоят на танҳо аз рӯи миқдор, балки аз рӯи аҳаммияти стратегӣ ва ҳаҷми сармоягузорӣ дар ҷойи аввал меистад.
Ин рақамҳо бори дигар собит месозанд, ки Тоҷикистон дар роҳи рушди устувор ва созандагӣ қадамҳои устувор мегузорад. Ин сафар бо барномаи пуршукӯҳи фарҳангӣ дар варзишгоҳи шаҳри Хуҷанд ба поён расид.
Бобоҷон Қурбонов,
сармуҳаррири рӯзномаи «Нури маърифат»-и Муассисаи давлатии таълимии
«Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»