​ИСТИҚЛОЛ – НЕЪМАТИ БЕБАҲО

Истиқлол бузургтарин дастоварди халқи тоҷик дар асри 20 мебошад. Нуҳуми сентябри соли 1991 Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр ба ҷаҳониён муаррифӣ гардид ва ин рӯз сарнавишти моро тағйир дод. Бо истиқлол мо имкони аз нав эҳё кардани таърих, забон, фарҳанг ва арзишҳои миллиамонро пайдо кардем.

Истиқлол ин қарор қабул кардан, идоракунии давлат ва муайян кардани роҳи худ аст. Дар солҳоиаввали истиқлол мардуми мо бо қаҳрамонӣ сулҳу ваҳдатро баркарор намуда, пояҳои давлатдориро устувор сохтанд. Имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари сулҳхоҳ ва созанда шинохта шудааст. Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон роҳи рушд ва ободиро пеш гирифт. Истиқлолият масъулият меорад. Ҳар яки мо вазифадорем, ки ба хотири пешрафти Ватани худ бо меҳнати содиқона хизмат кунем.Ҷавонон ҳамчун ворисони истиқлол бояд босавод, ватандӯст ва созанда бошанд, то ояндаи дурахшони давлатро таъмин намоянд. Бояд истиклоли азизамонро мисли гавҳараки чашм эҳтиёт кунем.

Саидахон Ахмедова,

донишҷӯи соли дуюми факултети физика ва техникаи

Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии

Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ