​МУАЛЛИМ – САФОБАХШАНДАИ НУРУ ЗИЁ

Омӯзгор бояд на танҳо донандаи фанни худ, балки мураббии ҳақиқии инсон бошад. Зеро тарбияи насли наврас – ин тарбияи ояндаи миллат аст.

Эмомалӣ Раҳмон

Муаллим, устод, омӯзгор... Чун ин мафҳумҳоро ба забон меорем, беихтиёр дар пеши назар чеҳраи нуронии шахсе намудор мегардад, ки тамоми ҳаёти хешро баҳри тарбияи насли наврас бахшида аст. Агар барои аз хоби ноз бедор сохтани табиат баҳор лозим бошад, пас баҳри саводнок шудан ва ба роҳи рост рафтани инсоният муаллим нақши калон дорад. Ҳеҷ кас аз батни модар оқилу донишманд ба дунё наомадааст. Хизмати бузурги муаллим аст, ки устод Рӯдакиро чун шоири шоирон, ҳаким Фирдавсиро чун муаллифи асари безаволи «Шоҳнома», Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Гузназар, Меҳмон Бахтӣ, Аскар Ҳаким, Фарзона ва даҳҳо дигар адибони барҷастаро ба камол расонидааст.

Муаллим барои тарбия ёфтан, ба камол расидан ва бузург гаштани хар як шогирдаш кӯшиши беандоза мекунад. Зеро шогирди хуб ифтихори муаллим мегардад. Вақте шогирди муаллим шахси обрӯманд мегардад, бевосита аввалиндараҷа номи муаллимашро мегирад ва аз ӯ розист, ки алфози накӯяш омӯхт. Устод ба роҳи рост ҳидояташ намекард, ҳеч гоҳ шарафманду комёб намегашт. Заҳмати беандозаи омузгори бузург тавонист роҳбалади шогирди пурзақоват гашта, сохибмаълумоташ гардонад.

Муаллим равшангари дилҳо ва ҳидоятгари роҳи рост дар зиндагӣ мебошад. Агар он заҳматҳои устод намебуд, ҳама аз илму дониш дур мемонданду дунё тираву тор мегашт.

Чуноне, ки гуфтаанд:

Расад ҷон бар лаби бечора устод,

Ки ҳарферо ба шогирде диҳад ёд.

Аз рӯзи аввали ба мактаб қадам монданамон муаллим моро бо рӯйи кушоду чеҳраи хандон пешвоз мегирад ва ба мо хондану навиштан, одобу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ва гуфтору рафтори одамиро меомӯзонад. Пас аз чанд сол бо ҳамон чеҳраи кушод ба зиндагии мустақилона гусел менамояд.

Муаллим ҳамеша кӯшиш мекунад, ки шогирди хуберо барои ҷомеа ба воя расонад. Барои ин, ӯ чӣ қадар нури чашмонашро аз даст медиҳад, мӯйи сарашро сафед мекунад, вале боре ҳам шикоят накарда, ба кори худ содиқ мемонад. Пас мо шогирдонро мебояд ҳамаи заҳматҳои кашидаи устодонро пос дорем ва корҳоеро ба сомон расонем, ки устодон аз мо бифахранд.

Муаллим касби пурифтихор ва бошараф аст. Муаллим барои гулгулшукуфоии низоми ҷомеа, соҳибмаърифатии аҳли ҷомеа, соҳибтамаддунӣ, худшиносӣ, худогоҳӣ хизмат кардааст. Муаллим бо ақл, бо хирад, бо таҳаммул муносибат мекунад. Бурдбор аст, сабур аст ва заҳмат ба харҷ медиҳад, то наслро ба камол расонад. Насли оддӣ не, насли созанда, бунёдкор, дурандеш, худшинос, худогоҳ, ҷомеасоз. Он ҷое, ки муаллим қадам мегузорад, эҳсос карда мешавад, ки пешорӯйи ӯ дастаи нур равон аст. Ин нур нури хирад, нури маърифат, нури дониш, нури солимии тафаккур аст. Ва он ҷое, ки нур аст, шароиту имконияте ҳаст, ки мардум аз он баҳраманд шаванд.

Муаллим ғарқи дарёи дониш, муаллим ғарқи анбуҳи китоб, муаллим шабзиндадор, муаллим ҳамқадаму ҳамнафаси қаламу дафтару китоб аст. Муаллим кӯшиш ба харҷ медиҳад солҳои тӯлонӣ меомӯзад, то ки баҳри ҷомеа, насли созандаву бунёдкорро ба воя расонад. Муаллим соҳиби андеша, соҳиби андарз ва соҳиби панду ҳикмат аст.

Сарчашмаи ҳамаи хушиҳо, ободии ҳамаи маҳфилҳо, бузург гардидани ҳамаи шогирдони баркамол, маҳз меҳнати устодон-омӯзгорон мебошад. Омӯзгорон вазифаи ниҳоят душворро ба зимма гирифта, дар зиндагии пур аз розу ниёз тифли инсониятро тарбия менамоянд, илм меомӯзанд, ки чандон кори осон нест.

Хуррам онест, ки сазовори номи бузургу ин касби пуршараф аст. Омӯзгорӣ касби ниҳоят пуршараф аст ва омӯзгор касест, ки ҳамеша дар ҷустуҷӯи навоварист. Аммо донистану аз худ кардани навоварию ҷамъи рафтору гуфтори нек ба кас ба осонӣ муяссар намешавад. Чандон осон нест, ки аз тифле, ки аз олами маънӣ хабаре надорад, олиме сохт.

Муаллим барои тарбия ёфтан, ба камол расидан ва бузург гаштани ҳар як шогирдаш кӯшиши беандоза мекунад. Зеро шогирди хуб ифтихори муаллим мегардад. Даме, ки шогирди муаллим шахси обурӯманд мегардад, бевосита аввалиндараҷа номи муаллимашро мегирад.

Хулоса, омӯзгор он шахсияти бузург ва нотакрорест, ки бо чароғи ақл олами фикри моро равшан намуда, дунёи пурасрори илмро муррифӣ мекунад. Деҳқону муҳандис, олиму муҳаққиқ, духтуру шоир ҳама парвардаи оғӯши биҳиштосои муаллиманд. Тобиши зиндагӣ бори дигар собит месозад, ки давлати муаллим шогирдонаш мебошанд. Ӯ аз пешрафт комёбии эшон ифтихор мекунад.

Боиси ифтихор аст, ки таҳти сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани мақоми омузгор тадбирҳои судманд андешида шуда, ин қишро ҷомеа ҳамеша зери таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Воқеан ҳам, эҳтироми муаллим вазифаи муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси ватан аст.

Аҳрорҷон Убайдуллоев,

муаллими кафедраи педагогикаи умумии Муассисаи давлатии таълимии

«Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ