​ПАЙВАНДИ ФИТРИИ ВАҲДАТ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

Ваҳдати миллӣ ва ҳувияти миллӣ ду рукни ҷудонопазиранд. Ин ду падида якдигарро пурраву устувор месозанд. Чи аз ҷиҳати фалсафӣ ва ё мантиқӣ онҳо ба ҳам робитаи зич дошта, дар маҷмуъ, пойдории миллату давлатро ташкил медиҳанд.

Ваҳдати миллӣ иттиҳоду сарҷамъии ҷомеаро мефаҳмонад, ки пойдевори он аз ҳувияти миллӣ асос мегирад. Зеро унсурҳои созандаи ҳувияти миллӣ аз назари донишмандон сарзамин, забон, таърих, фарҳанг, ва боварҳову оинҳост. Пояндагии як миллат дар партави доштани чунин унсурҳо имконпазир аст. Дар тули таърих ана ҳамин унсурҳои таърихию фарҳангӣ боиси ҳифзи тоҷикон гаштааст.

Агар миллати тоҷик чунон фарҳанги ғанӣ ва таърихи дерина намедошт, ҳаргиз ба сахтиҳои рӯзгори гузашта тоб оварда наметавонист ва зери фишори фарҳангҳои бегона бо гузашти рӯзгор маҳв мешуд. Далели ин гуфтаҳо ҳамлаҳои бегонагон дар тули таърих ба ин сарзамин аст, ки дар натиҷа онҳо ба фарҳанг ва ҳувияти мо мутобиқ шуда, ниҳоят фарҳанги моро пазируфтаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба дарки таърихи сабақомӯз ва ҳифзи музафарияти миллӣ чунин баён намуда буданд: «Ба таърихи миллати худ чун ба оинаи поку муқаддас назар бояд кард, оинае, ки акси халқро бо шукуҳу ҷамол ё айбу нуқсон нишон медиҳад не. Ин барои худшиносии ҷомеа ва равшан намудани ҳадафҳою роҳи минбаъдаи он, дар ин аёми мураккаб ниҳоят зарур аст». Яъне, таърих дӯсти ҳақиқатгӯст ва саҳифаҳои пурифтихору пандомӯзи онро бо сари баланд бояд омӯхт.

Албатта, дар ин раванд моро лозим мебояд, ки аз таърихи илм ва адаби миллати хеш, ҷанбаҳои созандаи он хуб огоҳ бошем ва ҳувияти миллиро дар сатҳи ниҳоят баланд бардорем. Ҳувияти миллӣустуворӣ ва ҳифзи ваҳдату якдилӣ нақши бориз дорад.

Бояд қайд намуд, ки барои насли ҷавону ҷомеаи кунунии кишвар дар баробари дигар маъхазҳо китоби Пешвои миллат «Чеҳраҳои мондагор» дар тарғиб ва шаклгирии ҳувияти миллӣ ва масъалаи худшиносии миллӣ воситаи муҳим мебошад. Муҳтавои китоб метавонад ба баҳсҳои ҳувият дар ҷомеаи мо такони ҷиддие бахшад, зеро дар он тамоми ҷабҳаҳои ҳувият ва андешаи миллӣ инъикос гардидаанд.

Инчунин, дар сиёсати хирадмандона ва таълифоти Сарвари давлат масъалаи меҳварӣ, яъне, ҳувият ва худшиносии миллӣ мақоми шоиста дорад. Пешвои миллат зимни ҳар суханронӣ хотиррасон мекунанд, ки: “Инсон бояд қувва ва имконоти худро дар вобастагии кулл бо доираи манфиатҳои миллӣ дарёбад, таърихи миллатро донад, худро нисбат ба тақдири Ватан масъул шуморад”.

Қобил ба тазаккур аст, ки бо ибтикори Пешвои миллат ташаккули фарҳанги замони истиқлол дар заминаи фарҳанги ахлоқӣ ва ҳаёти маънавии халқи тоҷик дар руҳияи сулҳпарварӣ ва таҳам-мулгароӣ асос ёфтааст. Дар муқобили идеяҳои таҳмилшудаи хориҷӣ, ки ҳадафашон низои миллӣ ва мазҳабӣ аст, фарҳанги миллии мо бо ҷалби қувваҳои фарҳангии дунявӣ ба сӯи ризоият ва ваҳдати миллӣ ҳамқадами замонанд. Сабақҳои таърихӣ собит кардаанд, ки маҳз заифӣ дар ҳувияти миллӣ ва рӯ овардан ба хурофоту маҳалгароӣ дар гузашта боиси аз байн рафтани иттиҳод, сулҳу субот ва ваҳдат гардидаанд. Дар музокироти сулҳи тоҷикон низ яке аз омилҳои калидӣ эҳсоси ҳувияти миллӣ аз ҷониби Сарвари давлат буд. Яъне, ҳувияти миллӣ таҳрикбахши ваҳдату ягонагӣ мебошад.

Донистани таърихи миллат, инчунин, дарки маънои рамзии идҳои миллӣ, ҳифзи ҳувияти миллӣ барои тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, дарки арзишҳои миллӣ ва ташаккули худшиносии миллии тоҷикон дар муҳити наслҳои оянда зарур аст. Вобаста ба ин мавзуъ, бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхониву тақвияти неруи зеҳнӣ миёни аҳолии кишвар, арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳама-ҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони миллати тоҷик дар тули таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандорӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмунҳои «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва ғайраҳоро ба роҳ монданд, ки бисёр ҳам саривақтӣ мебошанд.

Замони муосир дар баробари суръати баланди инкишофи худ, ки ба болоравии сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҷомеа таъсири мусбӣ мерасонад, боз масъала-ҳоеро ба миён мегузорад, ки ҳалли онҳо барои пешрафт ва мустаҳкам намудани пояи маънавии ҷомеа ва ҳифзи ваҳдати миллӣ аз фоида холӣ намебошад. Имруз душманони миллати мо кам нестанд, ки мехоҳанд бо ҳар роҳу усул дар ҷомеа нооромиро ба вуқуъ оварда, бештар қишри ҷомеаи ҷавони моро, ки ояндаи ин миллату давлат ҳастанд, ба коми мақсадҳои ғаразноки худ кашанд. Нооромиҳои имрӯза дар кишварҳои гуногун моро водор месозад, ки ҳамарӯза ҳушёр бошем ва дар тарбияи насли ҷавони хеш бештар аҳаммият дода, онҳоро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамун созем.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ барои камранг кардани фарҳанг ва арзишҳои миллӣ кӯшишҳои зиёд ба харҷ медиҳанд. Дар ин маврид пайвандии ду рукни муҳим – ваҳдати миллӣ ва ҳувияти миллӣ аҳаммияти махсус пайдо мекунад.

Аксар маврид ихтилоф ва ҷудоӣ миёни инсонҳо намудҳои зоҳирии фарҳангӣ, монанди нажод, миллат, забони гуфтугӯӣ ё «забони дин» буда метавонад, зеро ин падидаҳо ҷузъе аз арзишҳо ба шумор рафта, аксар вақт дар ҷомеа аз будаш зиёд арзёбӣ мегарданд. Аз як ҷиҳат, назари кӯҳна ва яктарафаи инсонҳо дар дидани ҷаҳон аз як дидгоҳи хеле танг ва ҷузъӣ ва дар натиҷаи тоб наовардан ё худ напазируфтани андешаи мардумоне, ки ҷаҳонро ба маънӣ ва ё шеваи дигаре мебинанд ва ба ин биниши худ эътиқод доранд, низ боиси ҷудоандозӣ ва нооромии ҷомеа мегар-дад. Ваҳдат ва ҳамдилии ҷомеа дар ҳамин маврид мақом ва ҷойгоҳи худро устувор месозад.

Дар тӯли таърих гарчанде, ба миллати тоҷик хатари парокандагию нестшавӣ борҳо таҳдид карда бошад ҳам, мардуми тоҷик ҳамеша ҳувияти худро ҳифз намуда, то ба боргоҳи истиқлоли миллию давлатӣ хеш расидааст. Аз ин рӯ, мо бояд, иродаи устувору созанда, фарҳанги бузургу эҳёгаронаи аҷдодони хешро боз ҳам тақвият бахшида, зинда нигоҳ дорем.

Тарақиёту муваффаққияти ҳар як қавму миллат ва давлат аз муттаҳидии мардум ва ягонагии мақсаду мароми халқ вобастагии амиқ дорад. Дар ҳақиқат, мо имрӯз дар марҳилаҳои гуногуни зиндагӣ шоҳиди он ҳастем, ки бинобар сабабҳои гуногун сулҳу суббот дар ҷаҳон боиси парокандагӣ ва ҳатто нестшавии қавмҳо, миллатҳо ва давлатҳо гардида истодааст. Ҷавҳари худшиносии ботинӣ, эътиқоди миллӣ ва фарҳангии инсонро ҳувияти ӯ инъикос мекунад. Ягона роҳе, ки инкишофи ҷомеаро орому муътадил нигоҳ медорад, ин боварӣ кардан, назари нек ва созанда доштан ба арзишҳои волои умуми-башарӣ мебошад.

Бояд қайд намоем, ки мо бо душвориҳои зиёд нобасомониҳои асри гузаштаро паси сар намуда, тавассути сиёсати хирадмандони Пешвои миллат ва халқи азизамон роҳи созишро пеш гирифтем ва бо роҳи оштии миллӣ ва ваҳдат Ватани азизамон Тоҷикистонро ободу зебо намуда, оромии онро ҳифз намудем. Барои то абад ҳифз намудани ин неъмати бебаҳо – Ваҳдати миллӣ мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, дар атрофи роҳбари муаззами худ муттаҳид бошем.

Таъмини сулҳу ваҳдат ва таҳкими истиқлоли давлатӣ бояд вазифаи муқад-дас ва пурифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бошад. Инчунин, барои пойдории оромӣ мо бояд ҳама аз як гиребон сар бароварда, ба ҳеҷ кас имконият надиҳем, то ин арзишҳоро барҳам диҳад.

Хулоса, ҳувияти миллӣ сипари устуворе барои ҳифзи амният ва ваҳдату ягонагист. Бинобар ин, баланд бардоштани ҳувияти миллӣ кафолати устуворӣ ва пойдории Ваҳдати миллист.

Содиқ Ятимзода,

номзади илмҳои геология ва мениралогия,

муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи МДТ

“Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номиакадемик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ