​ИСТИҚБОЛ АЗ АДОЛАТИ ТАЪРИХӢ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

Яке аз нуктаҳои муҳимму меҳварии чашмандози сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи бақарор кардани адолати таърихӣ ва арҷ гузоштан ба хидматҳои фарзандони фарзонаи миллат мебошад. Дар давоми наздик ба 35 соли соҳибистиқлолӣ мо шоҳид будем, ки хидматҳои афроди хидматкарда дар бунёду барқарорсозии Тоҷикистон ба унвони кишвар ва ҷумҳурии мустақили миллӣ, новобаста ба он ки мавриди таъқиби сиёсати солҳои 37-умиасри ХХ шудаанд, дар сатҳи шоиста тақдир шуданд. Чеҳраҳои бузурги миллати мо Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур ҳанӯз соли 2006 барои хидматҳои шоиста ва талошҳои пайваста дар табдили ҷумҳурии худмухтори Тоҷикистони Шуравӣ ба кишвари мустақил аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони баланди “Қаҳрамони Тоҷикистон” мушарраф шуда буданд. Нисор Муҳаммад низ ба сифати Вазири маорифи Тоҷикистон дар ташакули низоми маърифатпарварии ҷомеа хидматҳои шоистае ба анҷом расонидааст.

Ҳоло иқдоми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қаҳрамонони миллат ва ҳамзамон Нисор Муҳаммад бори дигар собит намуд, ки корномаҳои ин бузургон дар бунёди Тоҷикистони навин ва исботи ҳастии таърихии миллати тоҷик воқеан содиқонаву ҷовидон аст. Дар ин раҳгузор хоки рамзии ин се сарсупурдаи миллати тоҷик, ки дар солҳои мушкили сиёсӣ бо туҳмати душмани халқи тоҷик қатл ва дар қабристони Донскойи Маскав дафн шуда буданд, бо ташаббуси Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон оварда ва дар мавзеи Лучоб дубора дафн шуданд. Ин тадбир ва ташаббуси муҳим дар заминаи равобити ҳасана ва ҳамкориҳои сиёсии ду кишвар дар сатҳи давлатӣ анҷом ёфт ва собит намуд, ки роҳу равиши ин чанд чеҳраи барҷастаи сиёсӣ дуруст ва аз рӯи адлу инсоф буда, бо ин кор дубора онҳо дар мақоми таърихиашон барқарор шуданд. Иқдом ва ташрифи Пешвои миллат ба маросими истиқболи хоки рамзии Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад шаҳодати он аст, ки гарду ғубори таърих аз домани онон бардошта шуда, адолати таърих барқарор гардад. Ташаббусҳои таърихомӯзонаву одилонаи Пешвои миллат ин нуктаро равшан гардонид, ки ҳар се шахсияти бузург барои бунёди Тоҷикистони навин хидмат карданд. Аммо замонаи рахнаовар ба онон ҷабру зулмро раво дид. Бо гузашти замон, адолат дар мавриди созандагии онон ғалаба карда, хотираи таърихии миллат барқарор дар ҷойгоҳи хеш қарор ёфт. Ибтикори навбатии Пешвои миллат дар муносибат ба ин се чеҳраи барозандаи таърихии Тоҷикистон ин амрро собит кард, ки талошу кӯшишҳои фарзандони фарзонаи миллат дар роҳи расидан ба ҳастии таърихии миллати тоҷик ниҳоят аз нав ҷойгоҳашро пайдо кард.

Ба шарофати сиёсати фардоафрӯзи Пешвои миллат мардуми кишвар ба зиёрати ин се шахсияти сиёсии тоҷик ба мавзеи Лучоб омада ва корномаҳои диловарони ононро чун рамзи ифтихор, сарфарозӣ, шинохти адолати таърихӣ истиқбол намуданд. Расидан ба чунин рухдоди ифтихорбарангез дар навбати дигар сабақи омӯзанда ба наслҳои имрӯзу фардо хоҳад буд, то корномаҳои беназири ватандӯстонаи онҳо пайваста мавриди омӯзиш қарор ёфта ва чун дарси ватандорӣ, худшинсӣ ва ифтихор аз тоҷику тоҷикият тарғиб шавад.

Аз ҷониби дигар, ташаббуси навбатии Пешвои миллат моро вазифадор мекунад, ки зиндагии ибратомӯзи Махсум, Шириншоҳ, Нисор Муҳаммадро ба таври пурраву амиқ омӯхта, дар раванди таълими таърих, фалсафа, ҳуқуқ, забону адабиёти тоҷик фаровон ба кор барем, зеро наслҳои имрӯз ба шинохти хидматҳои шоёни ин фарзандони сарсупурдаи миллат ниёзи бештар доранд. Онҳо чун афроди ватандӯст новобаста ба мушкилоту фоҷеаҳои ба сарашон омада дар ҳифзи асолати миллӣ ва мақоми таърихии тоҷикон талошҳои бузургу омӯзандае кардаанд. Маҳз талошу кӯшиши чунин мардони ватандор сабаб шуд, ки мақоми таърихии тоҷикон дурусту дақиқ маърифат шуда, ба истиқлоли таърихи ин миллати тамаддунсоз замина фароҳам ояд, Ҷумҳурии шуравии Тоҷикистон дар харитаи сиёсии замон ҷойгоҳ пайдо намояд.

Дар маҷмуъ, ташаббуси адолатпарваронаи Пешвои миллат моро ба дарку шукргузорӣ аз ин корномаҳои ватандӯстона ва омӯзиши кору пайкори онон вомедорад.

Набизода Мирзотоҳи Сайфиддин,

ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии

Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ