АРҶГУЗОРИИ ГУЗАШТАГОН – АМАЛИ ХАЙРУ ПУРИФТИХОР
Истиқлоли давлатӣ ба мардуми тоҷик имкон фароҳам овард, ки таърихи гузаштагони худ, номи фарзандони фарзонаи миллат, қаҳрамонҳои миллӣ, фарҳангу забони тоҷикиро аз нигоҳи наву воқеӣ омӯзанд ва баҳогузорӣ намуда, барои тақвияти худшиносиву худогоҳии миллии насли ҷавону ояндасоз чораву тадбирҳои муҳимро рӯи кор оваранд.
Дар саргаҳи чораву тадбирҳо доир ба баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ, ҳофизаи таърихӣ, зинда гардонидани номи бузургони миллат ва арҷ гузоштан ва хизматҳои беҳамтои онҳо бевосита Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.
Санаи 19 майи соли 2026 аз шаҳри Маскав оварда шудани мушти хоки ду фарзанди фарзонаи миллат, қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва чеҳраи фарҳангии таърихи миллат, маорифпарвар Нисор Муҳаммад ба шаҳри Душанбе ва дар як вазъияти тантанавӣ пешвоз гирифтану дар оромгоҳи Лучоб ба хок супоридани муште аз хоки ин бузургони давлату миллат нишонаи бевоситаи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба заҳмату талошҳои бар ивази ҷон адонамудаи онҳо ба манфиати миллати тоҷик мебошад.
Иштироки бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар шахсони воломақоми кишвар дар маросими истиқболи мушти хоки оромгоҳи ин фарзандони фарзонаи миллат нишони равшану возеҳи таваҷҷуҳи Сарвари давлат ва Ҳукумати кишвар ба арҷгузорию гиромидошти таъриху фарҳанг, шахсиятҳои шинохтаи давлату миллат мебошад.
Дар маросими тантанавӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки “Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур аз ҷумлаи поягузорони давлатдории навини тоҷикон ба шумор рафта, барои бақои миллат, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, муайянсозии ҳудудҳои маъмурӣ ва таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои мондагор анҷом додаанд”.
Воқеан, саҳми Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур дар бедор намудани ҳуввияти мардуми тоҷик дар вақти тақсимоти миллии ҳудудӣ, таъсисёбии ҶМШ Тоҷикистон ва ҶШС Тоҷикистон саҳми таърихиву тақдирсоз гузоштаанд. Нисор Муҳаммад ҳамчун шахси босаводу ташкилотчӣ дар ташкил ва рушд кардани илму маорифи кишвар дар сафи пеш қарор дошт. Корнамову ҷоннисориҳои ин шахсиятҳо дар таърихи даврони Шуравии Тоҷикистон бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, дар даврони истиқлоли давлатӣ дар бораи ҳаёт ва фаъолияташон асару мақолаҳои зиёд нашр гардидаанд. Ин абармардони миллат бар ивази заҳмату талошҳои беандозаи худ дар таъсиси Тоҷикистони воҳид қурбони таъқиботи сталинии солҳои 30-юми асри XX гардида, берун аз Ватан дафн гардида буданд.
Ба Тоҷикистон оварда шудани хоки мазори онҳо аҳаммияти муҳимми иҷтимоӣ, мафкуравӣ ва тарбиявӣ дорад. Он имкон медиҳад, ки хешу таборашон ва дигар шаҳрвандони баору номуси кишвар аз оромгоҳи онҳо зиёрат намоянд. Ин иқдом наслҳои имрӯза ва ояндаро боз ҳам водор месозад, ки халқи тоҷик хизматҳои мондагори фарзандони сарсупурдаи худро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад. Бо гузашти вақт қадру манзалати онҳо боз ҳам баландтар мегардад.
Ҳамин тариқ, арҷгузорӣ ва қадршиносии фарзандони сарсупурда, қаҳрамонони роҳи озодиву истиқлоли миллӣ аз иқдомҳои наҷибиПешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб ёфта, дар саҳифаҳои таърих навини Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷовидон сабт мегардад.
Иброҳим Ҷабборзода,
дотсент, мудири кафедраи ҳуқуқшиносии Муассисаи давлатии таълимии
«Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»