​НАҚШИ НУСРАТУЛЛО МАХСУМ ДАР БУНЁДИ ТОҶИКИСТОНИ НАВИН

Мусаллам аст, ки асри барои миллати тамаддунсози тоҷик асри XX барои миллати давлатсозу тамаддунофари тоҷик талошу муборизаҳо барои эҳёву барқарорсозии давлат ва асри бедории миллат буд. Дар тули муборизаҳо халқи тоҷик барои озодӣ, адолат ва барқарор намудани давлати миллӣ, махсусан солҳои 20-уми асри гузашта мавқеи хеле муҳим дорад. Зеро маҳз дар ҳамин солҳо бақои давлату миллати тоҷик ҳаллу фасл шуда буд.

Мавҷи пурталотуми ҳаракат барои истиқлол ва озодии давраи гузариши ибтидои асри бистум дар қатори чандин арбобони машҳуру писандидаи Осиёи Миёна фарзанди баруманди миллати тоҷик Нусратулло Махсусро низ ба майдон овард.

Роҳи ҳаёти арбоби намоёни давлатӣ ва ҳизбии Тоҷикистон Нусратулло Махсум пур аз мушкилиб ташвишҳо сипарӣ гаштааст. Нусратулло Махсум 1 июли соли 1881 дар деҳаи Чашмаи Қизи бекигарии Қаротегин аморати Бухоро дар оилаи деҳқони камбағал ба дунё омадааст. Овони кӯдакӣ ва наврасиаш дар ин диёри хушманзараи кӯҳистонӣ тоҷик гузашт. Аз давраи бачагӣ ба волидонаш ёрӣ расонида, аз озобу машаққати касби кишоварзӣ воқиф буд. Бар асари рӯзгор сахту сангин бармаҳал хонаи падар ва зодгоҳи азизро тарк гуфта, дар ғарибӣ бахташро ҷуст. Мисли ҳазорҳо мардикори куҳистонӣ ба ҷустуҷуи қути лоямут озими шаҳрҳои саноатии Осиёи Миёна гардид. Дар ибтидо андак донишро аз падараш гирифта, сипас бо розигии волидайн ба Қӯқанд рафт.

Кори 14-16 соатаи пурмашаққат, шароити номусоиди корхонаҳо, маоши ночиз зиндагии вазнини коргарон, оҳу фиғони бенавоён ба тағйири ақидаи ӯ нисбат ба замона боис гашт. Мардуми косаи сабраш лабрез барои кам кардани ҷаримаю беҳтар намудани шароити кор, афзоиши маош, ихтисори соати амал талабҳо мегузоштанд. Бонги бенавоёнро инқилоби якуми рус боз ҳам баланд намуд ва таъсири он тамоми сарзамини Осиёи Миёнаро фаро гирифт. Нусратулло Махсум аз ин мавҷи пуртуғёни омма дар канор намонд, худро бедареғ ба дарёи пурталотуми муборизаҳои сиёсӣ баҳри зиндагии пурсаодати халқ андохт.

Дар қатори даҳҳо ҳаммаслаконаш Нусратулло Махсум барои иштирокаш дар ҷунбишҳои мардумӣ аз кор хориҷ карда шуд. Пас аз даҳ соли мусофират ба ватан баргашт. Дар зодгоҳаш аввал ба зироаткорӣ ва боғдорӣ, сипас ба касби чӯпонӣ машғул шуд. Дар атрофаш ҷавонони рушанфикри куҳистониро ҷамъ намуда, барои беҳбудии минбаъдаи меҳнаткашон тарғибу ташвиқ мекард, онҳоро барои муборизаи шадид зидди ноадолатиҳои замона даъват менамуд. Соли 1920 дар Бухоро инқилоб ғалаба кард, худи ҳамон сол ба сафи Ҳизби Коммунистӣ дохил шуд. Нусратулло Махсум баъди эълони ҶХШБухоро, махсусан аз солҳои 1921 сар карда то тақсимоти миллию давлатии Осиёи Миёна аз унсурони бегона тоза намудани органҳои ҳизбию давлатӣ, дар мубориза бо датаҳои нопоки ҳаракатҳои зиддишуравӣ фаъолони иштирок намуд. Дар ин солҳои пурошуб вазифаҳои пурмасъули раиси Кумитаи таъмини озуқаи Артиши Сурх дар вилояти Ғарм, вакили масъули Ҳукумати Ҷумҳурии Шуравии Бухоро дар Бухорои Шарқӣ оид ба таъминоти озуқавории қисмҳои Артиши Сурх, раиси Комиссияи фавқулодаи диктатории КИМ-и Бухороро оид ба корҳои Бухорои Шарқӣ, раиси КИМ-и Бухорои Шарқиро сарбаландона иҷро кард.

Дар вазъияти ниҳоят ҳассосу мушкил дар сафи аввалин фарзандони сарсупурдаи халқи тоҷик ба мубориза бархостани Нусратулло Махсум нишонаи ватандӯсту ватанпарасти асил будани ӯ мебошад. Кӯшишу талошҳои ӯ пеш аз ҳама дар ташкили Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян гардидани марзу буми имрӯзаи он ва шинохти миллати тоҷик беназир аст. Зеро дар он солҳои ҳассосу тақдирсоз бадхоҳони милати тоҷик намехостанд, ки халқи мо соҳиби ҷумҳурии худ гардад. Аз ин рӯ, Нусратулло Махсум ба ҳайси яке аз роҳбарони ҷумҳурӣ бо ҷасорати фавқулодат ва шуҷоати сиёсӣ барои тақсимоти одилонаи ҳудудӣ, муайян намудани шахсияти миллии мардуми тоҷик мубориза бурд, кӯшиш намуда буд, ки тоҷикон ҳамчун яке аз қадимтарин халқҳои Осиёи Марказӣ ва дорои таъриху фарҳанги чандинҳазорсола эътироф ва шинохта шаванд.

Ҳануз солҳое, ки Нусратулло Махсум вазифаи раиси Кумитаи Иҷроияи Бухорои Шарқиро ба уҳда дошт, дар масъалаи тақсимоти ҳудудӣ-миллӣ ва ташкили ҷумҳуриҳои мухтор ва иттифоқӣ дар қаламрави Осиёи Миёна мавқеи ҷиддиро ишғол менамуд. Вай бо ҳуҷҷатҳои расмии комиссия оид ба масъалаи мазкур шинос шуда, норозигии хешро нисбат ба қарори он изҳор дошт, ҳатто ба КМ ҲКР (б) бо мактуб муроҷиат нумуд, ки дар он аз ҷумла омадааст: «Масъалаи мутааллиқ ба манфиати халқи тоҷик ғайриодилона ҳал шудааст». Дар мактуб боз қайд шудааст: «1. Сарҳадҳои вилояти Мухтори Тоҷикистон ғалат муайян карда шудаанд, зеро бисёр маҳалҳоие аҳолиаш аксар тоҷик, ки дар ҳамсоягии сарҳадоти вилояти Тоҷикистон пешбинӣ шуда, на дар марзи табиии худ қарор доранд, балки дар ҳудуди Ӯзбекистон воқеъ гардидаанд. 2. Қарор дар бораи ба сифати вилояти мухтор ба ҳайати Ӯзбекистон дохил кардани Тоҷикистон ҳуқуқҳои миллии тоҷиконро ба худмуайянкунӣ инкор менамояд...». Дар мактуб Нусратулло Махсум ба КМ оид ба қарори комиссияи тақсимоти миллӣ, якчанд пешниҳодоти мушаххас манзур намуда, хоҳиш менамояд, онҳо баррасӣ гарданд: «1. Дар бораи ба қаларави Тоҷикистон дохил намудани Ӯротеппа, Хуҷанд, Конибодом, Исфара, Сӯх, Риштон, Учқӯрғон ва дигар маҳаллаҳое, ки аксарияти аҳолиашон тоҷиканд. 2. Ба Тоҷикистон додани имконияти пурраи комилан озодона ташкилёбӣ дар асоси ҳамон принсипҳое, ки Туркманистон ва Ӯзбекистон таъсис гардиданд, бидуни ягон вобастагие аз Ӯзбекистон. Мавқеи ҷуғрофӣ ва теъдоди аҳолии Тоҷикистон ба шарту шароити ҳамҷун ҷумҳурии мустақил таъсис ёфтани он комилан мувофиқ аст». Мактуби Нусратулло Махсум барои комиссия яке аз далелҳои муҳиме гардид, ки қарори худро тағйир диҳад, ба ҷои вилояти мухтор республикаи мухтор ва баъдан РСС Тоҷикистони мустақил ташкил гардад.

Пӯшида нест, ки Нусратулло Махсум дар давраи мураккабтарин арбоби намоёни ҷумҳурӣ гардида буд. Дар оғози фаъолияти сарварии ӯ дар наздаш иҷрои вазифаҳои гуногуни таъхирнопазир меистод. Яке аз он вазифаҳо аз нав барқврор намудани хоҷагии дар натиҷаи ҷангҳои дурударози дохилӣхароб ва валангор гадида бошад, дигар ин масъалаи фирориён аз Афғонистон боз ба Тоҷикистон баргашта буд. Дар мактуби Нусратулло Махсум ба роҳбарияти вақтии ҶШСӮзбекистон доир ба ҳалли масъалаи фирориён тадбирҳои зарурии давлатие, ки ба таври таъҷилӣ бояд ҳалли худро ёбад, инъикоси худро ёфтааст. Барои ҳалли масъалаи бозгашти фирориён дар мактуб чунин пешниҳод ба миён гузошта шуда буд: 1. Барои масолеҳи кишоварзӣ ва чорвои корӣ додани қарзи дарозмуддат ба миқдори 1050.00 сӯм; 2. Барои то ҳосили нав таъмини оилаи деҳқонони қашшоқ бо маводи хӯрок – 300 ҳазор сӯм ва ин маблағ бояд ҳамчунин барои гуруснагон бебозгашт ҷудо карда мешуд; 3. Барои хариди ғаллаи тухмӣ додани қарзи кӯтоҳмуддат ба миқдори 160.000 сӯм. Ҳамин тавр хоҳиш карда мешуд, ки барои таъмини деҳқлнони фирории бозгашта дар маҷмуъ 1510.000 сӯм ҷудо карда шавад.

Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои мушаххас аз ҷониби ҳукумати навбунёди кишвар таҳти сарварии Нусратулло Махсум фирориёни ба ҷумҳурӣ баргашта бо манзил, замин, кор, маош ва аз боҷу андозҳо дар муддати панҷ сол озод карда шуданд. Онҳо чун шаҳрвандони ҶМШТоҷикистон ҳуқуқи хондан, кор карданро пайдо намуданд.

Истеъдоди баланди ташкилотчигӣ, хирадмандию дурандешии Нусратулло Махсум, махсусан, баъди соли 1926, пас аз раиси Комитети Иҷроияи Марказии Тоҷикистон интихоб шудани ӯ бештар зоҳир мегардид. Пухтагии сиёсию ғоявӣ, пайвастагии сухан бо амал, хусусияти фавран нуқтагузорӣ дар ҳалли масъалаҳои таъҷилӣ шуҳрату обруи ӯро дар байни ҳамаи қишрҳои аҳолӣ бемайлон афзун гардонданд. Исботи инро дар суханронии Б.В. Толпиго дар маҷлиси якуми КИМ-и ҶМШС Тоҷикистон дидан мумкин аст, ки таъкид намуда буд: «Мо, рафиқон, раиси КИМ-и Умумитоҷикистонро бояд интихоб кунем, ки Тоҷикистонро донад ва ӯро Тоҷикистон донад, шахсе, ки миёни мардум ба эътибор ва обрӯи ҳақиқӣ сазовор бошад. Саҳв намешавад, агар гӯям, ки ин гуна шахс танҳо рафиқ Нусратуллоҳи Махсум аст».

Саҳми Нусратулло Махсум дар рушди фарҳангу илми Тоҷикистон беназир аст. Маҳз дар солҳои сарварии ӯ нахустин дастурҳои ҳукуматӣ қабул шуда буданд, ки дар онҳо тарзу усули нави ташкили системаи маорифи халқ ва барҳам додани ақибмонии мадании миллати тоҷик равшан инъикос ёфта буд. Инчунин аввалин эъзомияҳои илмӣ ба кор шуруъ карда буд. Забони ҳозираи адабии тоҷик чун посутуни маданият дар муомилоту китобиёт муайян гардид.

Нусратулло Махсум ба масъалаи озодии занон диққати махсус медод, кори мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти советӣ ва мақомотҳои судро, ки ба ҳалли ин масъала бархӯрди нодуруст карда, мисли собиқа дар асоси шариат, боқимондаҳои боию феодалӣ амал мекарданд, танқид менамуд. Тақозо дошт, ки ба ин масъала хеле боэҳтиёт муносибат карда, ҳар мавриди ҷудогонаро ба хубӣ омӯхта, ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандии зан, манфиатҳои вай, якпорчагии оила, муносибатҳои оддии оилавӣ ҳамеша мадди назар гирифта шаванд.

Мутаассифона баъди даҳ соли хизмати ҷонфидоёна баҳри беҳбудии миллати тоҷиква барои ҳамаи он нуқсону каҷравиҳое, ки Нусратулло Махсум дар амал муборизи суботкори зидди онҳо буд, айбдор шуду қурбони ҳукми қатд гардид. Гуноҳи ӯ фақат он буд, ки ҳақгӯй, адолату ҳақиқатпарастӣ, нотарсию ҷасурӣ бо хунаш омаду бо ҷонаш рафт.

Панҷоҳ сол номи ӯ аз саҳифаи таърихи Тоҷикистон бардошта шуда буд. Гуё бо номи Нусратулло Махсум чунин шахсе умуман зиндагӣ накарда буд. Гуё нахустин раиси ҳукумати республика, яке аз раисони Кумитаи Иҷроияи Марказии ИҶШС ном надошт. Панҷоҳ сол номи ӯ зери чанги фаромушӣ хобида буд. Ҳарчанд, ки дар моварои ин таърихи панҷоҳсола ду маротиба ғубори фаромуширо аз лобалои номи ӯ таъкиданд. 28 декабри соли 1957 Коллегияи ҳарбии Суди Олии ИҶШС хулосаи Прокурори генералии ИҶШС-ро аз таърихи 3 октябри соли 1937 аз болои Нусратулло Махсум бар асоси пайдоиши имконоти нав рад намуд ва парвандаи ӯро ба сабаби набудани ҷиноят қатъ кард. 28 июли соли 1964 бо Қарори Президиуми Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон аризаи Акбаршо Махсумовро дар бораи аз ҷиҳати партиявӣ сафед кардани падараш Нусратулло Махсум (узви Ҳизби Коммунистӣ аз соли 1920, номери билети ҳизбиаш 1201866) баррасӣ намуд ва чунин қарор кард, ки Нусратулло Махсум аз ҷиҳати ҳизбӣ сафед карда шавад.

Бо шарофати истиқлоли давлатӣ ва ибтикори наҷибонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эҳё ва гиромидошти хотираи силсилаи бузургон ва чеҳраҳои шинохтаи сиёсиву фарҳангии таърих халқи тоҷик руи кор омадааст. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тақдир намудани хотираи неки фарзанди маҳбуби Ватан, арбоби давлатӣ ва сиёсии Тоҷикистон Нусратулло Махсум бо унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» ба хотири фаъолияти бунёдкоронаи давлатдорӣ ва хизматҳои бузургаш дар поягузории истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, саъю талоши онҳо ҷиҳати барқарор намудани адолати таърихӣ нисбати таъйин намудани марзу буми давлати тозабунёди тоҷик мебошад.

Бояд насли имрӯза, кӯшишу талошҳои фарзандони бонангу номуси миллати тоҷик, аз ҷумла яке аз симоҳои барҷастаи сиёсиву давлатии ибтидои асри гузашта Нусратулло Махсум, ки дар қатори нахустин роҳбарони мамлакатамон барои ҳамчун ҷумҳурӣ ташаккул ёфтани Тоҷикистон хизматҳои арзанда кардааст, ба таври ҳамаҷониба омӯзем. Воқеан, хидмат ва кӯшишу ҷонбозиҳои ҳамин гуна фарзандони бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарасти миллати тоҷик буд, ки имрӯз давлати мо соҳибистиқлол гаштааст.

Ҷамолиддин Абдукаримов,

дотсент, мудири кафедраи археология, этнография

ва диншиносии факултети таърих ва ҳуқуқи

Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии

Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ