ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ ДАР ТАРБИЯИ ҶАВОНОН
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти барҷастаи таърихии миллат мебошад, ки ҳамеша дар суханрониҳои худ ба Ватани азизамон Тоҷикистонэҳтироми баланд, эҳтиром ва дӯст доштани онро даъват мекунанд. «Истиқлолият ва зарурати таҳкими дастовардҳои он моро водор месозад, ки хотираи таърихии халқамонро эҳё намуда, арзишҳои ахлоқиву фарҳангии худро аз нав барқарор созем ва барои рушду нумуи забону адабиёт, илму фарҳанг ва мактабу маориф беш аз ҳар вақти дигар кӯшишу ғайрат намоем». Ин тимсоли ҳақиқии ватандӯстии сарвари давлат аст.
Дар ин раванд ҷаҳонбинии инсон, маънавият ва маърифати ӯ тавассути ташаккули фардият муайян карда мешавад. Раванди ташаккул ва омилҳои худшиносӣ аз ҷониби алломаҳои Шарқу Ғарб ҳаматарафа мавриди омӯзиш қарор гирифтаанд. Аз ҷумлаи донишмандони Шарқ - Имом Бухорӣ, Имом Тирмизӣ, Форобӣ, Ибни Сино, Насафӣ, Абдураҳмон Ҷомӣ, Навоӣ ва дигарон ба паҳлуҳои руҳӣ ва ботинии худшиносӣ таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд.
Мутафаккирони Ғарб, аз қабили Суқрот, Ф. Бэкон, Т. Гоббс, Р. Декарт, Ф. Нитше, З. Фрейд, Э. Эриксон, В. Гегел, И. Кант ва Н. Бердяев, паҳлуҳои зоҳирии худшиносиро таҳқиқ намудаанд. Онҳо ин падидаро ҳамчун омили фаъоли созандагии ҳастии иҷтимоӣ ва макону замон арзёбӣ кардаанд.
«Шуури индивидуалӣ - ин худшиносӣ аст», - таъкид намудааст Иммануил Кант.
Эътирофи нақши арзишҳои маънавии миллӣ дар рушди ҷаҳонбинии таърихӣ аҳамияти хосса дорад. Зеро дар раванди худшиносии миллӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии таърихӣ, арзишҳои маънавӣ ҳамчун омили калидӣ зуҳур менамоянд. Тақвияти таъсири арзишҳои миллӣ дар рушди худшиносӣ ва ҷаҳонбинии таърихӣ, дар навбати худ, такмилу тавсеаи соҳаҳои фарҳанг ва санъати миллиро тақозо мекунад. Дар ин замина, соли 2026 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон гардидааст. Ин ташаббус дар Паёми навбатии Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 пешниҳод шуда, ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ равона гардидааст,ки дар ҳаёти ҷомеа иқдоми саривақтӣ ва муҳим арзёбӣ мегардад. Хусусан, дар Паёми мазкур вазифаҳои асосии чунин муайян карда шудаанд: ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва истифодаи васеи он дар тарбияи насли наврас; татбиқи арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ дар шуури ҷавонон, ҳифзи анъанаҳои фарҳангии этникӣ ва дар ин замина дастгирии эҷодиёти халқ.
Бешубҳа, дар сатҳи сиёсати давлатӣ аҳамият додан ба эҳё ва рушди арзишҳои миллии таърихан ташаккулёфта дар асоси ин ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ, ҷиҳати худшиносии миллӣ ва тавсеаи ҷаҳонбинии таърихии аҳолӣ, бахусус ҷавонон, хидмати амалӣ менамояд. Ободониву созандагӣ ду ҷанбаи рушди Тоҷикистон аст: моддӣ ва маънавӣ. Бо роҳбарии Пешвои миллат Тоҷикистон ба сӯйи ояндаи дурахшон қадам мезанад, то соли 2026 фурсат барои вусъати корҳои ободонӣ ҳаст ва ҳар як шаҳрванд масъул аст, ки дар обод кардани Ватани маҳбуби худ саҳм гузорад.
Аҳамияти андешаҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули руҳияи худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандории насли ҷавон бағоят бузург аст. Муҳтавои фалсафӣ ва гуманистии андешаҳо чунин таҷассум меёбанд: - «Вазифаи аввалиндараҷаи ҳаммаи мо истиқлолияти давлатиямонро мустаҳкам карда, насли наврасу ҷавонро дар руҳияи ватандӯстию ифтихори миллӣ, садоқат ба анъанавусуннатҳои таърихиву фарҳангии миллат ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ тарбия намудан аст. Онҳо бояд шахсони соҳибмаърифат, бофарҳанг, мутамаддин эҷодкор, номбардори миллати қадимава давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон гарданд». Ин роҳи ҳифзи соҳибихтиёрӣ, ваҳдат ва пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Ташаккули тарбияи худшиносӣ - раванди педагогӣ ва психологӣ мебошад, ки барои таъмини дарки амиқи шахсият, имкониятҳо, мансубияти миллӣ, таърих ва арзишҳои ахлоқии инсон нигаронида шудааст. Ин раванд ҳамчун таҳкурсии асосӣ дар бедор намудани эҳсоси ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва эҳтиром ба мероси фарҳангӣ дар насли ҷавон хизмат мекунад. Худшиносӣ, ҳамзамон, дарки дурусти вазифаҳои дар назди ҷомеа гузошташуда, донистани қонуниятҳои истифодаи таҷрибаи иҷтимоӣ ва эҳсоси масъулият дар баробари Ватан ва миллат мебошад. Хусусиятҳои асосии ташаккули худшиносии миллии ҷавонон аз инҳо иборатанд:
Худшиносии миллӣ инсонро ба эҳтироми мероси гузаштагон ҳидоят намуда, боиси ташаккули эҳсоси нангу номус ва ифтихори миллӣ мегардад.
Эҳтироми хосса ба забони давлатӣ, ҳифзи урфу одат ва фарҳанги миллӣ нишони муҳимтарини покии ахлоқӣ ва худшиносии шахсият маҳсуб мешавад.
Дарки масъулият нисбат ба тақдири халқи худ ва хизмат баҳри шукуфоии Ватан ҳамчун қарзи ахлоқии шаҳрвандӣ дониста мешавад.
Шахсе, ки дорои худшиносии миллӣ мебошад, дар фаъолияти худ ба меъёрҳои олии ахлоқии халқаш такя намуда, дар рушди ҷомеа саҳми арзишманди худро мегузорад. Бояд қайд намоем,ки Ташаккули тарбияи худшиносӣ-ин раванди педагогӣ ва психологӣ мебошад, ки барои таъмини дарки амиқи шахсият, имкониятҳо, мансубияти миллӣ, таърих ва арзишҳои ахлоқии инсон нигаронида шудааст. Ин раванд ҳамчун таҳкурсии асосӣ дар бедор намудани эҳсоси ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва эҳтиром ба мероси фарҳангӣ дар насли ҷавон хизмат мекунад.
Вале бояд зикр намуд, ки сифати мазкур дар насли наврас ба таври стихиявӣ (худбахудӣ) ташаккул намеёбад. Он дар раванди заҳмати пайваста дар шароити муҳити оила, муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, инчунин дар давраҳои таҳсилоти мактабӣ ва олии касбӣ таҳти назорати доимии педагогӣ дар ниҳоди ҷавонон талқин карда мешавад. Бо мақсади ташаккул ва таҳкими низоми тарбияи миллӣ тамоми шароитҳои зарурии ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд. Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон«Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак»Душанбе, 2024, № 500, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» (ахбори маҷлиси олии ҷумҳурии тоҷикистон, с. 2011, № 7 - 8, мод. 616; с. 2016, № 3, мод.147), (қонуни ҷт аз 15.03.2016 № 1294, аз 17.05.2018 № 1532, аз 4.04.2019 № 1594) ва дигар қонунҳо мавҷуд мебошад. Дар соҳаи маориф қонунҳои хеле принсипиалӣ қабул карда шудаанд, ки имрӯз падару модарон, омӯзгорон дар мактаб ва таҳсилоти олӣ дар тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, худогоҳӣ, ташаккули арзишҳои миллӣ ва эҳсоси ватандорӣ фидокорӣ зоҳир мекунанд.
Аз ин рӯ, мо самтҳои асосии ташаккулихудшиносии миллиро дар раванди таълиму тарбия чунин тасниф додан мумкин:
Масъулияти иҷтимоию-сиёсии шаҳрванд - ин иҷрои бошууронаи вазифаҳо дар назди ҷомеа ва давлат мебошад: Риояи қонунҳо, иштирок дар ҳаёти сиёсӣ, эҳтироми ҳуқуқҳои дигарон ва ҷойгоҳи худ дар ҷомеа, уҳдадориҳо ваинчунин эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ.
Рушдиустуворииқтисодӣ: Дарки тараққиёти иқтисодии кишвар ва дар тадбиқи ҳадафҳосаҳмгузор шудан; Пешрафт ва рушди ҳар як кишвар, ба монанди дигар омилҳо, бо суботи устувори иқтисодӣ робитаи зич ва ногусастанӣ дорад.
Донистанитаърих ва ҳифзи меросҳои миллӣ: Ошно намудани насли ҷавон бо мероси бойи фарҳангии ниёгон, дарки решаҳои таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ;
Тарбияи ахлоқӣ-зебоишиносӣ (эстетикӣ): Дарки мавфҳумҳои виҷдон, рафтор ва фарҳанг, инчунин ташаккули олами эҳсосот тавассути мутолиаи асарҳои бадеӣ;
Масъулияти иҷтимоӣ: Дарки ҷойгоҳи худ дар ҷомеа, шинохти ҳуқуқ ва уҳдадориҳо, инчунин эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ.
Ифтихори миллӣ: Фахр намудан аз дастовардҳои халқи худ ва саъю кӯшиш ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда.
Арзишҳои маънавӣ: Тарбия ёфтан дар заминаи арзишҳои миллӣ (меҳру оқибат, меҳнатдӯстӣ, ҳалолкорӣ).
Ҳамбастагии фарҳангӣ: Таъмини пайвастагии наслҳо тавассути таҷлили ҷашнҳои бостонӣ ва анъанаҳои миллӣ, аз ҷумла Наврӯз, Сада, Меҳргон ва ғайра.
Худшиносӣ қобилияти фардро ҷиҳати дарки хештан ҳамчун вуҷуди алоҳида аз олами ҳастӣ, инчунин тавоноии арзёбӣ ва шинохти худро ҳамчун як арзиш ифода менамояд. Раванди ташаккули худшиносӣ заминаи дарки шахсиятро ҳамчун инсони воқеӣ, соҳиб ва масъули боигариҳои муайяни моддию маънавӣ, узви воҳиди забонӣ, расму оинҳо, анъанаҳо, арзишҳо ва мансубият ба давлати мушаххас, инчунин ягонагии манфиатҳо ва ниёзҳо фаро мегирад.
Р.О.Норҷигитов,
муаллими калони кафедраи назария
иқтисодии факултети иқтисодӣ