​​ИСТИҚЛОЛИЯТ, ИФТИХОРИ МИЛЛӢ ВА ҲУВВИЯТИ ТОҶИКӢ​

Давраи муҳим ва сарнавиштсоз дар замони муосир дар таърихи навини тоҷик замони соҳибистиқлолӣ ба шумор меравад.

Дар чунин омилҳои тақдирсози миллӣ, расидан ба истиқлолияти сиёсӣ мебошад, ки баландтарин мақомро дар раванди давлатсозии миллӣ соҳиб буда, дар ин замони муҳим ифтихор ва ҳуввияти миллӣ бешак боло рафтааст.

Дар ин давраи ҳумоюнофар барои миллати сарбаланди тоҷик ва умуман тоҷикистониён, истиқлолияти сиёсӣ, ки бузургтарин дастовард мебошад, дар фароварди асри ХХ насиби он гаштааст, ки мазҳару ҷонбозиҳои Пешвои миллат кӯмак калон расонид.

Мафҳуми истиқлолият ба маънои мустақилӣ, соҳибихтиёрӣ, озодӣ ва комилҳуқуқии кишвар дар идораи сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангии худ тафсир гардида, дар ин қарина ҳуввият ва ҷойгоҳи ифтихори миллӣ барои мафҳумҳои болоӣ тавъам мебошанд.

Ормони истиқлол, ҳуввияти миллӣ ва ифтихори тоҷику тоҷикистонӣ будан ба кору пайкор фарзандони мубориз, ватандуст ва донишманди миллатро ҳамвора ба нигоҳ доштани ҳуввияти миллӣ, талқину таҳкими оини давлатдорӣ таъмини пайванди ногусастании наслҳо ва ниҳоят ҳифзи истиқлолияти Ватан ва пойдории тамаддуни аҷдодӣ раҳнамоӣ карда, дар давраҳои мушкили зиндагӣ ба онҳо неруву тавон бахшида вобастагии аниқ дорад.

Мо медонем ва аз шаҳодати таърих маълум аст, ки тоҷикон борҳо бо душманон ва истилогароне рӯ ба рӯ шудаанд ва нерӯмандтарин қудрати замони худ будаанд, вале онҳо бо ҷасорату матонат, фидокории бемислу монанд, зиракию фаросати фитрӣ, тадриҷан ба даст овардани идораи мулк ва оини давлатдорӣ миёни абарқудратони мағлубнопазирро шикастаанд ва онро маълумот ва осори таърихӣ, ахбор муҳаққиқон шаҳодат медиҳанд.

Дар таърихи афкори сиёсӣ, мутафаккирони зиёдеро метавон қайд намуд, ки дар бораи масъалаи истиқлолият ибрози андеша намудаанд, ки барои болоравии ҳуввияти миллӣ ва ифтихоти тоҷикон сабт гардидаан.

Бояд қайд намуд, ки ифтихори миллӣ ва ҳуввият дар замони муосир масъалаи меҳварии илмҳои ҷомеашинос, аз ҷумла сиёсатшиносӣ, сотсиологӣ, фалсафа, таърих, ҳуқуқ гардида, таҳлилу тадқиқи ҳамаҷонибаи он ба муҳимтарин мавзуи пажуҳиши илмию академӣ табдил ёфтааст. Бисёр падидаҳо ва равандҳои ҷомеа, аз инкишофи мутассили истиқлолияти кишвар бар меоянд. Истиқлолияти сиёсӣ, ки сатҳи олии истиқлол аст, бо масъалаҳои дигари тақдирсози давлатдорӣ робитаи ногусастанӣ дошта, яке дигареро комил мегардонанд.

Таърих ва таҷрибаи башарӣ собит месозад, ки озодӣ ва Истиқлол бо осонӣ ба даст намеоянд. Аз ин лиҳоз, мо миллатҳо ва халқҳои зиёдеро медонем, ки дар гузаштаи начандон дур барои дастёбӣ ба Истиқлолият даҳсолаҳо пайкор намудаанд ва дар ин роҳ ҳазорон фарзандони огоҳ ва асили худро аз даст додаанд. Бинобар ин ҳам қаҳрамониву мардонагӣ, далериву шуҷоатмандӣ низ барои тақвияти ҳуввияти миллӣ шароити мусоид фароҳам овардааст.

Зимнанба масъалаи мазкур, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин зикр намудаанд, ки «Агар мо раванди зуҳур ва таърихи ташаккули истиқлоли миллатамонро амиқан баррасӣ намоем, равшан хоҳем дид, ки роҳ ба сӯйи истиқлолият душвору тӯлонӣ, пур аз шебу фароз ва саршор аз муборизаву иштибоҳот ва равандҳои ихтилофомезу зиддиятнок будааст. Вале дар ниҳоди миллати мо омилҳои бунёдии эҳёи тадриҷии истиқлолият ҳамеша вуҷуд дошт, ки асолату ҳуввияти устувор ва амалан шикастнопазири таърихӣ, суннатҳои беш аз сеҳазорсолаи давладорӣ, арзишҳои бузургу созандаи иҷтимоӣ, фарҳангу маънавиёти ғанӣ ва ғайра дар асл шоҳсутунҳои ҳаёти фаъол ва таърихии миллати мо будаанд».

Ҳамзамон, Пешвои муаззами миллат бо Ифтихори таъкид менамоянд, ки «Ормони истиқлол фарзандони мубориз, ватандӯст ва донишманди миллатро ҳамвора ба нигоҳ доштани ҳуввияти миллӣ, талқину таҳкими оини давлатдорӣ, таъмини пайванди ногусастании наслҳо ва ниҳоят ҳифзи истиқлолияти Ватан ва пойдории тамаддуни аҷдодӣ раҳнамоӣ карда, дар давраҳои мушкили зиндагӣ ба онҳо неруву тавон бахшидааст».

Таъкид кардан ба маврид аст, ки ба баробари ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ саҳифаҳои навину дурахшонро дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии миллати тоҷик ифшо намуда, чароғи ҳидояти фардои дурахшони Тоҷикистон ва таҳким бахши ормону ифтихори тоҷикон гардид.

Дар ин қарина, Истиқлолияти давлатӣ дар назди ин миллати фарҳангофар масъулияти басо бузург ва дар айни замон пуршарафро ба монанди: болобар и ҳуввияти тоҷиконе, ҳифзи Истиқлоли давлатию манфиатҳои миллӣ, ҳимояи арзишҳо ва суннатҳои фарҳангӣ, талаботи бунёди ҷомеаи демократию дунявӣ ва ҳуқуқбунёдро гузошта, бегазанд ба насли оянда интиқоли ин рисолати таърихиро тақозо намуд.

Гурӯҳҳо ва нерӯҳои сиёсӣ зикргардида дарк карда натавонистанд, ки ҳадафу арзишҳои Истиқлолият бояд бартару волотар аз ғаразу манфиатҳои сиёсӣ, ва шахсӣ қарор дошта, арзиши ин неъмати бебаҳо муқаддас ҳисобида шавад.

Ба арсаи сиёсат ворид гардидани Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон иттифоқ афтод, ки дар ин раванди ниҳоят мураккаб тавонист бори масъулияти пуштибонии Истиқлолият, таъмини сулҳу субот, амният ва оромии кишвар ва минбаъд эҳёи фитрату ҳуввияти миллии тоҷиконро бар уҳдаи хеш гирад.

Бояд таъкид намуд, шахсе, ки дар марҳилаи мураккабтарини таърихи давлату миллат масъулияти сарварии кишварро ҷасурона ба даст гирифт ва бо талошу иродаи бемисли худ бо ифтихор ва ҳуввияти баланди миллӣ боиси наҷоти киштии шикастаи давлатдории тоҷикон шуд. Дар натиҷа Тоҷикистон на танҳо ҳамчун давлат наҷот ёфт, балки ба як силсила дастоварди бунёдие, ки барои сарнавишти давлату миллати мо аҳаммияти бисёр муҳим доранд соҳиб гардидааст.

Кӯшишҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат, умедворию заковати мардуми бо нанги соҳибтамаддунамон натиҷаҳои дилхоҳ доданд ва ниҳоят 27-уми июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид. Дар натиҷа бо сарварии Пешвои миллат мактаби сулҳофарини тоҷикон таъсис ёфт, ки ҳам ифтихори миллӣ ва ҳам болоравииҳуввияти тоҷикон дар замони муосир гардид.

Маҳз бо барқарор гардидани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон, истиқлолияти давлатиро бозҳам устувор гардонид ва нури умед ба ояндаи нек дар дили мардум роҳ ёфта, барои гузаронидани як қатор чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи воқеан демокративу ҳуқуқбунёд шароити мусоидро фароҳам овард.

Имрӯз мақому манзалати Тоҷикистон дар сиёсати минтақавию байналмиллалӣ хело боло рафта, дар ҳалли масъалаҳои байналхалқӣ саҳми худро гузошта, ҳамзамон ташаббускор барои рафъи хатароти имрӯзи ҷомеаи ҷаҳонӣ баромад менамояд.

Дар барорбари ин дастовардҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур шуморид, ки баҳри пойдории Истиқлолият ва ҳифзи якпорчагии давлати ҷавон як қатор чорабиниҳо, аз ҷумлаи азнавсозии тамоми сохторҳои низомиву қудратӣ ва мақомоти ҳокимияти давлатиро амалӣ созад.

Дар баробари ин мо ҳамчун устодони донишгоҳ масъуле, ки барои боло бурдани ҳуввияти, ифтихори миллӣ кӯшиш намуда, ҷавононро барои ин роҳ ҳидоят намоем.

Ҳамин тариқ, бо амали намудани чораҳои мазкур заминаи устувори эъмори ҷомеаи навини Тоҷикистон баҳри таҳкими Истиқлолияти давлатӣ гузошта шуд.

Албатта, дар рӯзгору ҷомеаи мо мушкилоти ҳалталаб вуҷуд доранд, аммо муҳим он аст, ки мо аз мушкилоти пешомада дар ҳарос набошем, корҳои ободониву созандагиро дилпурона идома бахшем, барои пешрафту шукуфои ватани азизамон содиқона хизмат намоему Истиқлолият ва дастовардҳои онро таҳким бахшида, ҳифз намоем. Бо назардошти ин, аз ҳар фарди бо нангу номус ва ватандӯсту ватанпараст тақозо мегардад, ки бо иқдому ташаббусҳои созандаву бунёдкоронаи худ ҳар чи бештар заҳмат кашида, бо эҳсоси масъулият ва ифтихор аз давлату давлатдории милати куҳанбунёдамон ва бо истифода аз тамоми имконияту сатҳи дониш ва маҳорату малакаи худ пешрафту ободии Тоҷикистонро ба таври арзанда таъмин намоем.

Итминони комил дорем, ки мардуми шарифу заҳматталаби тоҷику тоҷикистонӣ, бо шукронаи давлати озоду соҳибистиқлол, таҳти роҳбарӣ ва сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мушкилоти ба вуҷуд омадаро бо азму иродаи қавӣ ва кору фаъолият баротараф намуда, барои рушди иқтисодиёт шукуфои илму фарҳанг, таъмини суботу амният, таҳкимми қонуният ва истиқлолияти давлатӣ кӯшиш менамоем.

Меҳриддин Муҳамадизода,

муаллими кафедраи таърихи халқи тоҷики

факултети таърих ва ҳуқуқи Муассисаи давлатии таълимии

«Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ