АҲАММИЯТИ ТАЪРИХИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН ДАР ШИНОХТ ВА ҲУВВИЯТИ МИЛЛӢ: ДАР МИСОЛИ ДАВЛАТДОРИИ СОМОНИЁН ДАР ДАВРАИ ИСТИҚЛОЛ
Халқи тоҷик аз қадимулайём дорои ақлу заковат, назокат ва нусратҳои шоиста буд, ки фарҳангу давлатдории он шоёни таҳсину ибратомӯз мебошад. Зеро агар ба таърихи низоми давлатдории тоҷикон назар афканем, мушоҳида мекунем, ки он ба ду давра тақсим гардидааст. Нахуст дастгоҳ ва низоми давлатсозии тоҷикон ба асрҳои IX-X солшумории мо – ба давлатдории Сомониён рост меояд. Баъдан пас аз ёздаҳ аср ба вуҷуд омадани давлатдории навини мо мушоҳида карда мешавад. Агар ба вижагии ин масъала бештар диққат дода шавад, маълум мешавад, ки ду давраи бавуҷудоии давлатдории тоҷикон ба ҳам яксон аст.
Агарчанде заминаҳои давлатдории Сомониён дар солҳои 20-уми асри IX ба вуҷуд омадааст, намояндагони силсилаи хонадони Сомониён ба мақоми шоиста расиданд ва эъмори давлатсозии худро гузоштаанд, хато нахоҳад шуд. Вале бояд тазаккур дод, ки низоми давлатдории Сомонхудот ва наберагони ӯ – Нӯҳ, Аҳмад, Яҳё ва Илёс ба вилоятҳои алоҳидаи Мовароуннаҳр мустақил набуд. Зеро ҳокимии вилоятҳои алоҳидаро дар даст доштанду аз як тараф дастнигари Тоҳириён, аз тарафи дигар Хилофати араб буданд.
Баъд аз ҳазор соли он гарчанде давлати тоҷикон бо номи Тоҷикистон дар харитаи сиёсии ҷаҳон падид омад, вале он давлати мустақил ва аз ҷиҳати сиёсӣ соҳибистиқлол набуд. Чунонки маълум аст, Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон ҳамчун ҳафтумин ҷумҳурии бародарии иттифоқӣ ба вуҷуд омада буд ва дар асоси санаду меъёрҳои низоми давлатҳои бародарии шуравӣ амал карда, эъмори асолати таърихии худро ба низом оварда наметавонист ва сиёсати амалии худро надошт. Бояд гуфт, ки бо ин мисол замони шуравиро танқид ва бад карданӣ мақсад надорем, агарчанде сиёсат ва низоми давлатдории шуравӣ ба худ хос буда, дар баробари истеҳсоли молу маҳсулот ҳар яке мамлакатҳоро ба якдигар вобаста гардонида шудааст, ки аз ҳамдигар дур нагарданд, пойбанд ва пайванди ҳамдигар бошанд.
Оварда шудани ин далели таърихии яксон асолати давлатсозии тоҷиконро дар асрҳои миёна ва солҳои 20-уми асри ХХ мушоҳида карда метавонем.
Исмоил ибни Аҳмад ибни Асад ибни Аркак машҳур ба номи Исмоили Сомонӣ соли 849 дар Фарғона тавлид ёфта, соли 874 ҳамчун волии Бухоро ва соли 892 волии Мовароуннаҳр таъин мегардад, ки эъмори давлати миллии тоҷиктабори Сомониён дар ҳамин давра гузошта мешавад. Баъди ҳазору сад соли расо яке аз фарзандони фарзонаи миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун вакил аз ҳавзаи ноҳияи Данғара ва баъдан, раиси комиҷроияи вилояти Кӯлоб ва соли 1992 Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид ва 6 ноябри соли 1994 дар интихобот ба вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб мешавад.
Бояд ёдовар шуд, ки Исмоили Сомонӣ поя ва низому дастгоҳи давлати аз ҷиҳати сиёсӣ, иқтисодӣ мустаҳкаму мустақилро бунёд намуда, соли 900 амири тамоми Мовароуннаҳру Хуросон эълон гардид ва аз ҷониби Халифаи араб маншур (фармони подшоҳ дар бораи гирифтани мансаб, имтиёзнома) гирифт. Минбаъд эъмори давлати миллӣ, асолат ва мустаҳкамии давлати Сомониён гузошта мешавад. Дастгоҳи идоракунӣ – даргоҳ (идора, кумитаи коргузории амир) ва девонҳо (вазоратҳои соҳавӣ) таъсис дода шуда, вазъи муътадили давлат, ҷомеа ва рушди муносибатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ оварда, боиси пешравию шукуфоии мамлакат гардид, ки ташаккулёбии халқи тоҷик маҳз дар ҳамин давра ба анҷом расид.
Амир Исмоили Сомонӣ ва пасовандони ӯ дар баробари талош дар ҷодаи пирӯзии ислом барои ҳифзи ҳастии маънавӣ ва ҳувияти миллии Аҷам хидматҳои бузургеро ба анҷом расониданд. Бад-ин васила Тоҳириён, Саффориён ва Сомониён дар самти истеҳкоми пояҳои давлатдории худ фазои мусоид ба вуҷуд оварданд ва дар таъмини иттиҳоди сиёсиву маънавии мардуми Хуросону Мовароуннаҳр дар қаламрави як давлати мустақилу муқтадири миллӣ тавфиқи комил пайдо намуданд. Ҳувияти миллӣ ва ормонҳои мардумӣ дар мавриди пазириш аз ислом низ ҳамвора дар мадди назари Сомониён буд. Минбаъд онро Бувайҳиён, Зиёриён, Ғуриён, Куртҳои Ҳирот ва Сарбадорон идома доданд.
Анъанаи девонсолории замони Сосониён дар муҳити нави таърихӣ, парвариши табақаи хосаи дабирон барои умури идории мамлакат, эҳёи руҳи ашрофият дар ойини кишвардорӣ, густариши маданияти шаҳрнишинӣ, нуфузи аҳли фазл ва донишварон дар сохторҳои давлатӣ аз муҳимтарин омилҳое буданд, ки ба таҳкими зербинои маънавии низоми давлатдории Сомониён мусоидат намуданд. Аммо баъди даргузашти амири саид Наср ибни Аҳмади Сомонӣ (914-943) таносуби ниҳодҳои идории кишвар халалдор гардид ва дар зербинои маънавии давлатдорӣ рахнаҳое падид омаданд. Иллати ин, қабл аз ҳама, ихтилофи девону дарбор, зиддияти ниҳодҳои сиёсӣ ва мақомоти низомӣ буд, ки дар натиҷаи он қудрати низомиву сиёсӣ оҳиста-оҳиста пойгоҳҳои маънавии худро аз даст дода, давлатдорӣ тадриҷан аз арзишҳои маънавию миллӣ дур гардид.
Дар нимаи дуюми асри IX Тоҳириён, минбаъд дар нимаи дуюми асри Х қариб ба ҳеҷ як аз амирони сомонӣ муяссар нашуд, ки дар шахсияти хеш қудрат ва маънавият ё ба қавли муаррихони қадим сайф ва қаламро, ки ду ҷанбаи аслии ҳокимият маҳсуб мешавад, ба ҳам оваранд ва нагузоранд, ки умури низомиву сиёсӣ аз қаламрави маънавият таҷовуз намоянд.
Таҳаввулоте, ки дар ҳайъати иҷтимоиву миллии ҷомеаи замони Сомониён рӯй намуданд ва бо нерӯи низомии кишвар пайванди мустақим доштанд, дар зуҳури муҳимтарин равандҳои сиёсиву таърихии он даврон муассир буданд. Дар ҷумлаи ин таҳаввулот бояд аз нуфузи тадриҷии ғуломони турк дар лашкари Сомониён ва дарбори эшон ёдовар шуд, ки боиси бархӯрди тафаккури фарҳангӣ ва хӯйи ғуломӣ дар ташкилоти идории ҳокимияти Оли Сомон гардида, пояҳои давлати эшонро заифу нотавон сохт.
Тағаллуби ғуломони собиқи туркӣ бар ниҳодҳои идориву интизомии кишвар барои нерӯафзоии қувваҳои марказгурез ва ривоҷи ҷудоихоҳии музофотҳо роҳро ҳамвор сохт. Қудратмандтарин қувваҳои ҷудоихоҳ, ки пояҳои марказияти давлати Сомониёнро ба ларза оварданд, аз байни ҳамин тоифаи туркон бархостанд.
Дар солҳои 20-уми асри ХХ давлат бо номи Тоҷикистон ба ҳайси давлатҳои иттифоқӣ таъсис ёфта, инкишофи иқтисодӣ, иҷтимоӣ фарҳангӣ ва маданӣ ба вуҷуд омадааст. Вале ташаккули муаззаму муназзами эъмори давлати миллии мо баъд аз он, яъне баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатию миллӣ мушоҳида мешавад. Қабули Эъломияи истиқлолияти давлатӣ ва баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд эҳёи давлати миллӣ минбаъда шуморидан мумкин аст, ки тавре ишора гардид, эҳёи нахустин дар замони давлатсозии Исмоили Сомонӣ гузошта шудааст.
Вақте, ки соли 1991 давлати абарқудрати Иттиҳоди Шуравӣ пароканда гардид, ҳамаи 15 ҷумҳуриҳои иттифоқӣ истиқлолияти миллии худро эълон карданд. Дар асоси қарор ва ҳуҷҷати муҳими қабулкардаи Шурои Олии Тоҷикистон – Эъломияи истиқлолияти давлатӣ аз 9 сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон низ соҳибихтиёрӣ ва мустақилияти худро эълон намуд. Вале дар ҳамин лаҳзаҳои ҳассос бадхоҳони миллати тоҷик, душманони халқ оромиву осудагии халқро халалдор сохта, ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро, ки дар таърих бо номи ҷанги бародаркуш меноманд, оғоз намуданд. Доир ба сабабҳо ва рафти ҷанги шаҳрвандӣ, низоъҳои дохилӣ, оқибати он муаррихон, сиёсатшиносон, низоъшиносон, рӯзноманигорон, ҷомеашиносон асару мақола ва маълумотҳо додаанд, ки мо дар ин бора маълумоти мушаххас доданӣ нестем ва дар назди худ ин мақсадро низ нагузоштаем. Танҳо ҳаминро қайд кардан ба маврид аст, ки дар натиҷаи рӯй додани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ пояҳои ҳукумати қонунӣ фалаҷ гардида, ба ҳукумат ягон сохторҳои низомию қудратӣ итоат намекард. Бинобар ин амалҳои номатлуб – куштори бераҳмона, аз ҷумла ашхосони маълуму машҳур: олимон, адибон, сиёсатмадорон, ходимони давлатию ҷамъиятӣ, олимони машҳури соҳаи тиб мушоҳида мешавад. Ба давлатҳои ҳамсоя, аз ҷумла Афғонистон гуреза шудани зиёда аз 1 миллион шаҳрвандони мардуми тоҷик боис гардида, муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии мамлакат заиф гардида, 150 ҳазор нафар кушта, садҳо хонаву дар вайрону валангор гардиданд, ки зиёда аз 10 миллиард доллари ИМА хисороти молӣ овард. Пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе ба макони саҳнаи ду муборизони қувва – майдони Шаҳидон ва Озодӣ табдил ёфта буд ва имкон намедод, ки ҳатто Шурои Олӣ ҷаласаи худро гузаронад. Ин буд, ки Иҷлосияи навбатии Шурои Олии ҷумҳурӣ дар Қасри Арбоби ноҳияи Хуҷанд даъват карда шуд.
Ҳамин тариқ, аз санаи 16 то 2 декабри соли 1992 дар Қасри Арбоби Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Аз 230 нафар вакилон 197 нафар вакилон дар кори иҷлосия иштирок доштанд.
Иҷлосия кори худро оғоз карда, истеъфои Раёсати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикстон ва раисони кумитаҳои онро қабул кард. Минбаъд иҷлосияи кори худро идома дода, барои аз нав таъин намудани раёсати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳо меандешид. Аз ҷумла, 19 ноябри соли 1992 намоянда аз ҳавзаи № 172 ноҳияи Данғара, раиси кумиҷроияи вилояти Кӯлоб Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шурои Олӣ интихоб намуд. Дар Иҷлосия доир ба ин масъала қарори дахлдор қабул карда мешавад: «Мувофиқи моддаи 109 Констиутсияи (Қонуни Асосии) Ҷумҳурии Тоҷикистон Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҚАРОР МЕКУНАД:
Раҳмонов Эмомалӣ Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шавад.
Раиси маҷлиси Сессияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳ.Табаров
шаҳри Хуҷанд, 19 ноябри соли 1992».
Дар таърих Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Иҷлосияи наҷотбахш», «Иҷлосияи сулҳофар», «Иҷлосияи тақдирсоз» номгузорӣ шудааст ва воқеан Иҷлосияи эҳёгар ва давлатсози Тоҷикистони навин маҳсуб меёбад.
Дар ин вазъияти вазнин ҳеҷ кас намехост, ки номзадии худро ба ин ё он вазифа гузошта бошад, зеро аз тарси ҷон, ё аз ноустувории сиёсии давлату якпорчагии он. Бахусус ба интихоби маснади Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ шахсе ба ғайр аз Эмомалӣ Раҳмон меҳаросид аз вазъият ва идораю таъмини сулҳу суботи Тоҷикистон. Профессор У.Ғаффоров қайд мекунад, ки шахсе дар рафти Иҷлосияи XVI Изатулло Ҳаёевро ба вазифаи Раиси Шурои Олӣ пешбарӣ менамояд, ки худи ӯ зуд номзадиашро бозпас мегирад [3, 62].
Яке аз вакилони халқ А.Достиев дар ёддоштҳои худ доир ба ҷасорат ва талошҳои пайгиронаи Эмомалӣ Раҳмон оид ба эътидол овардани вазъ дар мамлакат суханронӣ намудааст. Тавре гуфта мешавад, дар он вазъият боҷуръатӣ, худогоҳии миллӣ ба манфиатҳо ва арзишҳои миллӣ худро қурбон намудан кифоягӣ мекунад, ки ҳама ин хислатҳо танҳо ва танҳо хоси ӯ буд. Бояд бигӯем, қайд мекунад, А.Достиев, ки каси дигаре дар ин роҳ набуд. Чунин ашхосон барои наҷоти миллати худ аз ҷониби худованд пешбарӣ мешаванд, ки тақдиру ҳаёти миллати хешро дар вазъиятҳои ногувор раҳо месозанд. Ҳамин гуна хизматҳои шоистаи Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукумати ӯ буд, ки ҷомеаро аз вартаи ҳалокат ва парокандашавӣ нигоҳ дошт.
Ҳамин гуна вазъияти ногувор ба давлати Исмоили Сомонӣ таҳдид мекард. Замоне, ки Исмоили Сомонӣ ҳамаи вилоятҳои Мовароуннаҳрро дар зери ҳокимияти маркази муттаҳид намуда, давлати худро устувор гардонид, аз ҷониби Хилофати араб чашми дидан накард ва Амр ибни Лайси Саффориро, ки дар Хуросон ҳокимият дошт, бар зидди Исмоили Сомонӣ Шуронид. Исмоили Сомонӣ ба тамоми халқи давлаташ муроҷиат намуда, баҳри дифоъ ва ҳимояи халқу давлати хеш имдод талабид. Дар натиҷаи муҳорибаи Амр ибни Лайс ва Исмоили Сомонӣ дар соли 899-900 ғалаба аз болои Саффориён таъмин гардид. Ин ғалаба низ аз ҷониби Халифаи араб эътироф гардида, ҳокимияти Исмоили Сомонӣ минбаъд дар Хуросон низ пойдор гардид. Он сарлашкарон ва саркардаҳои Амр ибни Лайс ки дар муҳорибаи аввал дар соли 899 ба асир афтода буданд, бо хилъату сару либоси шоҳона боз пас фиристода мешавад, ки эътибору нуфузи инсонсолории Исмоили Сомониро дар замони худ баланд бардоштанд. Баъди ғалабаи дуюм низ дар соли 900 бар Амр ибни Лайси Саффорӣ, ки асир афтода буд, бо либосҳо ва туҳфаҳои шоҳона қадрдонӣ мешавад ва ба пойтахти хилофат шаҳри Бағдод фиристода мешавад, ки ин ҳам ғалабаи комили амалию маънавии Исмоили Сомониро нишон медод.
Таърих гувоҳ аст, ки ҳамин гуна гиру дорҳо низ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ба вуқуъ омад. Дар ҷараёни Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон – Раиси Шурои Олӣ, ки вазифаи Сарвари давлатро дар як вақт бар уҳда дошт, ба ҳайати мухолифин дасти сулҳ дароз кард, ки сабабгори хомӯш гардидани алангаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардида буд.
Дар рӯзи кори сеюми Иҷлосияи XVI аз ҷониби намояндаи халқ дар Иҷлосия А. Мирзоев даъват ба амал оварда шуд, ки раиси кумиҷроияи вилояти Кӯлоб Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шурои Олӣ интихоб карда шавад. Ин таклиф аз ҷониби вакилони халқи шаҳри Хуҷанд ва вилояти Ленинобод Ҷаҳон Набиев низ дасгирӣ ёфт. Ҷараёни интихоб ва ба вазифаи Раиси Шурои Олӣ таъин шудани Эмомалӣ Раҳмон ҳамон вақт дар воситаҳои ахбори умум ва шабакаҳои телевизионӣ инъикос карда мешаванд.
Вақте, ки Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон Сарвари давлат интихоб гардид, дар Қасри Арбоб дар назди вакилони мардуми баромат намуда, чунин нутқ эрод кард:
«Депутатҳои азиз, меҳмонони гиромӣ, намояндагони воситаҳои ахбори умум!
Аз ин минбари баланд барои ман боварӣ зоҳир кардаатон миннатдорӣ баён менамоям. Натиҷаи овоздиҳӣ нишон дод, ки дар байни депутатҳо якдилӣ, якдигарфаҳмӣ оғоз ёфта истодааст. Ман оғози кори худро аз сулҳ хоҳам сар кард. Ман фарзанди деҳқонам. Аз авлоди мо танҳо ман аз рӯи қаламам нон мехӯрам. Дигар ҳама деҳқон, чӯпон, механизатор мебошад. Ҳангоми интихоби кадрҳо кӯшиш мекунам, ки намояндагони тамоми ҷумҳурӣ шомил шаванд. Ман тарафтори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд мебошам. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором намоем. Ҳар чи аз дастам меояд, дар ин роҳ талош хоҳам кард. Кӯшиш мекунам, камтар дар дафтари корӣ биншинам. Ба мардум муроҷиат карда мегӯям, ки ба дурӯғҳо бовар нанамоянд. Ҳеҷ кас ба Душанбе ҳамла намекунад. Бори дигар барои боварӣ ташаккур мегӯям».
Муроҷиати ӯ ба вакилон ва аҳли ҷомеа зуд таъсир ва паҳн гардида буд. Баъзе нафарон ҳукумати ин фарзанди ҷоннисори ватанро на зиёда аз се рӯз медонистанд. Баръакс чунин назари бадбинон баррабас рафта, ҷалбу талошҳои пайгирона, ғайрату шуҷоат, орзӯву омол ва амалу кирдорҳои шоистаи ӯ боиси таълими сулҳу оромӣ мегардид.
Яке аз вакилони мардумӣ аз ноҳияи Фархор Ҳасан Нуриддинов таасуроти худро дар ин бора баён мекунад, ки «Эмомали Раҳмонро чанд маротиба шунида будам, ки ӯ дар Кӯлоб буд. Гумон доштам, ки дар Иҷлосияи XVI ба номзади Раиси Шурои Олӣ дигар шахс интихоб мегардад. Аммо дар ин замон касе номи дигарро ба забон намегирифт. Маҳз дар чунин вазъияти душвор Иҷлосия дарк намуд, ки ба ин вазифаи пурмасул нафари арзанда ва шоистаро пешбарӣ намоед. Чунин фикр дорам, ки ҷасорату ҳушёри Сарварӣ ва хислатҳои инсонии Эмомалӣ Раҳмон буд, ки чун номзади арзанда пешниҳод гардид. Ҳамчунин ӯ ҷавон буда, нерӯву ҷасоратро доро буд, ки роҳбарии давлатро дар чунин вазъияти душвор ба даст гирад. Бинобар ин боварӣ ҳосил кардан зарур аст, ки дар ин рӯзҳои душвор ва ноором ҳар кас ин вазифаи пурмаҳсулро бар дӯш мегирифт, танҳо ба он нафар ҷасорати ҳақиқӣ лозим буд.
Аз 19 ноябр сар карда зимоми раёсати Иҷлосия ба дасти Раиси Шурои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон вогузор гардид, ки хиради азалӣ ва ормонҳои давлат, асолату ягонагӣ ва якпорчагии мамлакатро нигаҳдорӣ намуда, қарору ҳуҷҷатҳои дахлдор қабул менамуд. Ҳамин буд, ки дар Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ин қарору фармон, тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда ва изҳорот таҳия карда шуд ва ин санадҳои ҳуқуқӣ натиҷаи босамари кори Иҷлосияро нишон медиҳад.
Дар Иҷлосия 23 масъалаҳои муҳим ва рӯзмарраи вақтӣ баррасӣ мегардид, ки муҳокимаи ҳар яки он саривақтӣ буда, ҳалли ҳар яки он барои минбаъда ба эътидол овардани вазъияти вазнину душвор дар Тоҷикистон муҳим шуморида мешуд.
Дар таърихи навини мамлакат баргузор шудан ва аҳамият ва асолати таърихии Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ бо ҳарфҳои заррин навишта шудааст. Аз ин лиҳоз, профессор У.Ғафуров дар осори худ «Иҷлосияи муждарасони наҷот» ин суханони моро пайгирӣ менамояд ва чунин ишора карда мешавад: «Иҷлосияи XVI Шурои Олии Чумҳурии Тоҷикистон ба халқ ва давлат роҳбари сазовору нотакрор туҳфа кард».
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нахустин муроҷиатномаи худ «Ба халқи шарифи Тоҷикистон» аз 12 декабри соли 1992 изҳор дошт: «Ман ба ҳар яки шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу зоковати шумо, ки ворисони фарзандони барӯманди тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар як хона ва ҳар оила барқарор кардани сулҳ равона карда, барои гул-гулшукуфонии Ватани азизам садоқатмандона хизмат мекунам.
Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам боварӣ дорам».
Таърихи ниёгонамон нишон медиҳад, ки дар анҷоми эҳёгарии давлату миллат, сарҷамъ намудани мардум ва миллати тоҷик нигоҳ доштани асолати таърихӣ, ҳувият ва хештаншиносии миллӣ, аркони давлатдорӣ, якпорчагӣ ва ягонагии давлат инсонсолорӣ ва манфиати ҳуқуқи он, рушди давлат ва нигаҳ доштани пояҳои давлатдорӣ, давлатсозӣ, инкишофи муносибатҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ, муҳайё сохтани шароити савдо ва моликияти хусусӣ, таъмини сулҳу субот, таҷзияи шохаҳои ҳокимият, иштироки фаъолонаи халқ барои идоракунии давлат ва дигар ғояву амалҳои низомӣ, эъмори давлат ду фарзанди фарзонаи миллат Исмоили Сомонӣ ва Эмомали Раҳмонро фиристод, ки баҳри хонаободии ҳар як фарди худогоҳу хештаншинос амалу кирдорҳо ва хислатҳои ҳамидаи яксонро доро мебошанд.
Маҳкамов Саидқул,
номзади илмҳои таърих, муаллими калони кафедраи
таърихи халқи тоҷики Муассисаи давлатии таълимии
«Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»