​ТАРБИЯИ НАВРАСОНУ ҶАВОНОН ДАР АСОСИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ​

Дар замони имрӯз рушди босуръати ҷомеаи ҷаҳонӣ, равандҳои ҷаҳонишавӣ, такмили технологияҳои иттилоотӣ ва тағйирёбии низоми арзишҳои миллӣ боиси тарбияи доимии наврасону ҷавонон дар ниҳодҳои мухталифи ҷомеаву давлат гардидааст. Ин масъала дар ҷомеаи тоҷикистонӣ низ ба яке аз мушкилоти калидии иҷтимоӣ ва сиёсӣ табдил ёфтааст. Зеро таъсири омилҳои гуногуни фарҳангӣ, иттилоотӣ ва идеологӣ ба шуури ҷавонон зарурати ташаккули шахсияти устувор, соҳибмаърифат ва масъулиятшиносро бештар мегардонад.

Дар кишвари тозасистиқлоли мо масъалаи тарбияи ҷавонон ҳамчун як самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар Паёмҳои ҳамасолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври мунтазам ва мукаммал инъикос меёбад. Пешвои миллат тарбияи наврасону ҷавононро яке аз омилҳои асосии рушди устувори давлат, таҳкими амнияти миллӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ арзёбӣ менамоянд.

Ҳамешагӣ дар Паёмҳои Пешвои миллат ҷавонон ҳамчун қишри муҳимми иҷтимоӣ ва захираи стратегии рушди давлат муаррифӣ мегарданд. Пешвои миллат таъкид намудаанд, ки “Ҷавонон ояндаи миллат ва давлат буда, сарнавишти фардои Тоҷикистон аз сатҳи дониш, маърифат ва тарбияи онҳо вобастагии мустақим дорад”. Ин таъкид нишон медиҳад, ки сиёсати давлатӣ дар самти ҷавонон бояд дорои хусусияти дарозмуддат ва стратегӣ бошад. Тарбияи ҳамаҷонибаи наврасону ҷавонон минбаъд метавонад ба таҳкими суботи иҷтимоӣ, рушди иқтисодӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ заминаҳои маънавию ахлоқиро фароҳам оварад. Бинобар ин, ҷалби ҷаво-нон ба равандҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ чун як унсури муҳимми сиёсати давлатӣ дида мешавад. Зеро тарбияи маънавию ахлоқӣ дар Паёми Пешвои миллат ҳамчун пояи асосии ташаккули шахсияти ҷавон баррасӣ мешавад. Пешвои миллат таъкид менамоянд, ки “Ҷавонон бояд дар руҳияи инсондӯстӣ, ватандӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ тарбия ёбанд”. Маҳз ҳамин раванд боиси ташаккули сифатҳои ахлоқӣ, аз ҷумла масъу-лиятшиносӣ, эҳтиром ба қонун, фарҳанги муошират ва таҳаммулпазириро дар бар мегирад. Дар баробари ин, чун ҷомеа бо таҳдиду хатарҳои ифротгароӣ, тундгароӣ, таасуби динӣ ва бегонапарастӣ рӯ ба рӯ шудааст, Пешвои миллат зарурати таҳким додани ҷаҳонбинии илмӣ ва тафаккури интиқодии ҷавононро яке аз самтҳои асосии муассисаҳои таълимӣ медонанд.

Аз ин ҷост, ки тарбияи маънавию ахлоқии наврасону ҷавонон ҳамчун унсури муҳимми амнияти маънавии ҷомеа баррасӣ гардида, ба ташаккули шахсияти устувор ва иҷтимоан фаъол мусоидат менамояд.

Заминаи асосии ташаккули тарбияи наврасону ҷавонон ба муассисаҳои таълимӣ вогузор шудааст, аз ин ҷост, ки Вазорати маориф ва илми кишвар ҳамчун омили калидии рушди иҷтимоӣ ва фарди ҷомеа муай-ян шудааст. Пешвои миллат чунин таъкид намудаанд, ки “Бе рушди маориф ва илм пешрафти давлат ва ҷомеа ғайриимкон аст”. Ҳамчунин, муассисаҳои таҳсилоти олӣ на танҳо майдони интиқоли дониш, балки муҳити мусоид барои ташаккули шахсияти соҳибмаърифату рақобатпазир ва масъулиятшинос ба ҷомеа бошанд. Ин раванд боз масъалаи нақши омӯзгоронро ҳамчун субъекти асосии тарбия ва таълим ба миён меорад.

Дар Паёмҳо ҳамешагӣ ба масъалаи омӯзиши илмҳои дақиқ, технологияҳои муосир, зеҳни сунъӣ ва забонҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи махсус дода мешавад. Маҳз ин омилҳо ҳамчун шарти асосии мутобиқшавии ҷавонон ба талаботи бозори ҷаҳонии меҳнат ва рушди иқтисоди миллӣ маънидод мешавад.

Тарбияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ дар сиёсати давлатии ҷавонон мавқеи муҳимро дорад. Бесабаб нест, ки Пешвои миллат ин ҷодаи тарбияро заминаи минбаъдаи давлатдорӣ номидаанд: “Ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихор аз давлату миллат бояд аз овони наврасӣ дар шуури ҷавонон ҷой гирад”.

Худшиносии миллӣ, пеш аз ҳама, ин донистани таърих, забон, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ аст. Ташаккули он ба таҳкими Ваҳдати миллӣ, ҳифзи истиқлол ва пойдории давлатдорӣ мусоидат менамояд. Ҷавононе, ки дорои ҳисси худшиносии миллӣ мебошанд, метавонанд дар муқобили таъсирҳои манфии фарҳангӣ ва идеологӣ устувор бимонанд.

Пешвои миллат тарбияи ҷавононро вазифаи муштараки оила, ҷомеа ва давлат медонанд: “Тарбияи насли наввазифаи муштараки оила, ҷомеа ва давлат мебошад”. Оила аввалин муҳити иҷтимоӣ буда, дар ташаккули ахлоқ ва ҷаҳонбинии шахс нақши ҳалкунанда дорад. Ҷомеа ва давлат бошад, бояд татбиқи барномаҳои давлатӣ, фароҳам овардани шароити мусоид ва дастгирии ташаббусҳои ҷавонон ин равандро тақвият бахшад.

Бинобар ин, дар Паёми Пешвои миллат масъалаи тарбияи наврасону ҷавонон мавқеи марказӣ дорад. Ин раванд ҳамчун системаи фарогир ва бисёрсамта баррасӣ гардида, ҷанбаҳои маънавию ахлоқӣ, илмӣ, ватандӯстӣ ва иҷтимоиро дар бар мегирад. Ҳадафи асосии сиёсати тарбиявӣ ин ташаккули насли соҳибилм, дорои ҷаҳонбинии миллӣ ва тафаккури муосир, ватандӯст ва масъулиятшинос мебошад, ки қодир бошад рушди устувор ва ояндаи дурахшони Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин намояд.

Шарофат ЗАЙНИДДИНОВА,

муаллими калони кафедраи химияи органикӣ

ва амалии факултети биология ва химия

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ