ФАРҲАНГИ СУЛҲ ВА СУЛҲОФАРӢ
Фарҳанги сулҳ беҳтарин неъмат ва волотарин дастовариди миллати тоҷик мебошад, ки рисолати инсондӯстию фарҳангпарвариро дар тӯли асрҳо пуштибонӣ намудааст.
Эмомалӣ Раҳмон
Маънои сулҳ оштиву фарзонагӣ, якдигарфаҳмӣ ва талабгори амният будани мардум, созиши байни ду гурӯҳи даргир, неруҳои мухолифро зимни ҳалли низову бархӯрдҳоро ифода менамояд. Аз ин ҷо, падидаи сулҳ - ифодакунандаи амният, осоиштагӣ, озодӣ, истиқлол ва нишони ободии давлату миллат, таҷассумгари шодиву нишот, ҳамдигарфаҳмӣ, озодихоҳиву ватандӯстӣ мебошад. Сулҳу амонӣ сарчашмаи нишоту хушбахтии мардум буда, ба туфайли он метавонанд бо хотири ҷамъ зиндагии шоиста ихтиёр кунанд ва барои ояндаи дурахшон эътимод банданд. Дар ҳақиқат, сулҳу субот ва амнияти миллӣ барои ҳар як кишвар арзиши асосӣ ва нотакрор ба шумор рафта, эҳтиром ва ҷойгоҳи он дар масири таърихи инсоният махсусан муҳим арзёбӣ мегардад.
Ба ақидаи файласуфи тоҷик Ш.Абдуллоев ташаккули фарҳанги сулҳ ба ташаккули фарҳанги сиёсӣ вобастагии зич дорад. Ӯ ин назари худро чунин асоснок менамояд: «Асли фарҳанги сиёсиро дар муносибатҳои байнидавлатӣ ва байналмилалӣ бояд усули барқарории муносибатҳои байни давлатҳо бар асоси сиёсати ғайризӯрӣ, даст кашидан аз ҷанг ҳамчун воситаи ҳалли масъалаҳои муноқишавӣ, баррасии онҳо бо роҳи гуфтушунид, баробарҳуқуқӣ, якдигарфаҳмӣ, боварии байни давлатҳо, ба назар гирифтани манфиати тарафҳо, дахолат накардан ба умури дохилии якдигар, эътироф кардани ҳуқуқи ҳар миллат дар интихоби сохти иҷтимоию иқтисодӣ ва низоми сиёсӣ; эҳтиром гузоштан ба озодӣ ва истиқлоли миллатҳо; даст кашидан аз ташкили блокҳои низомию сиёсӣ ва ғайра ташкил кунад.
Дар ҳақиқат, сулҳу осоиштагӣ, ваҳдати миллӣ ҳама гуна ҷангу низоъҳо ва нооромиву душманиро инкор менамояд. Дар ҷомеае киваҳдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмиву тифоқӣ ҷой дорад, бисёре аз хислатҳои манфии инсонӣ ба мисли кинаву адоват, бадбиниву душманӣ, бадхоҳиву ҷангу низоъ, нобаробариҳои иҷтимоиву қашшоқӣ ҷой надорад ва он аз байн меравад.Ҳаёти инсон пур аз саҳифаҳои хушбахтиву хушрӯзӣ мегардад, ояндаи неки ҷомеа ва ҳаёти давлатдорию давлатсозӣ куллан дигаргун мешавад. Ба андешаи мутафаккири бузург Ҳофизи Шерозӣ муруват кардан бо дӯстон ва мадоро намудан бо душманон, яъне бо нармӣ ва ҳусни хулқ ба касе рафтор кардан, муомилаи нек доштан, ё худ созиш, муросо, илтифот, оштӣ ва ғайра маншаъе маҳсуб меёбанд барои муваффақ шудан ба сулҳу салоҳ. Дар «Ғиёс-ул-луғот» низ мадоро ба маънои сулҳу оштӣ тавзеҳ дода мешавад. Бинобар ин, барои дастёбӣ ба сулҳу осоиштагӣ дар ҳолати сар задани низоъу муноқишаҳо, пеш аз ҳама, мадоро нақши махсус дорад, ки аз тариқи муколама, гузашту таҳаммул сурат мегирад.
Таърихи инсоният аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ваҳдати миллӣ ва амнияти давлатӣ заминаи асосии ташаккули давлати миллӣ ба ҳисоб меравад. Вазифаи муҳими ҳар як сарвари сиёсӣ низ дар он аст, ки ба муҳимияти арзишҳои номбаршуда аҳамияти аввалиндараҷа диҳад ва дар қаламрави кишвараш муҳити солим, тафаккури созанда, ҷаҳонбинии солим ва ҳушёриву зиракии сиёсии шаҳрвандон шароити мусоид бунёд намуда, онро кафолат диҳад. Ҷудоӣ, тафриқаандозӣ халқу миллатро заиф месозад, муҳтоҷи кӯмаки дигарон мекунад, модаронро аз фарзандони хеш маҳрум сохта, хонаҳоро хароб месозад. Давлате ки ба ваҳдати миллӣ расидааст, сулҳу салоҳро пешаи хеш интихоб кардааст, пуриқтидор мегардад.
Воқеаҳои муташанниҷи замони ҳозира дар минтақаҳои даргир аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҷонибҳо ба гирдоби якдигарнофаҳмӣ ва гӯшношунид ворид гашта, байни ҳам дасисабозӣ ва низоъ доранд. Вале аз ин ҳолати ногувор мардуми оддӣ нотавон, сарсону саргардон ҳастанд.
Оғози фаъолияти сарварии сиёсии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд ҳамчун Раиси Шурои Олии Тоҷикистон сарчашма мегирад, ки бо суханҳои таърихӣ чунин баён карда шудааст: “Ман ҳамчун сиёсатмадор аз рӯйи тақдир ба шароити таърихии худ ба сарварии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар лаҳзаҳои душвори муқовимат омадам, ки ҳар рӯзи ҷангро аз байн бурдан, ба Ватан ҳар чӣ зудтар сулҳ ва созиш овардан, ин мақсади олии ман буд, ки барои ба даст овардани он ҳеҷ чизро дареғ намедоштам”.
Мутаассифона, қайд кардан зарур аст, ки дар ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоии Тоҷикистони соҳибистиқлол низ саҳифаи падидаи нанговар-ҷанги шаҳрвандӣ ҷараён дошт, ки бо қурбониҳои моливу ҷонӣ паси сар гардид. Бо талошҳои фарзанди фарзонаи миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муттаҳидии халқи меҳнатқарини тоҷик самараи нек ба даст оварда шуд. Он бо унвони Ваҳдати миллӣ номгузорӣ гардида, ба таври куллӣ ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакатро ба сатҳи нави созандагиву бунёдкорӣ баровард. Гуфтушуниди пай дар пай босарвари мухолифини тоҷик Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар давраи хеле ҳассос ва пурмасъул ташкил карда шуда, дар ҳашт марҳилаи гуфтушуниди сиёсӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯшиш ба харҷ доданд, ки тамоми дархостҳои тарафи зидро баҳри таъмини амнияти миллӣ дар қаламрави кишвари тоҷикон қабул намоянд. Ҳамон лаҳзаҳои таърихӣ хеле муҳим арзёбӣ гардида буданд, зеро механизми идоракунии давлат вайрон буда, низоми давлатдорӣ бесарусомон ва қувваҳои силоҳбадаст пайдо шуданд, ки ба кулли халқи тоҷик муаммоҳо ва мушкилиҳои гӯшношунидро ба бор оварда, онҳоро бехонаву ҷой, бесарпараст, ятиму овора гардониданд. Ҳисороти моливу ҷонӣ ва оқибатҳои нохуши ҷанги бародаркуш то ҳоло таъсири худро боқӣ гузоштааст.
Ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Маскав таърихи 27 июни соли 1997 ҳамчун санади асосӣ ба муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона дар дохили кишвар хотима бахшида, мамлакатро аз хатари несту нобудшавӣ, халқи осуда ва меҳнатдӯстро аз парокандагӣ нигоҳ дошт ва дар кишвари маънавибунёди тоҷикон сулҳу ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмфармо гардид. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ таъкид дошта буданд, ки: “Даҳсолаҳо лозим мешавад, то захму ҷароҳатҳои ин фалокат муолиҷа шаванд ва мо ба он мекўшем, ки дар ҳар хонавода сулҳ ва оромӣ ҳукмфармо бошад”. Дар ҳақиқат, дар давоми сипарӣ гардидани се даҳсола Тоҷикистони соҳибистиқлол ба дастовардҳои назаррас дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ноил гардид, лекин насле ки рӯзҳои ҷанги бародаркушро аз сар гузаронидааст, то ҳол мушкилиҳо ва муаммоҳои он давраи саҳифаҳои дарднокро аз ёдаш набаровардааст. Ин саҳифаҳои тақдирсози таърихи навини тоҷиконро шоири бузург ва зиндаёд Лоиқ Шералӣ чунин ба қалам додааст:
Раҳми Парвардигори мо омад,
Нури Ҳақ бар диёри мо омад.
Дар даҳсолаҳои минбаъда марҳилаи созанда ва бунёдкорӣ дар таърихи Тоҷикистон арзёбӣ гардида, ба гузоштани пойдевори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва дар ин замина ба эътидол овардан ва рушди фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи Тоҷикистон мусоидат намуд. Аз ин дарси таърих халқи тоҷик сабақ гирифта, имрӯз бо ифтихор ва сарбаландӣ гуфта метавонад, ки ба пешравӣ ва комёбиҳои назаррас ноил гардидааст, Ватани маҳбубро марҳила ба марҳила ободу зебо намуда истодааст.
Қобили тазаккур аст, ки даҳсолаи аввали Истиқлоли давлатӣ барои мардуми ватанпарвари тоҷик ва манотиқи Тоҷикистон ҳамчун имтиҳони ҷиддӣ паси сар гардид ва имконияти комил баҳри воридшавӣ ба майдони фарохи сиёсати байналхалқӣ ҳамчун давлати мустақил ба вуҷуд омад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти комилҳуқуқи сиёсати ҷаҳонӣ эътироф карда шуд ва муносибати дипломатӣ ва тиҷоратии хешро бо давлатҳои ҳамҷавор ва дуру наздик ба роҳ монд.
Бояд қадру қиммат ва ҷойгоҳи ваҳдати миллиро ҳар як фарди бонангу номуси миллат ба таври ҷиддӣ дарк намояд ва баҳри пойдорӣ ва мустаҳкамии он ҳамеша камари ҳиммат бандад. Дар ин маврид суханҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мувофиқ мебошад, ки чунин ифода гардидааст: “Арзиши муқаддасу таърихӣ ва омили муҳимтарини ҳамаи дастовардҳои миллати мо баъди Истиқлоли давлатӣ, бешубҳа, ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ мебошад. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон роҳи рушду такомули минбаъдаи кишварро равшан сохт. Нақши созандаи сулҳу ваҳдат махсусан дар самти таҳким ва такмили давлатдорӣ, ки амалан заминаҳои зарурии ҳифзи Истиқлоли миллӣ, тамомияти арзии кишвар, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин мекунанд, возеҳ зоҳир гардид”.
Ҳамасола баррасии дастоварди сулҳи беназири тоҷикон мавриди ёдрасӣ ва омӯзиши амиқи ҳам коршиносони соҳа ва ҳам институтҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, созмонҳои байналмилалӣ, доираҳои илмӣ ва сиёсии кишварҳои ҷаҳон мегардад, ки онро чун падидаи нодир ва арзишманд дар таърихи сулҳофарии байналмилалӣ эътироф гардидааст. Дар ҳақиқат, таҷрибаи сулҳи тоҷикон аз ҷониби созмони бунуфузи байналмилалӣ - Созмони Милали Муттаҳид чун таҷрибаи нодири расидан ба сулҳу субот эътироф гардидааст.
Таваҷҷуҳи хосса додани Пешвои миллат ба масъалаи андешаи миллӣ ва нишон додани нақши он дар таҳкими ваҳдати миллӣ ва таъмини сулҳ ва дар баробари ин, барои шинохти мероси илмию фарҳангии ниёгонамон таҳия кардани китобҳои ҷудогона, аз зумраи «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Аз ориён то Сомониён», «Забони миллат-ҳастии миллат», «Чеҳраҳои мондагор» ва ғайра беҳуда нест. Зеро ки таърихи миллат таҷассумкунандаи фарҳанг ва тамаддуни он аст. Ба халқи тоҷик ғизои маънавӣ дода, онҳоро иттифоқ ва барои рушди ҷомеа муттаҳид менамояд. Маҳз ин тамаддуни ғании дар пояи андешаҳои ахлоқӣ, таҳаммулгаро, инсонпарварона ва ватандӯстона бунёдёфта боис гардид, ки тоҷикон барои бақои миллат якдигарро гузашт карда, ба сулҳу салоҳ расанд. Мактаби сулҳофарии худро ҳамчун падидаи нодири ҷомеаи муосир барои ҷаҳониён, хусусан, кишварҳои ноорому даргир ҷиҳати омӯзиш ва истифода пешкаш намоянд.
Аз ин ҷо, дар шароити ҳозираи давлату давлатдорӣ баҳри муҳофизати Истиқлоли давлатӣ, амнияти миллӣ, Ватани маҳбуб, мустаҳкамӣ ва рушди институтҳои демократӣ, афзун намудани сатҳи маърифат ва ҷаҳонбинии некбинона, таҳкими ҳуввияти миллӣ хеле зарур мебошад. Сулҳу суботи комили сиёсии ҷомеа ва пойдориву устувории ваҳдати миллӣ, сиёсати сулҳофар ва созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои умед бастан ба фардои зиндагӣ мусоидат карда, мардуми кишварро ба пешрафту ободии Ватан ҳидоят намуд.
М.Ӯлмасова, сармуаллимаи кафедраи
умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ