ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ – ПОЯИ ҲАСТИИ МИЛЛАТ
Дар ҳақиқат ҳам Истиқлоли давлатӣ – ганҷи бебаҳои ҳар шаҳрванди ин кишвар аст. Бо ташаббус ва ҷонфидоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар яки мо дар фазои сулҳу субот зиндагӣ ва кору фаъолият менамоем. Дар замони соҳибистиқлолӣ дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла маориф, фарҳанг, тандурустӣ, иқтисод, саноат ва дигар соҳаҳо ба пуррагӣ дигаргун шуд. Истиқлоли давлатӣ дастоварди бузург дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошад. “Истиқлол” мафҳуми арзишманд ва дар навбати худ як роҳест ба сӯи ояндаи дурахшон, ки ноил гардидан ба он шарафи бузург барои ҳар як миллат аст. Мардуми тоҷик 35- умин солгарди Истиқлоли миллии Тоҷикистон - иди дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун соҳиби давлати комилҳуқуқ шинохта шудани қадимтарин миллати Осиёи Марказӣ – тоҷикон, иди барқароршавии адолати таърихӣ дар сарнавишти миллати куҳанбунёди моро ботантана қайд мекунанд. Истқлоли давлатӣ ба он мусоидат намуд, ки рушди босубот дар кишвар таъмин гардад, сатҳи некуаҳволии аҳли ҷомеа беҳтар ва натиҷаҳои бузург дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба даст оварда шавад. Ин гуна сатҳи шароити имрӯза якбора ба даст наомадааст, зеро овардани истиқлолият дар ҷумҳурии мо назар ба дигар ҷумҳуриҳои осиёимиёнагӣ бе қурбониҳо ва душвориҳои сангин ба даст наомад. Дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа нофаҳмиҳо ба вуҷуд омад, ки дар охир ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонд. Боиси хушнудист, ки фарҳанги бузурги тоҷикона ғалаба кард ва дар тафаккури шаҳрвандон ҳисси ягонагӣ, ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ, гузаштан аз ҷурми якдигар ба умеди шукуфоии оянда боло гирифт. Маҳз ваҳдати миллӣ ва сулҳ нуқтаҳои калидие буданд, ки Истиқлоли давлатиро таҳким бахшиданд ва роҳро барои бартараф намудани рушди иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодии кишвар боз карданд.
Маврид ба ёдоварист, ки Истиқлоли давлатӣ барои рушди забони тоҷикӣ, ҳамчун забони давлатӣ шароити мусоид фароҳам овард, ки ҳифзу гиромидошт ва тозагии он вазифаи ҳар як фарди бонангу номуси кишвар мебошад. Дар даврони Истиқлоли давлатӣ баҳри бедории худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ назари амиқ намудан ба таърихи миллати тоҷик ва расму ойинҳои миллӣ, рушди фарҳанги миллӣ ва амсоли инҳо корҳои зиёде ба сомон расонида шуданд. Сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат оромӣ ва суботи сиёсиро таъмин намуда, тоҷикони дунёро зери парчами сулҳу дустӣ муттаҳид кард. Яке аз шартҳои асосии Истиқлоли воқеии ҳар давлат ин эътироф шудан ва шинохта шудани он аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари таърихии хеш “Тоҷикон дар оинаи таърих” қайд намудаанд: “Фарзандони фидоию бономуси миллати мо дар ҳама давру замон, дар ҷое бо хираду фарҳанги воло, дар ҷое бо муросою мадоро талошҳои истиқлолхоҳӣ бурдаанд, ки ин омилҳо бо ифтихори миллӣ ва эҳсоси ватандорӣ пайванди ногусастанӣ доранд”. Самараи неки истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон – манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як қавми тоҷикмиллат аст. Мо бояд аз ин миллати баруманд биболему барои боз ҳам машҳуртар гардидани он кушишу ғайрат намоем. Замони Истиқлоли давлатӣ барои мо имкон фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллату давлатро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.
Бо гузашти вақт ҳама душворию азиятҳо паси сар гаштанду давлат ором гардид. Имруз наметавон сарзаминеро номбар кард, ки Точикистонро чун кишвари соҳибистиклол нашиносад. Имрӯз миллати тоҷик дар арафаи ҷашни бузурги таърихӣ 35-солагии Истиклолияти давлатӣ ҳамачониба барои ободкориву бунёдкорӣ омодагӣ дида, баҳри сазовор таҷлил намудани ин ҷашни фархундаи миллат корҳои бунёдкорӣ бо маром идома дода истодаем. Истиқлол – нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ, инчунин шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистони азиз мебошад.
Тӯли таърихи чанҳазорсолаҳо миллати мо аз шебу фарози таърих ва озмоишҳои сахту сангин гузашта бошад ҳам, дастовардҳои фарҳанги асил, ҳувияти миллӣ, забони ноби тоҷикӣ ва илму адабиёти оламгирашро нигоҳ доштааст.
Тоҷикистон пас аз расидан ба истиқлоли воқеӣ дар як муддати кӯтоҳ аз ҷониби кишварҳое, ки дар арсаи олам нақши муҳим доранд алакай ба расмият шинохта шуд. Тоҷикистони соҳибистиқлол дар кори созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, СММ, Созмони Амният ва ҳамкори дар Аврупо, Шартномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ва ИДМ низ фаъолона иштирок дорад. Борҳо сарвари давлати тоҷикон дар ҷаласа ва форумҳои ин ташкилотҳо аз номи кишвари мо иштирок ва бо нутқҳои пурмазмун баромад намуданд. Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шарафи сиёсати дурусти пешгирифтаашон бо Русия чун шарики боэътимоди стратегӣ, инчунин ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Белоруссия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон муносибатҳои дӯстона ва беғаразона дорад. «Мо боЧин муносибати дӯстона ва ҳамсоягии нек дорем. Ҳоло мавриди ҳамкорҳои доманадор бо ин ҷумҳурӣ фаро расидааст ва мо мехоҳем, ки аз ин ҳамкориҳо барои пешрафти иқтисодии кишварамон ҳарчи васеътар истифода барем» - гуфта буданд, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Дар замони ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди манфиатҳо зарур аст, ки ҳар фард, махсусан мо ҷавонон ба эътимоду эътиқоди Пешвои миллат сазовор бошем, маърифату ҷаҳонбинии худро таҳким бахшида, баҳри баланд бардоштани нуфузу эътибори миллат, пойдории давлати соҳибистиқлолу ҳуқуқбунёд саҳми худро гузорем ва дар марҳилаҳои амалишавии ормонҳои халқу миллатамон саъю кӯшиш намоем.
М.Алиева, муаллими кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ