САРНАВИШТИ НАВРӮЗИ ТОҶИКОН: АЗ ОҒОЗ ТО ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛӢ
Ҳузури Наврӯз ба унвони ҷашни шодиҳову нишот ва пирӯзии рӯшанӣ ба зулмат дар густураи фарҳанги мардумони меросбари он бегумон ба замони оғози зиндагонии башарият пайванд мегирад. Ба иттифоқи он ки дар куллияи забонҳои куҳаннаврӯз ба гунаҳои ба ҳамдигар наздики «навсард» дар суғдӣ, «нукруч» дар паҳлавӣ ва муарраби найрӯзро соҳиб аст, шарҳу тафсири аслии он ҳамон як таъбири рӯзи навро муқаррар месозад. Устоди донишвар Фаридуни ҷунайдӣ асли ин ҳамсониву ҳамнавоии вожаи «Наврӯз»-ро дар соири забонҳо ба ҷойгоҳи худи вожаи «рӯз» ва гунаҳои он пайванд дода, аз ҷумла таъкид мекунад, ки ин ном (яъне, вожаи рӯз – Н.Н.) дар авасто «Роучангаҳ», дар форсии бостон «роуча», дар паҳлавии куҳан «руч», дар курдӣ «руж», дар форсии дарӣ ва Хуросон Рз» ва дар форсии имрӯз «рӯз», кошонӣ, теҳронӣ беҳдинӣ «ру» хонда мешавад. Аз сӯе он чӣ аз рӯз бармеояд, ҳамоно рӯшаноӣ аст, агар вожаи равшани форсии дариро бо «роучангаҳ»-и авастоӣ бисанҷем, пайдо мешавад, ки рӯз ҳамон рӯшан аст, пас Наврӯз ёрӯзи нав рӯшноии нав аст. Бо такя бар ин шеваи шинохти устод Ҷунайдӣ метавонқидмати оғози Наврӯзро ҳамоно бори дигар бар офариниш марбут донист, ба замоне, ки рӯшанӣ аз болои зулмот пирӯз гардид ва нур дар олам падид омаву рӯзгор шуруъ шуд. Ҷолиб он аст, ки барои ифодаи Наврӯз бо иттико бар ҳамин манзалати ин ҷашни оғоз устод Ҷунайдӣ таъбири «ҷони ҷаҳон»-ро истифода кардааст.
Дар канори ин, пайванди ҷашни Наврӯз ба офаринишро метавон ба замони барпоии он аз дергоҳи таърих, ки навъе рамзи эҳёи табиат ва фарорасии айёми шукуфоиву бедории аносири табиӣ ва амсоли ин дониста мешуд, марбут донист, ки дар сароғози маърифати гоҳшумории мардумони ориётабор, ҳатто аз рӯзгорони аз ду фасл таркиб ёфтани як сол, яъне баҳору хазон қарор дошта. Шояд ҳамин омили барҷастаи ҳулули андешаҳои ниёкони мо бо маърифати офариниш ва асолати зуҳури Наврӯз омил омада, ки баъдан дар фарҳанги динӣ низ ин ҷашни бедориву шукуфоии табиат ва оини шодиҳо ба хилқати инсон ҳам пайванд касб намуд. Асолати Наврӯз чун ҷашни маҷмуи шодиву сафо, бедориву иқдом дар халқи васоиле, ки инсоният берун аз ҳама маҳдудаҳои фикриву ақидавӣ ва сувариву ирқӣ бар он ниёз доранд, омил дар истиқболи он аз сӯи тамомии башарият ва пайванд бахшидани асли зуҳури он бо фалсафаи офариниш гардид. Ҳамин вежагиҳои хоси Наврӯз, чун ҷашни оғоз ва шуруъи зиндагонии табиат бо гузашти як сол дар қаламрави замин рабти онро ба фалсафаи офариниши инсон низ марбут гардонид ва дар натиҷа эътиқоде эҷод гардид, ки чун олам дар шаш лаҳза ё ба таъбири куҳан гоҳанбор офарида шуда, дар охирин аз ин замонҳо хилқати инсон сурат гирифта, пасон зиндагонии башарият оғоз ёфт, ҳамон рӯзро ба унвони сароғози рӯзгори инсонӣ дар рӯи замин, рӯзи шуруи ҳастӣхонданд ва пайваста ба таҷлили он чун ҷашни Наврӯз пардохтанд. Пажуҳишгари эронӣ Куруши Некном бо такя бар ҳамин ҷанбаҳоипайванд бахшидани ҷашни Наврӯз ба эътиқодоти ниёкони мо бо фалсафаи офариниши инсон ҳақиқати ин амрро ба гунаи зайл тавзеҳ додаву омили таҷлили онро чун ҷашни хилқат ва оғози ҳастӣ чунин маънидод карда: « Бад ин тартиб нахуст инсон, сипас об, замин, гиёҳон, ҷонварон ва дар поёни чаҳраи (ҳамон гоҳанбор манзур аст. Н.Н.) шашум, ки панҷ рӯзи охири сол дар назар аст, инсон офарида шуд ва пайдоишиинсон, такомул дар офариниш ба марҳилаи тозае расид ва аз он пас инсони андешаманд бо баҳрагирӣ аз шароити муносибе, ки аз пеш барояш фароҳам шуда буд, зиндагии худро дар замин оғоз намуд.Гузаштагони андешаманди мо ба поси арҷ ниҳодан ба пайдоиши инсон – комилтарин хилқати Аҳурамаздо ҷашни бузурги Наврӯзробо шукӯҳе физоянда ва фарогир барпо доштанд. Чун бо офарида шудани инсон марҳилаи тозае дар ҷаҳони ҳастӣ оғоз гардида буд ва инсон бояд таваллуди худро ҷашн бигирад ва бо сипосгузорӣ ба ниёиши офаридгори худ бипардозад».
Аз муҳимтарин омили иртиботи Наврӯз бо офариниш ва хилқати одам зикри нукоте марбут бар нахустин инсон – Каюмарс дар китоби «Наврӯзнома» -и Умари Хайём маҳсуб меёбад, ки ҳарчанд кашф ва дарёфти ин рӯзро ба Ҷамшеди каёнӣ интисоб медиҳад, аммо баробари ин аз ҷумла менависад: «Ва қиссаи он чунон аст, ки чун Каюмарс аввали мулуки Аҷам ба подшоҳӣ биншаст, хост, ки айёми солу моҳро ном ниҳад ва таърихро созад, то мардумон онро бидонанд, бингарист, ки он рӯз бомдод офтоб ба аввалдақиқаи ҳамал омад. Муъбадони Аҷамро гирд кард ва фармуд, ки таърихро аз инҷо оғоз кунанд. Муъбадон ҷамъ омаданд ва таърих ниҳоданд.
Ва чунин гӯянд, ки чун Каюмарс ин рӯзро оғоз кард ҳар солро офтобро; ва чун як даври офтоб бигашт дар муддати сесаду шасту панҷ рӯз ба дувоздаҳ қисмат кард, ҳар бахше си рӯз; ҳар яке аз онро номе ниҳод ва ба фариштае боз баст, аз он дувоздаҳ фаришта, ки Эзади Таборак ва Таъоло эшонро ба олам гумоштааст. Пас, он гоҳ даври бузургро, ки сесаду шасту панҷ рӯз ва рубъе аз шабонарӯзӣ аст, соли бузург ном кард ва ба чаҳор қисм кард. Чун чаҳор қисм аз ин соли бузург бигзарад, Наврӯзи бузург ва нав гаштани олам бошад.Ва бар подшоҳон воҷиб аст, оин ва расми мулук ба ҷой овардан ва аз баҳри муборакӣ ва аз баҳри хуррамӣ кардан таърихро ба аввали сол.
Баррасии татбиқии фалсафаи офариниш дар ҷомеаи адён ва макотиби фикрӣ ин амрро мусаллам мегардонад, ки ягонагии андешаҳо дар мавриди замони хилқати замину замон ва инсон дар онҳо ба мушоҳида мерасад. Дар кутуби муқаддаси яҳудиён Таврот ва аҳли ислом Қуръони Маҷид низ замони офариниш бар шаш рӯз муқаррар гардида, ки дар таъкиди ваҳдати фикрии дар шинохти фалсафаи офариниш зимни яке аз авомили истиқболи Наврӯзро ба унвони ҷашни хилқати инсон аз сӯи ҷаҳониён бозтоб мебахшад ва шояд ҳамин амр омили муассири ҳулули оину суннатҳои наврӯзи Аҷам дар падидаҳои фарҳангии ақвоми мухталиф гардидааст.
Ҳамин тавр, агарчӣ ба таъкиди Ҳаким Фирдавӣ дар “Шоҳнома”, Берунӣ дар “Осор ул боқия” ва Умари Хайём дар “Наврӯзнома” асли зуҳури Наврӯз ва бунёд ниҳодани он ба Ҷамшед нисбат дода мешавад, аммо бозгӯии асотир ва ривоёте дар заминаи тайнини гоҳшумории қадимаи ватаҷлили ҷашни оғози офариниш аз сӯи Каюмарс чун нахустинсон дар тафаккури ақвоми ориёӣҳамоно Наврӯзро ба унвони оини бузурги бозгашт ба сӯи оғоз ва бузургдошти инсон муаррифӣ мекунад, ба таъбири дигар. Наврӯз ба ҳақиқат рӯзи таваллуди Инсон будааст, ки минбаъд соири ақвом бар он арҷ ниҳодаанд ва ҳамакнун ҳам ҷашни ҷаҳонӣ шуда. Ва ҳатто агар ҳамин кашфи Наврӯзро аз сӯи Ҷамшед ба унвони рӯзи бар тахт нишастани ӯбипазирем, он ҳам дубора ба ҳамин фалсафаи оғози хилқат ва офариниш бармегардад, чун ба таъбири Артур Кристинсен, ки китобе роҷеъ ба Шоҳ Ҷамшед навишта, ӯ “Нахустин инсон ва нахустин Шаҳриёр” будааст.Агар ин нуктаро бипазирем, ки Ҷамшед нахустин шаҳриёр эътироф гардида, пас даркитоби ведаҳои ҳиндӣ чун инсони аввалиндониста шудани ҷамшед (яъне йима) боз ҳам зуҳури ин ҷашнро ба нахустинсон дар тафаккури инсонӣ марбут мегардонад ва худи Наврӯзро бори дигар ҷашни таваллуди ҳам инсон ва ҳам зиндагонии башарият муаррифӣ менамояд.
Мурур ба сарчашмашиносии эҷоди Наврӯз ва интишори он дар даврони мухталифи таърихӣ собит месозад, ки ҳарчанд ҷашни бузург ҳамчун замони ниҳодани оғози таърих дар тафаккури асотирии мардумони ориётабор мақом ва ҷойгоҳе дар андешаи ҷаҳонӣ касб намудааст, аммо ҳамоно ба ҳақиқат аз шуруи таърих то акнун тавассути ҳамбастагӣ ва робитаи муҳкам касб карданаш бо ҷашну оинҳои ақвоми мухталиф баробари таъсиргузорӣ дар такмилаи тамаддуни инсонӣ худ низ таҳаввул ва такомул пазируфта, ба як намоди бузурги фарҳанги ҷаҳонӣ бадал гардид. Ҳанӯз аз дергоҳи таърих оинҳои марбут ба Наврӯз бо таҷассуми густарда аз сунани ахлоқии созгор бар руҳияи мардумони мухталиф, чун оғози покизагии вуҷуди инсон дар заминаи кафшу маърифати асолати об, обпошӣ бо ниятифаровонии ҳосил ва эҳтироз аз хушксолӣ, покиза нигоҳ доштани манзилу хонаҳо, шинонидани дарахтон ва парвариши сабзу бо орзуи шукӯҳи сабзу хуррамӣ ва амсоли ин таъсиргузорӣ намудаанд, ки аз ҷумла иттилое роҷеъ ба таъсири ин оинҳо ба фарҳанги қадимаи бобуливу мисриву қибтӣ дар манобеъ рафта. Ба иттифоқи аҳли таҳқиқ оинҳои густардае аз Наврӯзи Аҷам ҳанӯз дар айёми ҳукумати Ҳахоманишиҳо ҷараён дошта ва ҳатто сарчашмаи нуфузи ҷаҳонӣ касб намудани ин ҷашни хуҷаста ва оинҳои мухталифи он дар айёми Дориюш пайванд мегирад, ки маҳз тавассути вай бархе аз оинҳои ҷашни оғози табиатро мисриён қабул намуданд ва бар ивази ин суннатҳо мардумони ин сарзаминҳои куҳани аҷдодӣ шеваҳои хоси гоҳшумориро дар ҷомеаи хеш татбиқ карданд.
Фузун бар ин, нукоте дар робита ба таҷлили Наврӯзи бузург дар ин айём низ ҷой дорад, чун ба иттифоқи аҳли таҳқиқ макони аслии баргузории ин ҷашни хуҷаста дар рӯзгори эшон Тахти Ҷамшед будааст ва ин пеш аз ҳама бозгӯи он аст, ки шоҳони Ҳахоманишӣ беҳтарин суннатҳои Наврӯзи ба унвони мерос аз ҷамшед бозмондаро дар айёми хеш тадовум намуда, ҳамзамон падидаҳои тозаи фарҳангиву инсонӣ бар он аз худ афзудаанд. Ба навиштаи муаррихони ин рӯзгор ҳанӯз дар замони Курӯши дувум, мушаххасан дар соли 538 қабл аз милодНаврӯз ҳамчун ҷашни миллӣ эълон шуда, барномаҳои хосае барои таҷлили он муқаррар гардиданд,ки аз ҷумлаи онон покизаву тоза намудани хонаву манзилҳо, бахшидани гуноҳон, ҳадяҳо додан ва амсоли ин ба шумор меоянд. Баъдан, ин тадобири муҳим дар сатҳи миллӣ баргузории ҷашни Наврӯз аз сӯи дигар намояндагони ҳахоманишӣ, аз ҷумла Дориюши аввал таводум ёфтанд.Агар ин матлаби мазкур дар манобеъро ба унвони ҳақиқати таърихӣ бипазирем, пас шуруъи таҷлили Наврӯз ба замони оғози салтанати ин хонадон аз сӯи бунёдгузори онҳо Куруши Кабир рост меояд, ки тибқи ривоёт аз айёми ҳамлаи ӯ ба Бобул оғоз ёфт ва ин ки бархе муаррихон зуҳури наврӯзро аввал дар ин сарзамини куҳан хондаанд, пайванд бар ҳамин нуктаи муҳим дорад. Ҳамин тавр, ба шаҳодати Эрнест Ҳертелсферд, бо фармони Дориюш аввал кохи Оподоно дар тахти Ҷамшед маҳз барои баргузории чунин ташрифоти давлатӣ ва таҷлили Наврӯз бунёд шудааст. Дар соли 416 қабл аз милодбошад ӯ дар истиқболи таҷлили ҷашни Наврӯз сиккаи тиллоие офарид. Бар асоси катибаҳои бозмонда аз замони Ҳахоманишиён замони баргузори ҷашни Наврӯз миёни 21 исфанд то 19 урдибиҳишт муқаррар шуда ваидомаи таҷлили он дар моҳи урдибиҳишт бад- он хотир буда, ки шукӯҳи фасли баҳор ва шукуфоиву сабзиши он дар ин моҳ пурравнақтар ва муҷаллотар мегардидааст. Ҳатто яке аз аксҳое, ки дар кохи Оподоноаи тахти Ҷамшед боқӣ монда ва дар онҳо шахсе ба сурат идар сар сабади ҳадое аз меваҳои мухталифу шир ва амсоли ин нақш бастааст, рамзи баргузории Наврӯз ва иҷрои расми ҳадоё овардан ба шоҳонро, ки марсум буда,шарҳу тафсир мекунад.
Таҷлили Наврӯз аз сӯи ин хонадагони бузурги эронӣ дар тахти Ҷамшед эҳтимолан ба сарчашмаи зуҳури Наврӯзи бузург, дар рӯзи шашуми Фарвардин, ки Хурдодрӯз унвон дошта, маҷмуан бо ҳузури густардаи мардум ва иҷрои бештан аз ҳафтдаҳ оин дар як рӯз ҷараён мегирифт, низ таъкид мекунад, ки ҳамакнун унвони Корвони Наврӯзиро ҳам гирифта ва баҳси муфассале роҷеъ ба ин мавзуъ дар мақолаи дигаре аз муаллиф рафтааст.
Нуфузи ҷашну маросимҳои марбут ба фарҳанги Наврӯз минбаъд низ аз сӯи хонадонҳои меросбари он дар даврори Ашкониву Сосонӣ давом ёфта, баробари ин асари густардаи хешро ба фарҳангу оинҳои ақвоми дигаридомат бахшид. Бар асоси сарчашмаҳои то имрӯз расида, баробари ғанои фарҳанги Наврӯз ба василаи афзудани оинҳо ва русуми махсуси марбут ба табиат, анҷоми корҳои ободгариву шукуфоӣба тадриҷ шумори рӯзҳои таҷлили он меафзуда. Дар кутуби мухталифи таърихӣ таъкид шуда, ки дар даврони ашкониён ва Сосониён Наврӯз ба муддати шаш рӯз таҷлил мегардид. Фаротар аз ин, бо ибтикори бунёдгузори хонадони Сосонӣ Ардашери Бобакон таҷлили Наврӯзи миёни румиён низ муравваҷ шуд. Иқдоми нависандагону адибони ин давр дарсабти муҳимтарин падидаҳои фарҳанги Наврӯз дар сурати кутубе маъруф бо оинномаҳо аз таваҷҷуҳи амиқи ҷомеаи мардум дар ҳифзи арзишҳои ин ҷашни бузург паём мерасонад, ки дар баробари шарҳу тафсирҳои муҳимтарин русуми давлатдорӣ, оини номанависӣ, шеваҳои чавгонбозӣ ва амсоли ин маросимҳои вежаи марбут ба Наврӯз ва дигар ҷашнҳои бузурги куҳан, мисли Меҳргону Садаро дар вусъати ин навъ осор ҷой додаанд, ки бархе аз онҳо дар аҳди аввали ислом аз сӯи мутарҷимон ба арабӣ тарҷума гардида, ҳамин гуна барои эҷоди осоре ба унвони Наврӯзномаҳо дар адабиёти форсу тоҷик омил шудаанд.
Бар асоси нигоштаҳои муаррихон ҳанӯз аз аҳди аввали ислом истиқболи фарҳанги Наврӯз ба унвони ҷашни пайдоиши ҳастӣ ва таваллуди инсон ба мушоҳида мерасад. Таваҷҷуҳ ба таҷлили Наврӯз дар аҳди ислом ҳатто бархе муаррихон ва донишварон ба рӯзгори Паёмбари Ислом мансуб медонанд. Дар китоби “Осор ул боқия”-и Берунӣ омадааст, ки «Абдулсамад ибни Алӣ дар ривояте, ки ба ҷадди худ ибни Аббос онро мерасонад, нақл мекунад, ки дар Наврӯз ҷоме симин, ки пур аз ҳалво буд, барои Пайғамбар ҳадя оварданд ва он Ҳазрат пурсид ин чист? Гуфтанд имрӯз рӯзи Наврӯз аст. Пурсид, ки Наврӯз чист? Гуфтанд, иди бузурги эрониён аст. Фармуд, оре дар ин рӯз буд, ки Худованд Ускураро зинда кард. Пурсиданд: Ускура чист? Фармуд Ускура ҳазорон мардуме буданд, ки аз тарси марг тарки диёр карда ва сар ба биёбон ниҳоданд ва Худованд ба онон гуфт: Бимиред ва мурданд. Сипас ононро зинда кард ва абрҳоро амр фармуд, ки ба онон борон борад. Аз ин рӯст, ки пошидани об дар ин рӯз расм шуда. Сипас, аз он ҳалво тановул кард ва ҷомро миёни асҳоби худ қисмат карда гуфт: Кош ҳар рӯзе бар мо Наврӯз бувад». (3,325) Дар бархе аз сарчашмаҳо аз паёмбари Акрам (с) нақл шудани ин ҳадис шояд пайванд ба ин ривоятдорад, ки «Агар метавонед ҳар рӯзро Наврӯз кунед». Дар шарҳи ин сухани омад, ки яъне дар роҳи Худо ба якдигар ҳадя бидиҳед ва ё бо якдигар пайванд дошта бошед».
Мавлонои Балхӣниз дар «Маснавии Маснавӣ» ишорате бар ҳадиси дигари Расули Акрам (с) роҷеъ ба истиқбол аз боди баҳорӣ ва фоиз будан аз он мекунад:
Гуфт пайғамбар ба асҳоби кибор,
Тан мапушонед аз боди баҳор.
Он чӣ бо барги дарахтон мекунад,
Бо тану ҷони шумо он мекунад.
Тарҷумаи тоҷикии ин ҳадиси Паёмбари Акрам чунин аст: «Боди баҳорро ғанимат шуморед. Пас, ҳамон коре, ки бо дарахтон мекунад, бо баданҳои Шумо низ ҳамон корро менамояд. Ва аз боди поиз бипарҳезед. Пас ҳамон коре, ки бо дарахтон мекунад, бар баданҳои шумо низ ҳамон таъсирро дорад»
Тибқи бархе аз ахбори расида аз нахустин нафароне, кинавъе ширинӣ ба унвони ҳадя дар рӯзи Наврӯз овард, бобои Абуҳанифа, ан- Нуъмон ибн ал- Марзбон ба шумор мерафта. Воқеияти ин андеша пеш аз ҳама бар он пайванд мегирад, ки ниёкониИмоми Аъзам, Нуъмон ибни Собит ибни Марзбон аслан порсинажод ва меросбарони ин падидаи бузурги фарҳангӣ – Наврӯз буданд. Баъдан, ба мушоҳида мерасад, ки ситоиши Наврӯз дар ашъори шуарои арабизабони аҳди аввали ислом ва даврони дигар ба яке аз мавзӯоти меҳварӣ табдил намуда, омили муассир дар зуҳури навъи қасидае маъруф бо баҳория мегардад.
Маҷмуан ривоёт ва матолиби дар ин замина нақлшуда ҳамагӣ истиқболи аҳолии мусалмонро аз падидаҳои фарҳанги Наврӯз ба унвонии ҷашни ҷони ҷаҳон шарҳу тафсир мекунанд ва ҳатто ин пайванду унс ва иртиботи аҳли ислом ба Наврӯз ба ҳадде рифъат касб намуда, ки ба навиштаи устод Саид Нафисӣ «Рӯзи аввали фарвардин ҳамвора оғози Соли Нави Эрониёни қадим будааст ва ҳамеша онро Наврӯз ном ниҳодаанд ва дар рӯзи ид ба дӯстон ширинӣ фиристодаанд. Мардуми Суғд онро бо забони худ навсард, яъне соли нав номидаанд. Дар Эрони қадим одат будааст, ки дар ин ҷашн касе барои дӯстони худ ширинӣ мефиристод ва ин одат на танҳо дар Эрон боқӣ монд, балки миёни туркони усмонӣ роҳ ёфтааст ва онҳо дар «Иди фитр» барои дӯстони худ ширинӣ мефиристанд ва онро «шаккарбайрамӣ», яъне «иди шаккар» меномиданд». Нуктаи дигаре, ки ҳулули оинҳои Наврӯзиро бо падидаҳои фарҳанги исломӣ ба субут мерасонад, ин байти устод Рӯдакист, ки аз таҷлили якҷояи ин ҷашни куҳан бо маросимҳои иди исломии Қурбон паём мерасонад:
Бод бар ту муборак хуншон,
Ҷашни Наврӯзу гуспандкушон.
Беҳикмат нест, ки баробар ба нуфузи тамаддуни исломӣ бархе аз оинҳои ин ҷашни миллӣ тағир пазируфтаанд, вале баробари ин нуфузи ин фарҳанги барозанда падидаҳои аҳсанеро низ ба раҳгузори оинҳои Наврӯзи ворид намудаанд, ки иттисолашон ба шоистагӣ миёни мардумони эронитабор истиқбол пайдо намудаанд. Аз диди дигар, идомати бархе аз унсурҳои қадимаи Наврӯзӣ, ки бештар ба оинҳои куҳан мансубанд, бо аз даст додани ҷанбаҳои мазҳабии худ дар қаламрави ислом ҳам танҳо бо касби маъонии тозаи борвар аз ин фарҳанг тадовум пайдо намудаанд. Масалан, имрӯз ҳам дар тӯйу маросимҳои мухталифи манотиқи тоҷикистон расми оташафрӯзии наврӯзӣ ҷараён дорад, аммо осоре аз рӯйкардҳои фарҳанги куҳани динӣ дар он мавҷуд нест, балки онро ҳамчун як падидаи марсум дар фарҳанги миллӣ рӯи барпоии маросими издивоҷ фурӯзон мекунанд ва дар атрофи он баробари давр задани домоду арӯс дӯстону пайвандон муздавиҷин зери навои даф мерақсанд.
Ҳамин тавр, бо ҳузури хонадонҳои миллии Тоҳириёну Саффориён ва баъдан Сомониён шукӯҳи Наврӯз дар қаламрави забони форсӣ, аз ҷумла шаҳрҳои бузурги Самарқанду Бухорову Хуҷанд густардатар гардид. Наршахӣ дар «Таърихи Бухоро» ҳақиқати вуҷуди ин суннатҳои наврӯзиро зимни иттилоъ дар мавриди бозорҳои идона дар рустое аз атрофи Бухоро ба унвони Варахша ба гунаи зайл тавзеҳ ҳам дода:«Ва ин деҳаро дар понздаҳ рӯзе бозор аст ва чун бозори охирини сол бошад, бист рӯз бозор кунанд ва бисту якум рӯз Наврӯз кунанд ва онро «Наврӯзи кишоварзон»гӯянд. Ва кишоварзони Бухоро аз он ҳисобро нигоҳ доранд ва бар он эътибор кунанд. Ва «Наврӯзи муғон» баъд аз он панҷ рӯз бошад».
Аз каломи ин муаррихи барҷаста пайдост, ки дар айёми салтанати ин хонадони тоҷикон агарчӣ оинҳои наврӯзӣ тавсеае пайдо кардаанд, баробари ин ин сулолаи фарҳангсолор дар ҳифозати асолати наврӯз нақше муассир гузоштаанд, ки гуфтор аз Наврӯзи муғон ба ин шеваи кордории онон ишорат дорад. Наврӯзи кишоварзон бошад, имрӯз ҳам дар миёни мардуми тоҷик роиҷ аст. Ҳамасола 7 моҳи морс дар баъзе рустоҳои Тоҷикистон ба унвони иди сари сол ҷашн гирифта мешавад ва маросимеро бо номи «ҷуфтбаророн» дар ин рӯз барпо мекунанд. Сурати ин оин тавре ҷараён мегирад, ки субҳи он рӯз мардумони рустоҳо нахуст ҷӯйҳоро тоза мекунанд, то барои омадаин об омода бошанд. Баъдан бо ҳамоиши фаровони мардум маросими ҷуфтбаророн ё ҳамон Наврӯзи кишоварзон ибтидо мегирад. Нафаре аз мардони солхӯрда ё ба таъбири тоҷикон мӯйсапеде дар бари ҷомаи худ каме тухмии гандумро гирифта,баъд аз хондани дуои мардум дар як хат мепошад. Пас аз ӯ нафарони дигаре он хатро тавассути гов ва бо истифодаи васоили қадима шудгор мекунанд, ки ин амалро тоҷикон «ҷуфт кардан» мегӯяд ва маросими мазкурро «ҷуфтбаророн» меномад. Бо иҷрои ин кор тоҷикон ба мавсими кишту кори баҳорӣ оғоз мебахшад ва он нафаре, ки аввалин шуда ба замин донаи гандумро мебошад, бобои Деҳқон меноманд. Аз ҳамин ҷост, ки дар суннатҳои наврӯзии тоҷикон бобои деҳқон ҷойгоҳи махсусеро соҳиб аст ва ӯ то ҷое ба ҳамон мири Наврӯзӣ ҳам пайванде дорад. Ин маросим реша дар ҳамон Наврӯзи кишоварзон дорад, ки имрӯз танҳо он ҳам дар бахше аз манотиқи Тоҷикистон маҳфуз аст.
Дар баробари ин, ёдоварӣ ба маврид аст, ки ахиран аз китобхонаи ба номи Абурайҳони Берунии шаҳри Тошканд ва китобхонаи донишгоҳи Теҳрон нусхаҳои як китоби кӯчаки “Наврӯзнома” ё рисолаи Наврӯз мутааллиқ ба қалами Ҳакими Тирмизӣ аз донишварони аҳди Сомонӣ пайдо шуд,ки соли 2016 бо ибтикори донишмандони соҳибном Аскаралӣ Раҷабов ва марҳум Шониёз Мӯсоев дар айёми таҷлили ҷашни Ҳаким Тирмизӣ дар нашриёти “Дониш” ҳамроҳ бо тарҷумаҳои русӣ ва инглисии матни он ба чоп расид. Баъдан ин китобро Али Акбар ибни Муллоҳусайн бо номи “Аҳволи Наврӯз” дар соли 1219 ҳ. ва Муҳаммад Шарифи Бухороӣ дар соли 1246 бо номи “Аҳкоми Наврӯз” китобат намудаанд. Ин рисола бо шеваи форсии роиҷ дар Фароруд ба қалам омада, ки баҳсе дар ин замина дар мақолаидигар аз ин ҷониб рафтааст. Ҳамин далели таърих ва сабки нигориши ин асар паём аз нуфузи фарҳангу суннат ва оинҳои Наврӯзӣ дар қадимтарин шаҳрҳои Фароруд мерасонад, ки намунаҳое аз мафоҳим ва истилоҳ, расму оини хоси он дар ин китобзикр ва шарҳу тавзеҳ ёфтаанд. Шоистаи ифтихори мо тоҷикон аст, ки маҳз ҳамин шеваи нигориши наврӯзномаҳо боз ҳам аз ҷониби яке шоирони барҷастаи асри нуздаҳ Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ идома ёфт, ки он да сурати назм иншо гардидааст.
Бо гузашти солҳо доири таҷлили ҷашни Наврӯз берун аз қаламрави сарзаминҳои аслии он густариш пайдо намуд. Бо ҳузури хонадонҳои мухталиф, ки аз қаламрави Фароруд ба марзҳои берун аз он ҳиҷрат намуда, кишвардорӣ ихтиёр карданд, суннатҳои Наврӯз дар он диёр низ побарҷо гардид. Ҳатто дар сарчашмаҳо байте ба худи бунёдгузори ин хонадони Темуриёни Ҳинд – Бобурмирзо нисбат дода мешавад, ки роҷеъ ба Наврӯз суруда шудааст:
Наврӯзу навбаҳориву дилбарӣ хуш аст,
Бобур ба айш кӯш, ки олам дубора нест.
Дар қаламрави Ҳинд баробари аз дергоҳ ҷой доштани суннатҳои наврӯз дар замони ҳукумати Ҷалолуддин Акбар, Ҷаҳонгир ва Шоҳиҷаҳон таҷлили шоистаи ин ҷашни куҳан ба мушоҳида мерасад. Чӣ дар китобҳои “Акбарнома”, “Оини Акбарӣ ва чӣ “Тузуки Ҷаҳонгирӣ” “Шоҳиҷаҳоннома” ва дигар осори таърихии ин рӯзгор ба шукӯҳи таҷлили Наврӯз ишорат рафта, аз ҷумла аз баргузории маросими обпошӣ дар ҷашнгирии Наврӯз ёдоварӣ мешавад. Зимнан таъкид мешавад, ки маҷлиси гулобпошӣаз замони қадим ба обпошӣ машҳур аст. Абулфазли Алломӣ дар китоби “Оини Акбарӣ” аз 19 рӯз таҷлил гардидани Наврӯз дар айёми ҳукумати Акбар хабар додааст. Ин шеваи хоси таҷлили Наврӯз дар замони кишвардории Ҷаҳонгир низ идома ёфт ва ҳатто ҳар боби китоби “Тузуки Ҷаҳонгирӣ”-ро, ки ба муносибати 22 соли ҳукуматдории вай ба 22 фасл қисмат намудааст,ҷашни Наврӯз унвон намуда, вақоеи ҳар соли давлатдориашро аз шарҳу тавзеҳи оини баргузории Наврӯз оғоз мекунад, ки 18 рӯз идома ёфта, рӯзи нуздаҳум бо маъруф бо номи “Шараф” маросимҳои идона ба поён мерасиданд.
Ҳамин гуна, Наврӯз ҳамчун ҷашни офариниш ва зиндагонии дубораи табиат дар тамоми манотиқи таърихии Фарорудон таҷлил гардида, марҳила ба марҳила нусрату шукӯҳи тозае дарёфта то имрӯз расида,ба ҳайси суннати деринаи тоҷикон ваҷҳи эҳтироми мардум қарор дорад. Шаҳомати таърихи Наврӯз дар қаламрави таърихи ин сарзамин аз он ҳам ҳувайдо мегардад, ки соири шуарову суханварони ин минтақа низ бо муҳаббати хоса ин ҷашни бузургдошти оғозҳо ва шуруъи зиндагонии тозароҳамчун василаи баёни лаҳзаҳои шодмониву массаррати инсонӣ тафсир кардаанд.
Аммо бо таассуф дар даврони Шуравӣ муддате таҷлили Наврӯз манъ гардид ва танҳо бо талоши зиёиёни тоҷик дар соли 1969-и милодӣ ва бо тасбити асолати таърихиву фарҳангии он дубора Наврӯз эҳё шуда, иҷозаи бузургдошти он расмият пайдо намуд. Ин нукта дар суханронии соле қаблии Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими баргузории Наврӯзи ҷаҳонӣ дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон низ бо шарҳу тавзеҳе хос ва бо ишорат ба хадамоти ин фарҳехтагон тазаккур ёфтааст: «Наврӯз дар замони дар ҳайати Иттиҳоди шуравӣ будани Тоҷикистон чанде мамнуъ буд, вале фарзандони ватанпарасту донишманди миллати мо, мисли устодон Садриддини Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, барои эҳёи он кӯшишҳои зиёд карда буданд.
Марҳилаи навини таҳаввулоти шинохти Наврӯз ва эҳёи суннату оинҳо он ба даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон пайванди муҳкам дорад. Аз файзи истиқлолияти давлатии кишвари Тоҷикистон Наврӯз дубора дар сархати ҷашнҳои миллии тоҷикон қарор гирифта, шукӯҳи он мустадом боло меравад. Мурур ба rаламрави таърихи тоxикон ошкор месозад, ки xадди тоҷикон бештари айём xашни наврeзро дар берун аз макону манзил ва ҳатто шаҳрҳо дар ҷойҳои вижае таҷлил менамуданд.Имрӯз бо инояти роҳбари давлати Тоҷикистон, Пешвои мардуми тоҷик Эмомалӣ Раҳмон ин суннати пешиниён дубора бо сурате ҷадид эҳё шуда истодааст.Давоми чанд соли охир дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Данғара Наврӯзгоҳҳое ҳамчун макони аслии баргузории оину суннатҳои наврӯзӣ бунёд гардида, бошукӯҳтарин кох ба номи «Наврӯз»бо тарҳи нодиртарин падидаҳои фарҳанги куҳан ванамоди ёдгории нодири наврӯзгоҳи Тахти ҷамшедқомат афрохт. Фузун бар ин, соли 2016 хотири эҳёи оини бузурги баргузории Наврӯзи бузург дар шаҳри Хуҷанд нахустин бор маросими корвони Наврӯз бо шукӯҳе махсус ва иҷрои беҳтарин падида ва суннатҳои наврӯзи мардумони манотиқи мухталифи Фароруди куҳан ва меросбарони ин унсури тамаддуни башарӣ доир гашт, ки аз ҳузури дубораи пурравнақи оинҳои ин ҷашни бостонӣба сурати ҷадид паём мерасонад.
Дар канори ин ёдовар бояд шуд, ки манотиқи мухталифи тоҷикистони кунунӣ аз адвори қадим шеваҳои хоса дар таҷлили Наврӯз доштаанд. Аз осори таърихӣ равшан аст, ки таҷлили Наврӯз дар қадимтарин давлатҳои қаламрави Тоҷикистони имрӯз – Суғд ва Бохтар бо сурате вижа ҷараён мегирифтааст ва ҳамин гуна аз онҳо бо унвони «Наврӯзи Суғд», «Наврӯзи Хатлон», «Наврӯзи Бадахшон» ва амсоли ин ёд мекардаанд.
Эҳёи суннат ва ойинҳои наврӯзӣ дар замони имрӯз, ки чун маҳсули ҷашнвораи беназири Наврӯз ба унвони паёми мардумони форсизабон ба оламиён ҳукми ҷаҳонӣ гирифтааст, муҳимтарин падидаи фарҳанги миллатҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз хоҳад буд. Дар дарозои таърихи беш аз шашҳазорсолаи ҳузури худ ин ҷашни муборак бархӯрдҳои фаровонеро бо ҷабрҳои санги таърих таҷриба кардаву дар ин тасодуму тасодуфҳои бешумор чизҳоеро аз худ бохтаву васоилеро бар тамаддуни ақвоми дигар ба унвони арзишҳои инсонсозиву инсонофаринӣ афзудаву гоҳи дигар ба унвони намоди муколамаи фарҳангҳо ва омили таҳкими ваҳдати башарият суннатҳоеро бар худ вогирифта. Шояд ҳамин рӯйкарди муносибати таърихӣ бо миллату ақвом ва чунин доду ситадҳо буда, ки ҷаҳон ин ҷашни бузурги мардумони форсизабонро ҳамчун фазилати беназири таърихӣ ва дастури бебадали ахлоқӣ барои тарбияти фикриву маънавии мардумон пазируфта ва имрӯз Наврӯз мунҳасир ба замону макон ва миллияту қавмият нест, балки Наврӯз муҳимтарин унсур ва рукни тамаддуни ҷаҳонӣ гардидааст, ки ин матлаб дар суханронии Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар анҷумани маҷмааи Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Кобули Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳанӯз чанд сол қабл садо дод.
Шинохти Наврӯз ба унвони паёми зиндагисози меросбарони он ба ҷаҳониён баробари ҳукми ифтихор ва сарбаландӣ будан, рисолати беназиреро пешорӯи мо дар масири эҳё, таблиғ ва маърифати фаротари ҳар яке аз суннат ва оинаҳои хоси он во мегузорад. Вусъати Наврӯзва падидаҳои нодири он ба ҳаддест, ки ҳатто сокинони рустову гузару маҳаллоте аз билоду мамолики форсизабон дар амри ғаномандии фарҳанги беназир дар ҳадди аносири хоси муттакӣ бар пиндору гуфтору рафтори нек аз худ ибдоъ кардаанд, ки имрӯз чун махсусияти мунҳасир ба фарди фарҳангии он рустову маҳаллу устону билод эътироф шудаанд. Бар ин асос, фароҳамоварӣ, таҳқиқу таблиғ ва дар ин замина мусоидат бар эҳёи чунин суннатҳои нодир ва беназири фарҳанги Наврӯз вазифаи муқаддаси ҳар нафар аз аҳли пажуҳиш дар кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз ба шумор меравад. Аз сӯи дигар, иқдоми ҳар нафар муриду мухлиси Наврӯз барои мулҳақ шудани афзудаҳое бар таҳқиқи ойинҳои наврӯзии тамоми мардумони форсизабон заминаҳоеро фароҳам хоҳад овард, то мо ба сӯи таҳия ва нашри бузургтарин китоби мондагори дар сарнавишти Наврӯзи Аҷам-«Донишномаи Наврӯз» дар ҳамкорӣ бо донишварону пажуҳишгарон, бостоншиносоне аз кишварҳои ҳамфарҳангу ҳамзабон ва ҳаммеросбарони мо дар ҳавзаи тамаддуни Наврӯз гомҳои устуворе битавонем гузорем. Баргузори ҳамоиши адибони кишварҳои ҳавзаи наврӯз, ки бо ибтикори бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомали Раҳмон дар Тоҷикистони азизи мо соли 2016 бо ҳузури адибон ва пажуҳишгарони мамолики меросбари Наврӯз нахустин бор сурат гирифт, баробари муаррифии Наврӯз ба унвони ҷашни ваҳдатоин, тамоюлҳои тозаеро дар шинохти бештари ягонагии фарҳанги Наврӯзи ҳамзабонон ва меросонбарони муштараки он, инчунин маърифати амиқтари суннатҳои ин ҷашни куҳан дар саросари марзҳои он руи роҳ хоҳад гузошт.Умедворем, ки марҳила ба марҳила, сол ба сол аз роҳи ваҳдатмақомии Наврӯз сурат ва сирати ин ҷашн ва ин падидаи нодири фарҳангӣ, ҷаҳонӣ ва умумимиллиро маърифат хоҳем намуд.
Нуралӣ Нурзод,
доктори илмҳои филология, профессор, директори
Институти илмӣ-таҳқиқотии илмҳои ҷомеашиносии
Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии
Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»