​БЕҲТАРИН МАКТАБИ МО ИСТИҚЛОЛ!

Сарзамини атласиву оҳариям,

Абҷади ишқам, дуруди ховариям,

Медиҳӣ дарси мақомоти дариям,

Тоҷикистон сабзмарзи гулсириштам,

Номаи хуршедмуҳри сарнавиштам!

Фарзона

Бале, имрӯз сарзамини атласиву гулбадомони мо бо обҳои мусаффояш, кӯҳҳои осмонбӯсаш, мардуми иттифоқу меҳмоннавозаш биҳишти анбарсириштеро мемонад, ки садои беғаши хандаҳои кӯдакон, навои шилдир-шилдири обҳои мусаффои диёр, хони пур аз нозу неъмати ҳар як хонаводаи тоҷик, макотиби пур аз дӯстрӯякони илм низ далели ин гуфтаҳо шуда метавонад.

Тавре мегӯянд, ҳеҷ ганҷе бидуни ранҷ ба даст намеояд. Баҳри ба ин рӯзҳои осоишта расидан ҳазорон ҳазор абармардони тоҷик ҷонбохтаву модарон бидуни фарзанд ва фарзандон аз меҳри волидайн бенасиб мондаанд. Маҳз Истиқлол буд, ки тавонист ба шоми тираи хонаводаи тоҷик нур ато намояд ва ба мардум калиди музаффариятҳову муваффақиятҳоро эҳдо намояд.

Дар яке аз суханрониҳои хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр доштаанд, ки «Беҳтарин ва бузургтарин дастоварди таърихи навини миллати куҳанбунёд ва соҳибфарҳанги тоҷик сулҳ ва истиқлолият аст. Вазифаи ҷониву виҷдонии ҳар кадоми мост, ки ин дастовардро чун гавҳари чашм ҳифз кунем ва шукронаи ин неъмати бузургро ба ҷо орем».

Дарвоқеъ, Истиқлолият маъно ва мазмуни мустақилият, озодӣ ва соҳибихтиёриро дорад. Озодӣ ва мустақилият бошад, барои ҳар як шахс, барои ҳар як кишвар дастоварди бебаҳост.

Сокинони Тоҷикистони азизу маҳбуб имрӯз ифтихор аз он доранд, ки сиву ду сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардидем.

Даврони истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи тоҷикистони азизу маҳбубамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем.

Пас аз як соли эълони Истиқлолият, аниқтараш моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба арсаи сиёсат шахсиятеро овард, ки дастовардҳои минбаъдаи кишвар ба номи ӯ алоқамандии ҳамаҷониба доранд. Аз рӯзи Сарвари давлат интихоб гардидани фарзанди барӯманди халқ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми фишангҳои ҳокимият тағйирот ворид гардид.

Бувад фархунда истиқлолат, эй дӯст,

Шавад пояндатар иқболат, эй дӯст.

Расидӣ бар муродат миллати ман,

Муборак, ин мубораксолат, эй дӯст!

Озармеҳр

Истиқлолият чун рамзи озодию ягонагӣ ба мо тамоми имкониятҳоро фароҳам оварда, он чун хуршеди дурахшон роҳи ояндаи моро нуру зиё бахшид ва баҳри амалӣ намудани ҳадафу мақсадҳои накӯ нерӯи тозаро эҳдо сохт. Маҳз бо пайки ин неъмати бебаҳо имрӯз кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ мешиносанду ба тамоми дастовард ва фарҳангу тамаддуни гузаштаи мо арҷ мегузоранд.

Имрӯз дар фазои Истиқлолият ва сулҳу субот кулли ҷомеа сарбаландона ҳаёт ба сар мебаранд. Аз оромию осудагӣ шоирон шеъри сулҳ мегӯянду мусаввирон расми муҳаббат ва садоқат тасвир менамоянд ва ҳунармандон суруди сулҳу ваҳдат месароянд. Куллии ҷомеаи меҳнатии кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷии факултети забонҳои хориҷӣ низ, аз меваҳои шаҳдбори боғи Истиқлол илҳом гирифта ба донишҷӯён дарси сулҳу садоқатмандӣ, ваҳдату ҳамдилиро меомӯзонанд ва эшонро дар роҳи ватандориву меҳанпарастӣ тарбия менамоянд. Пас, ҳамин аст Истиқлолият ва озодӣ.

Самараи неки истиқлол аст, ки имрўз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон - манбаи омўзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як қавми тоҷикмиллат аст.

Пас, мо - аҳли ҷомеа, дар якҷоягӣ бояд пеш аз ҳама, ба дарки амиқи самараҳои Истиқлолият сарфаҳм рафта, баҳри ҳифзу пойдорӣ, якпорчагӣ, сулҳу ваҳдат ва суботи кишвар фаъолияти худро ба роҳ монем, баҳри рушду инкишоф ва муаррифии ин сарзамин дар арсаи байналмилалӣ талош намоему таҳкимбахши Истиқлолият ва оромию осудагии кишвари хеш бошем.

Мо бояд аз ин миллати баруманд биболему барои боз ҳам шукуфоии он кушишу ғайрат намоем. Аз ин лиҳоз бо чунин орзуҳо гуфтаниям: Бигзор 35-солагии ҷашни муқаддаси Истиқлоли давлатӣ барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбию кӯшоишҳо оварад!

Ҷилваи парчами мо Истиқлол,

Фараҳи ҳар дами мо Истиқлол.

Мақсаду матлаби мо Истиқлол,

Беҳтарин мактаби мо Истиқлол!

Абдуллоева Меҳрангез,

котиб - коргузори кафедраи методикаи таълими забонҳои

хориҷии факултети забонҳои хориҷии Муассисаи давлатии таълимии

«Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ