ЗАБОНИ МОДАРӢ ВА НАҚШИ ОН ДАР РУШДИ ТАФАККУР ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ
(Ба ифтихори Рӯзи байналмилалии забони модарӣ)
Забон воситаи муҳимтарини алоқаи инсон буда, бо ҳаёт ва зиндагии соҳибони худ робитаи ногусастанӣ дорад. Вай ҳодисаи ҷамъиятӣ буда, дар асоси меҳнати якҷоя, баробари тафаккур, тараққӣ кардани шуур, пайдо шудани ҷамъият, маҳз барои алоқаи байни одамон ба вуҷуд омадааст ва бо мурури замон вай ба дараҷае расидааст, ки мо ҳоло дорои он мебошем. «Забон, - таълим медиҳад B.И. Ленин, - олоти муҳимми муносибати байни одамон аст». Махсусан, забон дар ҷамъият барои ба якдигар алоқаманд намудани корҳо, муносибатҳои гуногуни байниинсонӣ роли ниҳоят бузургро бозида, мавқеи барҷастаро ишғол менамояд. Ҳар гуна дигаргуниҳое, ки дар зиндагӣ ба вуҷуд меоянд, вобаста ба ин, дар забон ҳам таъсири худро мегузоранд. Яъне, тамоми ҳаёти иҷтимоӣ ба василаи забон мунъакис мегардад.
Яке аз нишонаҳои асосии миллат ин забони ӯст. Он на фақат ҳамчун воситаи баён, фикру андеша ва муоширати мардум аст, балки ҳувияти миллӣ ва бедории фикрӣ ба шумор рафта, дар ташаккули он нақши аввалиндараҷа дорад. «Забон дирӯз, имрӯз ва фардои халқ, шиносномаи (паспорти) миллат дар масири таърих буда ва ҳаст».
Забон ин симову пайкар, нишонаи асосии миллат аст. «...забон манбаи бисёр муътамад барои омӯзиши таърих ва фарҳангу тамаддуни мо мебошад. Дар он ақидаву мавқеи шахсӣ нақши муассире надорад. Вай таърихи холис, ростин ва маҳсули дастҷамъии миллат ва аломати хоси он буда, воқеияти ҳаёти ҷомеаро ҳамчунон ки ҳаст, бидуни ороишу ислоҳ инъикос мекунад».
Забони модарӣ лафзи бузург, ширину муқаддасест, ки барои ҳар як инсони комил баробари пайдо шудани ҷон дар бадан пайдо мешавад. Тифле, ки нав қадам ба олами мегузорад, ба аллаи модар, ки бо забони модарӣ сурат мегирад, ниёз дорад ва таҳти навои форами он худро озоду бофароғат ҳис мекунад, унс мегирад, интизорӣ мекашад, то ба ин лафзи поку муқаддас ҳарфе бишнавад ва сазовори навои баландмазмуни модари азиз гардад. Зеро он азиз аст, шево садо медиҳад ва аз лаҳни форамаш дилу дида, ҷону дил ором мегирад, зеро он лафзи модарист. Он дилчаспу гуворост, он маҳбубу қарин ва меҳрафзост.
Забони модариро ба кас, пеш аз ҳама, модар меомӯзонад, ки ба вуҷуд омадани ибораи «забони модарӣ» низ аз ҳамин ҷост. Тавре Эраҷ Мирзо менигорад:
Як ҳарф-ду ҳарф бар забонам,
Алфоз ниҳоду гуфтан омӯхт.
Инсон маҳз аз модар дар ҳаёташ аввалин ҳиҷо ва калимаро бори нахуст мешунавад ва талаффуз мекунад. Аввалин муаллими забони ҳар як шахс модари ӯст.
Барои ҳар миллат забони модариаш азизу муқаддас аст, зеро он муаррифгар, оинаи рӯзгор, фарҳанг, ҷаҳони маънавӣ, хираду маърифат, хулоса, ҳастию бақои вай мебошад. Нависандаи маъруфи рус Л.Н. Толстой дар хусуси омӯхтани забони модарӣ фикр ронда, навишта буд, ки забони модариашро маҳз тавассути модар дар хурдсолиаш омӯхтааст. Забоне, ки дар хурдсолӣ хуб омӯзонда ва ҳифз карда мешавад, пас, дар тамоми умр такмил меёбад.
Забони модарӣ муҳимтарин омилест дар роҳи маърифату илмомӯзӣ. Ҳар шахс аз овони кӯдакӣ забони модариро ҳиҷо ба ҳиҷо, калима ба калима, ибора ба ибора як-як аз худ мекунад, ки бо ин забономӯзиву ҷаҳонфаҳмӣ баробар оғоз шуда, бо ҳамбастагии якдигар давом меёбад. Ин аст фароҳам омадани асрори ҳастӣ, ки ба забони модарӣ вобастагӣ ва ба он такя дорад. Зеро забон ва тафаккур ҳамбастагии якдигаранд. «Забони модарӣ асоси шинохти моҳияти ҳастӣ буда, аз чунин шинохт тафаккури миллӣ қувват мегирад ва имконоти он пайваста такмил меёбад».
«Омӯхтани забони модарӣ кори бузург аст. Олитарин муваффақиятҳои одамизод, донишҳои ниҳоят чуқур ва ҳиссиёти шуълавар агар дар калимаҳо равшан ва айнан сурат наёбанд, барои одамон номаълум мемонанд», - навишта буд М.И. Калинин.
Забони модарӣ дар фарҳангу тамаддуни халқу миллатҳо, аз ҷумла тоҷикон, зербинои ҳувияти миллӣ ва омили аслии ҳифзи он мебошад. Мо имрӯз хушбахт аз онем, ки забони мо дорои таърихи куҳан ва ганҷинаи бебаҳост. Забони баландҳиммате, ки Саъдию Ҳофизи бузург, Синою Хайём, Бедилу Низомии зинатофарини ҳаёт, бо он ҳарф мегуфтанд. Забоне, ки Айниву Лоҳутӣ, Мирсаиду Турсунзода, Бозору Лоиқ номдораш гардонидаанд, ки имрӯз аз ҳастии бузургаш меболем.
Имрӯз ин забони муқаддасро чун забони бузурги тамаддуни башарӣ ҳамагон мешиносанд ва мехоҳанд онро биомӯзанд. Инро дидаву шунида, мо соҳибзабонон низ вазифадорем, ки забони бузурги модарамонро поку беолоиш нигоҳ дошта, дар тозагиву равонии он ҳамарӯза саҳмгузор бошем. Зеро фармудаанд:
Забони модарӣ фархунда доред,
Шумо, ки ворисони рӯзгоред.
Барои ҳар каломи поки модар,
Даруни синаҳо ҳайкал гузоред.
Мо, тоҷикзодагони асил, бо тамоми қувва ва заковати худ ҳамеша пайи он мекӯшем, ки забони миллати хешро пок, беолоиш ва пойдор нигоҳ дорем. Ба қадру манзалати он расида, намегузорем, ки эҳтироми ин забони бузург, лафзи поки модар коста бигардад. Пояндагии забони модарӣ ба мо, забондорон, вобастагӣ дорад. «Ҳар кӣ ба қадри забон нарасад, ба қадри ҳеҷ чиз ва ҳеҷ кас намерасад. Охир, забон модар аст, забон таърих аст, забон маданият аст, забон тақдир аст. Касе, ки забону маданияти миллати худро намедонад, шахси маданӣ буда наметавонад».
Дар ҳар давру замон забон ва маданияти ҳар як халқ дар заминаи миллии худ инкишоф ва тағйир меёбад ва забон ҳамчун як воситаи мубодилаи афкор боқӣ мемонад. Ба иборати дигар, ҳар миллате, ки пешрафтаву созанда аст, забони вай ҳам ҳамон андоза тавонову поянда мегардад. Аз ин рӯ, ба кори омӯзиш ва таълими забони модарӣ имрӯзҳо дар оила, боғчаву муассисаҳои таълимӣ ҳамчун як воситаи муҳимми асосҳои тарбияи хештаншиносӣ таваҷҷуҳи хосса дода мешавад.
Забони модарӣ дар иртибот бо забонҳои хориҷӣ омӯхта мешавад, адабиёт ва фарҳанги миллӣ баҳампайвандӣ бо адабиёту фарҳанги ҷаҳон, таърихи халқи худ бо таърихи халқҳои дигар мавриди омӯзиш қарор мегирад. Дуруст ва боиси тазаккур аст, ки имрӯз тамоми қишри ҷомеа бояд забонҳои хориҷиро дар ҳамбастагӣ бо забони модарӣ омӯзанду бидонанд, онро такмил диҳанд, қобилияте пайдо намуда, ба василаи он ба илму фарҳанги тамаддани ҷаҳонӣ роҳ ёбанд. Тамоми улуми инсонӣ, ҳатто таърихи Ислом, ҳамчунин, таърихи динҳои бузурги ҷаҳон, ахлоқ, фалсафа ва ғайра муҳассилинро ба паҳнои ҷаҳон мебарорад ва бо равандҳои таърихии он ошно месозад. «Забони модарӣ асоси таҳсилот ва фарҳанг, асоси ҳастии маънавии инсон аст. Забони модарӣ дар таҳсилот омили шумораи як аст. Забонҳои хориҷӣ омили ёвар ва кӯмакист». Ва дар ин раванд, боло ва ба дараҷаи олӣ мондани забони модарӣ арзишмандтарин моя аст. Ба қадри кофӣ донистани забони модарӣ омӯхтан ва аз худ намудани забонҳои дигарро осон мегардонад. Беҳуда нагуфтаанд:
Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад,
Омӯхтани сад забон осон гардад.
яке аз роҳҳои асосии ба вуҷуд овардани тафаккури миллӣ, таблиғи ҳамаҷонибаи унсурҳои ваҳдатсози миллат, аз ҷумла дар умқи тафаккури миллат ҷой додани худшиносии миллат бо роҳи эҳтиром гузоштан ба таърих, забон ва фарҳанги миллӣ мебошад.
Имрӯз пиру барно атрофи мафҳумҳои «худшиносӣ», «худогоҳӣ» ва «ҳувияти миллӣ» озодона ибрози андеша менамоянд, ки ин далели ташаккулёбии мафкураи соҳибватанӣ ва хештаншиносии халқи созандаи кишварамон арзёбӣ мегардад.
Худшиносии миллӣ аз рукнҳои асосиву калидӣ ба шумор рафта, дар мулоқотҳои хеш Пешвои миллат бо зиёиён ва аҳли ҷомеа таъкид намудаанд: «Худшиносии миллӣ ва ифтихори миллӣ ҳаргиз маънои онро надорад, ки мо худро ба дигар халқҳо муқобил гузорем, зеро ҳар халқ дар таърих мақому манзалати хос дошта, мувофиқи шароити ҷуғрофию таърихии хеш дар тамаддуни башарӣ саҳм гирифтааст».
Дар бақову ҳастии миллат ва забони мо сулолаи некноми Сомониён нақши бузургро мебозад. Ватанхоҳиву истиқлолталабии Сомониён сабаб гардид, ки забони мо (форсӣ, дарӣ, тоҷикӣ – Д.Б.) дар рӯзгори давлатдории онҳо қудрату тавоноӣ ва рушду такомули беназиру бесобиқа пайдо кард.
Забон ҳамчун як унсури ваҳдатсози миллӣ дар пойдории давлати миллӣ нақши муҳим дорад. Дар мустаҳкам кардани пояҳои мавҷудияти давлати тоҷикон дар арсаи ҷаҳон ба василаи таҳқиқи ҳамаҷонибаи унсурҳое, ки ба номи давлат, забон, миллат, сарзамин, ҳувияти миллӣ, худшиносии миллӣ, ваҳдати миллӣ тааллуқ доранд, аҳаммияти фавқулодаи давлативу сиёсӣ касб мекунад. Аз тарафи дигар барои баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мардум ва ба ин васила таҳкими худшиносии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва иртиқои ҳувияти миллии тоҷикон донистани таърихи воқеии миллат зарур аст, ки яке аз роҳҳои асосии ба вуҷуд овардани тафаккури миллӣ, таблиғи ҳамаҷонибаи унсурҳои ваҳдатсози миллат, аз ҷумла дар умқи тафаккури миллат ҷой додани худшиносии миллат бо роҳи эҳтиром гузоштан ба таърих, забон ва фарҳанги миллӣ мебошад.
Мулоҳизаҳои доманадори Эмомалӣ Раҳмон дар асарҳои алоҳидааш, суханрониҳояш ба мардум ва гуфтушунидҳояш бо сарварони мамолики мухталиф ҳамвора як ҷанбаи барои миллати мо ниҳоят муҳим равшан ба назар мерасад, ки он сиёсати пайгиронаи Пешвои миллат дар шеваи эҷоди ваҳдату амнияти миллӣ, рушди фарҳангу камоли худшиносӣ ва халалнопазирии бардавоми Тоҷикистон аст, ки гуфтаанд: «Фарде, ки аз сарчашмаи суханҳои аҷдодӣ ғизо намегирад, аз фарҳанги қадимаву ғановатманди гузаштагон баҳравар намегардад. Ба қадри забони шевои модарӣ, адабиёти чандинҳазорсола, таърихи бою пурифтихор ва Ватани тамаддунофари аҷдодӣ намерасад, чун дарахтест, ки аз решаи ҳаётбахш канда шудааст».
Набояд фаромӯш кард, ки забони модарии ҳар миллат сарчашма ва манбаи бақои он буда, меҳвари асосии илҳом ва таҳарруку ҷунбишҳои ҳунариву фарҳангӣ ва илмии равшангарони он мебошад. Далел ва санади қавитарини исботи зинда будани ҳар миллат зиндаву пойдор мондани забони модарии вай мебошад.
Дилбарҷон Бобоҷонова,
дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикии
Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии
Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»